Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

23.07.200814:12

Пешравихо дар соҳаи энергетика ва саноат

Душанбе, 23 июл (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- 22 июл дар вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони васоити ахбори оммавӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар он вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурӣ Гул Шералӣ дар бораи натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар давоми шаш моҳи гузашта маълумот дод. Вай зикр кард, ки корхонаю муассисаҳои соҳаҳои энергетика ва саноати ҶТ фаъолияташонро баҳри қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумхӯрӣ равона карданд.

Дар давоми шаш моҳи гузашта дар ҷумҳурӣ 6  581 миллион кВт соат қувваи барқ, 683 ҳазор гекакалория гармӣ , 12 750 тонна нафт, 8,4 миллион метри мукааб газ, 43,0 ҳазор тонна ангишт истеҳсол карда шуд. Маблағи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 2743,8 миллион сомониро ташкил дод.

Аз 768 корхона 421 корхона (54,8%) нисбати ба ҳамин давраи соли 2007 бештар маҳсулот баровард.

Давр ин давра ҳаҷми истихроҷи нафту газ 109,6%, коркарди нафт 113,2%, истихроҷи ангишт 150,4 %, саноати маъданӣ кӯҳи, 101,5%, мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия 122,7%, саноати сабук ва маҳаллӣ 116,9%, саноати хӯрокворӣ 130%, истеҳсоли масолеҳи сохтмон 174,5%-ро ташкил дод.

Дар ҳамин давра аз ҷониби корхонаҳои системаи вазорат ба ҷумҳурӣ 296 миллион метри мукааб гази табиӣ ва 16235 тонна гази моеъ ворид карда шуд. Талафоти гази табиӣ 41миллион метрии мукааб ё 15%, захираи гази моеъ 431,2 тонна ва ангишт (бо назардошти бақияи соли гузашта) 33,4 ҳазор тоннаро ташкил дод.

Маблағи умумии музди меҳнат дар системаи вазорат дар давраи ҳисоботӣ32миллиону 103 ҳазор сомониро ташкил дод, қайд кард дар хотима Г.Шералӣ.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

18.1014:40В Таджикистане поставили на учет всех геев и лесбиянок
18.1013:42Кадыров: Мне трудно понять людей, которые не побывали в Самарканде и Бухаре
18.1013:05«Необдуманное заявление народ поймет неправильно». Экс-глава Нацбанка о призыве лидера Демпартии об отставке нынешнего главы НБТ
18.1012:21В Таджикистане всех заемщиков банков возьмут под контроль
18.1011:24На рынке в Узбекистане над женщиной устроили самосуд


Самое обсуждаемое

16.1016:46Из парка имени Айни тайно убрали прах известных людей(3)
16.1016:10«Ночные волки» приехали в Душанбе(2)
17.1016:12Власти отказываются комментировать вопрос перезахоронения известных личностей(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156263