Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

23.07.200809:12

Ноҳияи Айнӣ рӯ ба инкишоф аст

Ноҳияи Айнӣ рӯ ба инкишоф аст

(Мусоҳибаи хабарнигори АМИТ «Ховар» Дилшодаи Ҷонмард боРаиси ҳукумати ноҳияи Айнӣ Бобоҷонов Шодиқул Хоҷақулович)

МӯҳтарамШодиқул Хоҷақулович, нахуст мехостам дар бораи вазъи сиёсӣ,иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва варзишии ноҳия чанд сухан бигӯед?

- Вазъи сиёсии ноҳия, ҳимоя ва таъмини манфиатҳоидавлату миллат ҳамеша дар маркази диққатимақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва мардум қарор дошта, ҳамаи ин муваффақиятҳо самараи соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз мебошад. Аҳли заҳмати ноҳия дар пайвастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсадипешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагиихалқ, таъмини мунтазами рушди бахшҳои иқтисодӣ - иҷтимоӣ як қатор корҳои назаррасро анҷом додаанд.

Қисми даромади буҷети маҳаллӣдар нимсолаиякуми соли 2008 ба андозаи 120 фоиз иҷро гардида, 2 милиону 6 ҳазорсомонироташкил кард.Иҷроиқисми хароҷотибуҷетимаҳаллӣ бошад,дар ҳамин давра3 милиону 510 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки ин нисбат ба нақша 103фоиз зиёд мебошад.

Вақтҳои охир бо туфайли таваҷҷӯҳи доимиимақомотииҷроияиҳокимияти давлатии ноҳия, шӯъбаҳова воҳидҳои сохториионфаъолиятимуассисаҳои фарҳангӣ хеле тақвият ёфт. Самти асосии фаъолияти онҳоаз бисёр ҷиҳат ба он равона гардидааст, ки масъулиниҷамоатҳои шаҳраку деҳотто кадом андоза аз иҷрои вазифаҳои худ дар бахшитарбияи маънавиимеҳнаткашонбаромада метавонанд ва дар ин замина ба фаъолияти онҳороҳбарӣменамоянд. Аз ин рӯ, кӯшишимасъулини ҳар як марказҳои фарҳангӣ, клубу китобхонаҳо ба он нигаронида шудааст, ки онҳо ба маркази фаъол ва пурмазмуни бурдани корҳои идеологӣ табдил ёбанд ва дар вақти холигии худ аз донишу маҳорати меҳнаткашон дар самти инкишофи тарбияи ахлоқӣистифодабаранд.

Бо мақсади рушди варзиш ва дар ин замина беҳтар гардидани саломатии ҷавонон, пешгирӣ намудани рафторҳои номатлуб дар байни онҳо гузаронидани силсилаи чорабиниҳои варзишӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин даврамусобиқаҳои варзишӣ байни мактабаччагон ва ҳайатҳои меҳнатии ташкилотумуассисаҳогузаронида шуд. Инчунин, бахшида ба ҷашнҳои муҳими таҷлилгардида ва дигар чорабиниҳои дар пешистода мусобиқаҳоиварзишӣгузаронида шуданд.

  1. Фаъолияти марказҳои ҷавонон ва нақши онҳо дар пешрафти соҳаҳои мухталифи ноҳия чӣ гуна аст?

- Баҳри иҷроиҚонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва бо мақсадидар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳоифарҳангӣ - фароғатӣ дар ноҳиямарказҳоиҷавонӣ ташкил карда шудааст ва тибқинақшаҳои тартибдодашуда, корҳои ҷолибероба сомон расонида истодаанд. Нақши ҷавонондар пешрафтисоҳаҳои мухталифи ноҳия хело калон буда, шумораионҳо18450 нафар мебошад. Аз онҳо бекорон 610 нафар, шумораи кадрҳои роҳбарикунанда 10 нафар, аз рӯи маълумотнокӣ, дорои маълумоти олӣ 462 нафар, миёнаи махсус278 нафар, миёнаи техникӣ 462 нафарро ташкил медиҳанд.

  1. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар доираи муроҷиати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон кадом тадбирҳоро амалӣ намудааст?

- Муроҷиатномаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ дар байни сокинони ноҳия ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо намуда, аҳли заҳмати ноҳия тамоми имкониятҳоро мавриди истифода қарор дода, кӯшиш доранд, то як порча замин аз кишт берун намонад. Ҳоло ҳаҷмиистеҳсолимаҳсулоти хоҷагиихалқи ноҳия рӯ ба афзоишбуда, натиҷаҳои дилхоҳ дода истодааст. Дар ноҳия ба тамоми ҷанбаҳои ҳаётфишанги боэътимодӣ, созандагиву ободӣ, бунёдкориву пешравӣ баамал омада, дар рушду нумӯи соҳаҳо таъсири мусбаии худро расонд. Дар як муддати кӯтоҳ дар ноҳиявазъи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба эътидол омада, соҳаҳои саноат, сохмон, алоқа,энергетика, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, иҷтимоиёт ва ғайрабарқарор гардида, барои рушди онҳо шароиту имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд.

Дар ин давранақби «Истиқлол» ба кор шурӯъ намуд. Нақби Шаҳристон ва васеъ намудани роҳҳои Душанбе – Хуҷанд- Чаноқ идома дорад. Маҳз бо ибтикори сулҳу ваҳдат дар ноҳия беш аз 500 иншооти гуногун сохта ба истифода дода шуданд. Мактабҳои таҳсилоти умумии замонавӣдардеҳаҳоиИскодар, Дарғ, Похут, Дашти Сангистон, Утоғар, бинои шӯъбаи корҳои дохилӣ, кӯпруки мошингузари деҳаҳои Вешканд, Кум, биноҳои нуқтаҳои тиббӣ, таъмири мактабҳо, клубукитобхонаҳо , маҷмӯи хизматрасонии соҳаи савдо ва ғайра бешубҳа маҳсули Ваҳдати миллӣ мебошанд.

  1. Дар доираи Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ дар ноҳия иҷрои кадом корҳо ба нақша гирифта шудааст?

- Дар доираи Пайёми Сарвари давлат ба МаҷлисиОлии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣҷиҳати амалӣ намуданинишондодҳои Паёми Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ тақвият дода шуд.Ҳамаи масъулин вазифадор шуданд, ки дар мӯҳлати кӯтоҳ вобаста ба кишти зироати кишоварзӣ , ҷудо намудани майдонҳо барои кишти такрорӣ пешниҳоди мушаххас намоянд.

Дар ҳудуди ноҳияба заминистифодабарандагон 2867 гектар замини киштшаванда аз он 2762 гектар замини обӣ барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ вобаста шудаанд. Кишоварзони ноҳия нақшаи киштро таъмин намуда, дар майдони 763 гектар кишти тирамоҳӣ, 2241 гектар кишти баҳорӣ, 311 га. пахта, 1176 га. ғалладона , 361 га. картошка, 171 га сабзавот гузарониданд.

Лозим ба зикр аст, ки татбиқи амали нишондодҳои Паёми Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бахшҳои ободонию кабудизоркунӣ, беҳдошти соҳаҳои иқтисод, фарҳангу иҷтимоиёт низ ба сармашқи асосии фаъолияти сокинони ноҳия табдил хоҳад ёфт.

Дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидорӣчорвои калони шохдор,бузу гӯсфанд парвариш мешаванд. Нисбат ба соли гузаштаафзоиши гуштушир хело боло рафт, ҳамчунин сохтмонҳоинав аз ҳисоби маблағҳои хусусии соҳибкорон дар ноҳия ба тадриҷ пеш меравад.

  1. Яке аз омилҳои беҳтар сохтани вазъи зиндагии мардум риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба танзим даровардани ҷашну маърака ва маросимҳои мардумӣ ба шумор меравад. Дар бораи корҳои дар ин самт анҷом додаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сӯҳбат мекардед?

- Яке аз омилҳои беҳтар сохтанивазъи зиндагиимардум риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба танзим даровардани ҷашну маърака ва маросимҳои мардумӣ» ба шумор рафта, оид ба иҷрои Қонуни мазкуркорҳои муайяне ба иҷро расонида шудааст. Ин Қонун ҳамчун дастури амалӣ ва роҳнамои ҳуқуқӣбарои мардум ва тамоми ҳайати коммиссияҳоимаҳаллӣ , ки дар баргузории анъана ва ҷашну маросимҳо саҳм мегиранд, ба иҷро расидааст.

Айни ҳол дар 8 ҷамоати деҳот комиссияҳои доимӣ бо сарварии раисони ҷамоатҳо ва 8 нафар сармуттахасисон фаъолият доранд, инчунин дар ноҳия 115 комиссияҳои ҷамъиятӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳое, ки аз 30 нафар зиёд коргар доранд, фаъолият карда истодаанд. Оид ба танзим даровардани расму оин ва иҷрои Қонун дар ҳамаи ҷамоатҳои ноҳия аз тарафи аъзои комиссияҳои ноҳиявӣ бо мардумвохӯриҳо гузаронида шуда,моҳияти ин Қонун ҳаматарафа омӯзонида шуд.

Натиҷаи таъмини иҷроиҚонун буд, китеъдоди маъракаҳо нисбат ба солҳои пешқариб як баробар афзудааст, вале хароҷоти умумӣ наздикии 2, 5-3 баробар кам гардидааст.

  1. Таъмини аҳолӣ бо асали худӣ ва содир намудани ин навъи маҳсулот ба хориҷи кишвар аз барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар бораи бурду бохти соҳаҳои занбӯри асалпарварӣ дар ноҳия чанд сухан мегуфтед.

Дар масъалаи таъмини аҳолӣбо асали худӣва содир намудани ин навъи маҳсулотдар ноҳия барномаи махсустаҳия шуда, дар ин самткорҳои назаррас ба сомон расонида шуда истодааст.Дар соли 2007 истеҳсоли асалаз тарафи занбӯрлпарварон ба 11 тонна расонида шуд. Ҳоло дар ноҳия Ассосиатсияиасалпарварон бо номи«Шоҳрух»амал менамояд,ва оилаҳои занбӯри асал дар соли ҷорӣ 1750 оиларо ташкил медиҳад.

Аз тарафи «Амонатбонк»-и ноҳия ба 32 нафар оилаҳо барои ташкили асалпарварӣ қарзҳои имтиёзнок дода шуд. Дар хоҷагии деҳқонии Рарз аз тарафи соҳибкор Шокиров З.курсҳоикӯтоҳмуддати аслпарварӣ кушода шуд, ки якчанд нафар соҳиби касби ин соҳа гардиданд. Асалпарварӣ, асосан, дар деҳаҳои Ревад, Урметан, Мадм, Хайробод,Зеробод, Рарзва Шамтуч ташкил ва ривоҷ дода шудааст. Умуман, ин соҳа соҳаи даромаднок буда, аксари табақаҳои аҳолӣба ин соҳа машғул мсебошанд.

8.Тарбия ва ба воя расондани мутахассисон дар соҳаҳои гуногун аз дуруст ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ сарчашма мегирад. Вазъи мактабу маориф дар ноҳия чӣ гуна аст?

Тарбия ва ба воя расонидани мутахассисон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ аз дуруст ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣсарчашма мегирад. Ҳоло вазъи мактабу маориф рӯ ба пешравӣ ниҳодааст. Дар мактабҳои ноҳия оид ба натиҷаи баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, таъмини китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимию методӣ, тайёрии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил, зимистонгузаронӣ,истироҳати тобистонаи хонандагон, барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои меъморию ҳуқуқӣ, таъмин намудани мактабҳобо кадрҳои омузгорӣ, кор бо мутахассисони ҷавон,таъмиру тармими мактабҳо корҳои назаррас ба сомон расонида шуда истодааст.

Дар соли таҳсили 2007 – 2008 мактабҳои ноҳия ба 51 нафар кадрҳои ихтисосманд эҳтиёҷ дошт, ки дар замина корҳои назаррасе ба сомон расонида шуд. То ба имрӯз аз ҳисоби мутахассисони ҷавон 66 нафар, аз ҳисоби собиқ омӯзгорон 72 нафар ба кор қабул карда шудаанд.

Дар соли хониши 2007- 2008 таъмири 12 мактаб ба итмом расонида шуда,бо мизу курсиҳои замонавӣ таъмин гардиданд. Сохтмони бинои нави мактабҳо дар мавзеиДашти Ҳаштсар барои 160 нафар хонанда васохтмони бинои нотамоми мактаби деҳаи Похут барои 620 нафархонанда идома доранд.

Инчунин, дар соли равон 4 синфхонаи иловагӣ дар деҳаи Ғабируд, 4 синхона ба таври ҳашар дар деҳаи Марғзор сохта ба истифода дода шуд. Сохмони 4 синфхонаи иловагӣ барои 100 ҷои нишаст дар деҳаи Ёвон идома дорад. Вобаста ба таҳкими пешрафти кори соҳа ва амалӣ гардонидани ислоҳоти соҳаи маорифвазифаҳо бар ӯҳдаи кормандони шӯъбаи маориф, зиёиён ва аҳли педагогии муассисаҳои таълимӣ гузошта шудааст, ки ин ба болоравии сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ ҳаматарафамусоидат менамояд.

  1. Ҳифзи марзу буми ватан қарзи ҷонии ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ба шумор меравад. Вазъи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даркадом поя аст?

Ҳифзи марзу буми ватан қарзи ҷонии ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ба шумор рафта, дар ин замина дар ноҳия, ки як дидбонгоҳи сарҳадӣ қарор дорад, барои фароҳам овардани шароити хизмати марзбонон чораҳо андешида шуд. Соли 2007 сохтмони дидбонгоҳи сарҳадии мавзеи «Исрофилобод», ба охир расонида шуда, корҳои ободонӣ ва таҷҳизонидани дидбонгоҳ давом дошта, майдончаҳои варзишӣ сохта шуда , дар натиҷаи фароҳам омадани шароити мусоид дидбонгоҳи сарҳадии мавзеи «Искодар» моҳи июни соли 2007 бамавзеи «Исрофилобод» кӯчонида шуд.

Вазъи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар ноҳия хуб ба роҳ монда шуда, баҳри сари вақт анҷом додани даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Артиши миллӣ чораҳои зарурӣ андешида шуд.

Нақшаи пешбининамудаи комисарияти ҳарбии вилояти Суғд ба назар гирифта шуда, иҷрои онсари вақт таъмин карда шуд. Инчунин қисми зиёди ҷавонписарони даъватшуда ихтиёран ба хизмати ватан рафтаанд.

  1. Омодагӣ ба фасли зимистон дар кадом сатҳ қарор дорад?

Ба хотири хуб ба роҳ мондани замистонгузаронии солҳои 2008 –

2009 ва омода будани ташкилоту муассисаҳо ва хоҷагиҳои ноҳия,ситоди ноҳиявӣтаҳти сарварии раиси ноҳия таъсис дода шудааст. Аз ҷараёни тайёрӣ ба замистонгузаронӣҳар ҳафта ҳисоботи роҳбарониташкилоту муассисаҳо ва аъзои ситод шунида мешавад, ки натиҷаи дилхоҳ дода истодаанд.

Барои таъмини муассисаҳои буҷетӣ, ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳо ва аҳолӣ бо ангишт ва ҳезум, Корхонаи воҳиди давлатии кони ангишти«Фон-Яғноб» ва хоҷагии ҷангали ноҳия тамоми чораҳоро андешида истодаанд. Инчунин, фурӯши гази моеъ ва ангиштсанг дар ҳудуди ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба нақша гирифта шудааст.

Ташаккур барои сухбат.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

08.1217:44Интересные факты о Таджикистане
08.1216:25“Мамочка, я очень-очень люблю тебя!”
08.1215:43Таджикская принцесса оправдалась за свадебное платье в 40 миллионов рублей
08.1215:15Президент Узбекистана предложил сделать должность глав администраций выборной
08.1215:14Таджикских предпринимателей заставят ставить новые кассовые аппараты


Самое обсуждаемое

07.1207:59Власти Таджикистана планируют в два раза сократить уровень бедности(6)
05.1211:34Таджикистан перейдет на 12-летнее образование в 2020 году(6)
07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию(2)
07.1216:01Как Душанбе сделать туристической столицей? Голосуйте!(1)
08.1214:51В министерстве культуры обсужден вопрос о переносе памятника Абуали Сино(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312544