Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

23.07.200815:12

Сафари Президент бадахшониёнро рӯҳбаланд кард

Душанбе, 23 июл. (АМИТ «Ховар», Бурҳониддин Каримзода).-Сокинони вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз сафари кории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон хеле хушҳолу рӯҳбаланд шуданд. Зимни сӯҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» сокинони ноҳияи Дарвоз, собиқадори ҷангу меҳнат чунин ибрози назар карданд.

             Солеҳов Додихудо, иштирокчии

             Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 85 сола:

-Ман дар ҷанги мудҳиштарин, ки ба сари инсоният омада буд, иштирок доштам, сахтиҳои зиёдеро аз сар гузаронидам. Баъд аз ҷанг дар барқарорсозии диёр заҳмат кашидем. Дар он солҳо зиндагии мардумикӯҳистони мо мушкилтар, рафту омад ба марказ ва шаҳрҳои калон душвор буд.Имрӯз,Шукри Худо, ба шарофати сулҳу истиқлол зиндагӣ хеле беҳ шудааст. Ин Президенти мо чунон одами ѓамхор аст, ки ман ягонбор чунин роҳбарро надида будам. Ҳоло дар ноҳия мо 16 нафар ишгтирокчии ҶБВ мондаем. Ҳамешааз ҷониби Президенти мӯҳтарам ва роҳбарони ноҳия бароямон кӯмак мерасад. Чанд рӯз пеш вақте, ки Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ванҷ омад ман ҳам кӯшиш намудам ҳатман ба вохӯрии ин ҷавонмарди ватандӯст ва ѓамхор биравам, зеро ҳамеша баромадҳояшро тавассути телевизор мешунавам, бисёр хубу самимонагап мезанад. Аз вохӯрӣ ва аз наздик дидани симои Президент хушҳол шудам.

Ҳакимов Файзалӣ- сокини деҳаи Зинг, 68 сола

-Ман 50 сол ронанда шуда кор кардам. Албатта, шумо медонед, ки дар шароити кӯҳистони мо нақлиёт чӣ қадар аҳамияти калон дорад. Бо роҳҳои мушкили кӯҳистон бисёр сафар кардам. Дар замони Шӯравӣ борҳо ба ин минтақаҳои мо муҳандисону роҳсозони рус, баъдан гурҷиҳо омаданд, гуфтанд аз Кӯлоб то Дарвоз роҳ мекушоем. Валеҳеҷ кадоми онҳо ин корро карда натавонистанд. Танҳо Президенти худамон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин корро кард, зеро худ аз ҳоли мардум бохабар, ѓамхори ин марзу бум ва сокинони диёр аст. Тавассути телевизион ҳам ҳамеша суханрониҳояшро гӯш мекунам. Бисёр дилсӯзона ва андешамандона ҳарф мезанад. Агар ҳамаи вазирону роҳбарони идораву ташкилотҳо масъулияти баландро ҳис кардаю гуфтаҳои Сарвари давлатро сари вақт ва хуб иҷро намоянд, Тоҷикистони азизамон боз ҳам ободу зебо мешавад

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

05.1220:22Чего ожидает Душанбе от нового лидера Узбекистана?
05.1219:14Путин озадачил правительство законом об адаптации мигрантов
05.1216:04Заветная мечта паренька из глубинки. ВИДЕО
05.1216:01Эмомали Рахмон и Шавкат Мирзиёев обсудили перспективы таджикско-узбекских отношений
05.1215:30Какова же реальная длина Великой Китайской стены?


Самое обсуждаемое

05.1211:34Таджикистан перейдет на 12-летнее образование в 2020 году(1)
05.1211:31Китайская энергетическая строительная корпорация заинтересована в сотрудничестве с Таджикистаном(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156250