Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

24.07.200815:13

Нақшаи ҷамъоварии андоз барзиёд иҷро мешавад

Душанбе, 24 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). - Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2008 нақшаи ҷамоварии андозҳо ва пардохтҳои дигарро 115,4 фоиз таъмин намуда, ба ҷойи 727,4 миллион сомонии пешбинишуда ба буҷаи ҷумҳурӣ 840,2 миллион соммонӣ ворид кард. Ин нуқтаро зимни нишасти матбуотӣ раиси кумитаи мазкур Ҳаким Солиев 24 июл ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Вай гуфт, ки дар давраи ҳисоботӣ иҷрои нақшаи 4 намуди андоз, аз ҷумла андози истифодабарандагони қаъри замин – 79,2 фоиз, андози ягона – 96 фоиз, боҷи давлатӣ - 87,6 фоиз ва андози фурӯши чакана – 98,7 фоиз иҷро гардид, ки дар натиҷа ба буҷет 5491,4 ҳазор сомонӣ ворид нагардид.

«Бақияи қарзи андоз ва пардохтҳо то 1 июли соли 2008-ум 418,7 миллион сомониро ташкил намуда, нисбат ба аввали ҳамин сол ба андозаи 32,2 миллион сомонӣ афзуд», - идома дод Ҳ. Солиев.

Кормандони мақомоти андоз аз авали сол фаъолияти 2419 андозсупорандагонро дар бобати риояи қонунгузории андоз тафтиш карда, дар натиҷаи онҳо 28,6 миллион сомонӣ кам ҳисоб кардани андозҳо ва пинҳонкунии андозро ошкор намуданд. Аз маблағи умумии ошкоргардида 11,3 миллион сомонӣ рӯёнида, ба буҷет ворид карда шуд, ки ин ба 39,6 фоиз баробар аст.

Дар фарҷом Ҳаким Солиев ва роҳбарони раёсату шӯъбаҳои кумита ба саволҳои хабарнигорон посухҳои мушаххас доданд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

29.0515:00Даешь таджикское гражданство?! Нет, не даешь…
29.0514:44В Таджикистане все еще кто-то верит банкам
29.0514:17На Нурекскую ГЭС доставили мощный трансформатор из Турции
29.0513:57Шавкат Мирзиёев поедет в США и встретится с Трампом
29.0513:47Rolls-Royce представил самый дорогой новый автомобиль в мире


Самое обсуждаемое

27.0509:37Атлантисты продолжают «играть» в войну(4)
27.0513:29Путин обсудил Сирию и экономическое сотрудничество с президентом Ирана(3)
27.0517:45Рамазан: где провести ифтор в Душанбе(2)
29.0509:56Национальная стратегия развития РТ до 2030 года состыкуется с китайской инициативой «Один пояс, один путь»(1)
27.0509:29Саудовская Аравия предоставила Таджикистану 50 тонн хурмы(1)
29.0507:18Комроншох Устопириён – двукратный чемпион Азии(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156231