Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

24.07.200815:13

Ҷамбасти натиҷаҳои сохтмончиён

             Душанбе, 24 июл. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). -Дар Агентии сохтмон ва меъморииназди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣдоир гардид. Дар он муовини аввали директори агентӣ Мирзоҳисайн Султонов дар бораи бурду бохти агентӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ва нақшаву вазифаҳои он дар нимсолаи дуюм маълумот дод.

Мавсуф аз ҷумла, зикр намуд, ки дар давоми нимсолаи аввал ҳаҷмикорҳои иҷрошуда дар пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ ваҷустуҷӯию тадқиқотӣбеш аз 3,7 миллион сомониро ташкил дод , ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2007-ум 1,3 миллион сомонӣ бештар аст.

Мутахассисони агентӣ дар ин муддат лоиҳаи бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинои истиқоматии 5-ошёнаи ҳозиразамон дар шаҳри Турсунзода, мактаб барои 624 талаба дар деҳаи Навдеҳи ноҳияи Рашт, мактаб барои 624 хонанда дар шаҳри Кӯлоб, Боғи истироҳатии «Пойтахт-80», бинои истиқоматӣ дар кӯчаи Назаршоеви шаҳри Душанбе, ду бинои истиқоматӣ дар кӯчаи Спортивнаяи, таъмири театри ба номи М.Назаров дар шари Хоруғ, донишгоҳ ва хонаи истиқоматӣ барои омӯзгорон дар ноҳияи Данғара, Кохи Чавонон дар шаҳри Хоруғ, Китобхонаи миллӣ дар шаҳри Душанбе, биноҳои истиқоматии 5-ошёнаи 50 ҳуҷрадор дар шаҳри Қурғонтеппа ва ғайраро таҳия намуданд.

Дар охир,намояндагони воситаҳои ахбори оммавии дохиливу хориҷӣ ба суолҳои сершумори худ аз масъулини агентӣҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

21.0117:18Зоиров: "Оставить Шухрата Кудратова в тюрьме - должностное преступление"
21.0112:39Трамп подписал указ об отмене Obamacare
21.0111:48Следствие смягчило обвинения фигурантам бойни на Хованском кладбище
21.0111:32«Самые честные налогоплательщики в Таджикистане – китайцы»


Самое обсуждаемое

18.0106:31Рустам Эмомали будет управить столицей из Дворца президента(8)
16.0110:42Ректор ХГУ: Мы надеемся на восстановление связей с вузами Узбекистана(8)
19.0117:1345% россиян недовольны положением дел в стране(2)
20.0112:16«Памир Энерджи» не стала вводить дополнительный энерголимит в ГБАО(1)
21.0107:32Мемориал Гранаткина: «Молодежка» Таджикистана заняла «утешительное» 15-е место(1)
21.0109:30По делу ДТП с участием сына вице-премьера проведено несколько экспертиз(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156228