Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

24.07.200816:12

Қонуншиканиҳо ошкор карда шуданд

Душанбе,24 июл. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи алоқа ва иттилооти назди Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимаи аввали соли ҷорӣ дарҶамъияти саҳомии кушодаи «Телерадиоком”, Ҷамъиятҳои саҳомии пӯшидаи “Вавилон-М”, «Телепорт-Д», «ТТ-Мобайл», «Компюворлд», Ҷамъиятҳои дорои масъулияташ маҳуди «Телеком Инк», «Евразия Линк», ташкилоти ғайридавлатии «Дисковери Глобал» ва соҳибкорони инфиродӣБ. Мӯсоев , Ш. Авезов, С. Муҳиддиноватибқи нақша 12 санҷиш гузаронида, санадҳо ва қарорҳои дахлдорро таҳия намуданд.

Тавре аз Хадамоти мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, санҷиши гузаронидашуда дар ҶСК «Телерадиоком» муайян кард, ки ҷамъияти мазкур дар солҳои 2005-2007 ба таври ғайриқонунӣ 469 дастгоҳи фиристандаи мавҷи телевизионӣ ва радиоиро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудааст. Дар давоми солҳои 2005-2007шумораи дастгоҳҳои ғайриқонунӣ насбшуда дар ин ширкат 252 ададро ташкил медиҳанд.

Инчунин, муайян карда шуд, ки Ҷамъиятисаҳомии пӯшидаи «Вавилон-М» соли 2006 таҷҳизоти хатҳои радиорелеиро бе иҷозати махсуси хадамот ворид намуда, танҳо баъди ворид сохтани таҷҳизоти мазкур иҷозатнома гирифта аст. Инчунин, Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Вавилон-М» дар соли 2007 баъд аз ба итмом расидани мӯҳлати иҷозатномаитаҷҳизоти «SAF Tehnika», 5 ҳазор телефони мобилии «WSDMA Handest» - ро ба маблағи512 000 доллари ИМА ва таҷҳизоти стандарти GSM ва UMTS –ро аз хориҷа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудааст.

Санҷиш муайян намуд, ки Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Вавилон-М» 89 ҷараёни Е1–ро ғайриқонуни истифода мебарад. Ҳамчунин, дар натиҷаи гузаронидани санҷиш муайян шуд, ки Ҷамъияти саҳомиии пӯшидаи «Вавилон-М» ғайриқонунӣ бе иҷозатномаи дахлдор аз усули хизматрасонии мустақими телефонӣтавассути шабакаи операторон истифода мебарад.

Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Компюворлд» бошад, бе иҷозатномаи дахлдор шабакаи заминии моҳворавии алоқаро дар зарфи соли ҷорӣ истифода бурдааст. Корхона барои истифодабарии воситаи радиоэлектронӣ ва басомадҳои ба вай тааллуқдошта иҷозатнома гирифта нагирифтааст.

Дар ҳамин асос 14 апрели соли 2008 барои ҳуқуқвайронкунии маъмури тибқи кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ҷамъияти саҳомӣ ба маблағи 1200 сомонӣ ҷарима андохта шуд. Дар ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Сатурн Онлайн» барои ба роҳ мондани фаъолияти алоқаи телефонии байналхалқӣ иҷозатнома гирифта, то давраи гузаронидани санҷиш фаъолияти худро сар накардааст. Бо вуҷуди ин азрӯзи гирифтани иҷозатнома инҷониб ҳисоботи молиявию оморӣ пешниҳод карда шудааст, ки санади мазкур барои муҳокима ба комисияи иҷозатномадиҳӣ пешниҳод карда шуд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

27.0219:44Военные российской базы будут охранять таджико-афганскую границу
27.0217:37Совместное заявление президентов Таджикистана и России(1)
27.0217:34Таджикистан и Россия подписали 6 новых документов о сотрудничестве
27.0217:24Путин: Россия - за рост поставок фруктов и овощей из Таджикистана
27.0216:50Президент России вручил лидеру Таджикистана орден Александра Невского (фото)


Самое обсуждаемое

24.0207:00Ташкент объяснил – почему отказался принять рейс из Душанбе(7)
25.0211:12Школ мало, детей много: дальше тотальная безграмотность?(3)
27.0213:28Первый авиарейс по маршруту Ташкент-Душанбе состоится в апреле(3)
25.0211:55Страдающий от лавин Таджикистан получил 40 тонн гумпомощи из России(2)
27.0217:37Совместное заявление президентов Таджикистана и России(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156369