Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

23.07.200816:12

«Тоҷик Эйр» ба тайёр намудани мутахассиони соҳаи ҳавонавардӣ аҳамияти калон медиҳад

Душанбе, 23 июл. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар нимаи соли равон дар бозориҳамлу нақли ҳавоии Тоҷикистон 25 ширкат, аз ҷумла 2 ширкати ҳавоӣ аз Тоҷикистон, 16 ширкат аз Русия,3 ширкат аз Қазоқистон ва Қирғизистон ва 4 ширкат аз кишварҳои Чин, Эрон, Туркия ва Афғонистон фаъолият карданд, гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон муовини аввали директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» Фирӯз Ҳамроев.

Мавсуф зикр кард, ки роҳбарияти корхона диққати асосиро ба омода сохтанимутахассисон барои ҳавопаймоҳоисохти ғарбииБоинг 737-200 ва 757-200 равона карда, бо ин мақсад аз захираҳои дохилӣ 808,5 ҳазор сомонӣ сарф намуд.

Инчунин, дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилбарои кор дар ҳавопаймои Боинг 757-200 4 сарнишин ва 27 роҳбалад таҷриба омӯхтанд. Барои ҳавопаймоҳои зикршуда, 27 нафар кормандони муҳандисию техникӣ ва хизматрасонии фаврӣ омода карда шуданд.

Назар ба иттилои Ф. Ҳамроев, алҳол дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 2 гурӯҳи сарнишинони КВДҲ«Тоҷик Эйр» маҳорати худро такмил медиҳанд ва гурӯҳи дигар ба парвоз омодагӣ мебинад. Дар мавриди омода намудани16 сарнишин, 24 кормандитехникӣ ва 2 раҳбаладбо як ширкати Чин шартнома имзо шуд. Барои кор дар ҳавопаймои Боинг 737-200 ду гурӯҳ пурра тайёр карда шуд ва ҳоло мустақилона парвоз мекунанд, гуфт Ф. Ҳамроев.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

19.0219:20Российский пенсионер порезал трех мигрантов в Германии(1)
19.0214:49У Службы связи из сейфа утащили почти 150 тысяч
19.0214:14В Вахше вывесили флаги ИГ. Произведены задержания
19.0214:06В Вахше ищут тех, кто водрузил на крышах домов черные флаги ИГ(1)
19.0212:27На страховом рынке Таджикистана появилась еще одна страховая компания


Самое обсуждаемое

19.0219:20Российский пенсионер порезал трех мигрантов в Германии(1)
19.0214:06В Вахше ищут тех, кто водрузил на крышах домов черные флаги ИГ(1)
19.0212:15Президент Таджикистана посетит с официальным визитом Казахстан(1)



(C) 2001-2018 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0468733