Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы



Аренда биотуалетов
Аренда туалетных кабин

Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

24.07.200815:12

Чашмандоз

              Шарҳи матбуот

              Панҷшанбе, 24 июл. АМИТ «Ховар»

              Бурҳониддин Каримзода

Сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бавилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, таҷлили Рӯзи забони тоҷикӣ аз ҷумлаи мавзӯҳои асосии матбуоти ин ҳафта мебошад.

Матни пурраи суханрониҳои Президенти мамлакатро дар шаҳру ноҳияҳои ВАБК аз рӯзномаҳои «Ҷумҳурият» ва «Садои мардум»пайдо мекунед. «Ман самимияту меҳрубонии шуморо эҳсос мекунам», « Корҳои созандагӣ дар Рӯшон вусъат меёбанд», «Бадахшон ба дарвозаи тиллоии кишвар табдил мегардад», «Ҳадаф- таъмини рушди устувори ҳамаи соҳаҳои Бадахшон» ин сарлавҳаҳо худ бозгӯи аҳамияти сафари Президент аст.

Гузориши муфассалро доир ба сафари Эмомалӣ Раҳмон баБадахшонро «Ҷавонони Тоҷикистон» дар саҳифаи аввал зери унвони «Бадахшон зеботар хоҳад шуд» ба нашр расондааст. Ин мазӯъро қариб ҳамаи дигар нашрияҳои давлатию ѓайридавлатӣ инъикос намудаанд.

«Таҷлили Рӯзи забон дар сатҳи олӣ»- хабар додааст рӯзномаи «Ҷумҳурият», -«22 июл дар толори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ба муносибати таҷлили Рӯзи забони тоҷикӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гашт, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ кард». Матни суханронии Президентро рӯзнома зери унвони «Ба забони модарӣ чун ба модар арҷ гузорем» чоп кардааст.

«Қаламкаш масъулияти азим нисбат ба забони модарӣ дорад ва як ѓалати ӯ метавонад ба ҳазорон нафар асар гузорад»- ин таъкиди Сарвари давлатро ҳафтаномаи «Омӯзгор» дар боловарақи нашрия ҷой додааст. Аз ин нашрияшеъри Шоири Халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ѓоиб «Эй лафзи модарӣ» ва матолиби ҷолибро бахшида ба Рӯзи забон дар саҳифаҳои махсус пайдо мекунед. Ҳамзамон вобаста ба овозаҳо дар мавридияк моҳ пеш ѓоз шудани дарсҳо дар мактабҳо «Омӯзгор» хабар додааст, ки «1 август дарс нест…овозаи мазкур асоси воқеӣ надорад»

«Мо бояд ин забонро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт карда, аз таъсири тахрибкунандагонизабонҳои дигар, тақлиди зараровари талаффузҳои сунъии калимаҳо ва ҷумлаҳо аз ҷониби баъзе наттоқону ровиёни тасодуфӣ ҳифз кунем... Имрӯз давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро беш аз сад давлати ҷаҳон ба расмиятмешиносад. Ин чунин маъно дорад, ки ҷаҳон забони давлатии моро низ якҷоя бо давлатдории мо ба расмият шинохтааст» - Ин ва дигар нуктаҳои асосии суханронии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро дарҷаласаи бахшида ба рӯзи забон, ҳафтаномаи «Озодагон» дар саҳифаи аввал ҷой додааст, ки дастурамалест барои ҳифзу нигоҳдории ин забони шево. Чунин маводро аз «Чархи гардун» ҳам пайдо хоҳед кард.

Нашрияҳо ҳамчунин менависанд:

«Агарна танҳо кодекс, чанд ҳуҷҷати дигар қабул карда шавад ҳам, гумон мекунам, барои пешравии журналистикаи тоҷик чандон мусоидат намекунад. Агар мо хоҳем, ки барои рушди журналистика коре кунем, бояд касбияти журналистро баланд бардорем»,- Акбари Саттор, «Ҷавонони Тоҷикистон»

«Маҳмадсаид Убайдуллоев рафти омодагӣ ба зимистонро зери назорати қатъӣ гирифтааст»- «Вечерный Душанбе»

«Меъёриистифодаи барқ дар Тоҷикистон пас аз 9 сентябр ҷорӣ мегардад»,- «Чархи гардун»

«Тайи шаш моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон беморони СПИД 182 нафар зиёд шуданд ва шумораи умумии онҳо то моҳи июл ба 1 ҳазору 231 нафар расидааст»,- «Чархи гардун»

«Дар ним сол аз нақшаи тасдиқшуда қариб 59, 1 миллион сомонӣ зиёд ба хазинаи давлат маблаѓҳои андоз ворид карданд»,- «Боҷу хироҷ»

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

26.0620:33Эмомали Рахмон: «Гражданская война была навязана внешними силами»
26.0612:13Более 120 человек сгорели заживо при взрыве бензовоза в Пакистане (видео +18)
26.0611:06В Таджикистан отгружена первая партия автомобилей JAC казахстанской сборки
26.0609:06Таджикистан отмечает Ид аль-Фитр. ВИДЕО
25.0615:26Тысячи мусульман в России участвовали в праздничном намазе. 2 ВИДЕО


Самое обсуждаемое

24.0613:47Путин рассказал о связи своей работы в КГБ с нелегальной разведкой(2)
24.0613:10Сотрудники аэропорта Душанбе сделали подарок жителям столицы(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312533