Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

24.07.200816:12

Нақшаи хариду фурӯши чаканаи мол барзиёд иҷро шуд

Душанбе, 24 июл. (АМИТ «Ховар», Ҳамзалӣ Бегматов). -Раиси Иттифоқи “Тоҷикматлубот” Сироҷуддин Валиев дар ҷараёни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки дар давоми шаш моҳи гузаштаи соли равон дар системаи “Тоҷикматлубот” 2668 мағоза ва 677 муассисаи хӯроки умумӣ ба аҳолӣ хизмат расонд. Дар ин давра нақшаи муомилоти чаканаи мол 45,3 миллион сомониро ташкил намуд, ки ба 106,5 фоиз баробар буда, нисбати соли 2007-ум 12,4 миллион сомонӣ зиёд аст. Аз ҷумла, нақшаи муомилоти моли муассисаҳои хӯроки умумӣ 108,5 фоиз иҷро гардид.

Ӯ афзуд, ки то имрӯз кишти зироат дар майдони 137,6 гектар замини обӣ, аз ҷумла сабзавот дар майдони 6 гектар, ҷуворимакка барои дон дар 34,5 гектар, мош дар 9,5 гектар, лӯбиё дар 15 гектар, зироатҳои полезӣ дар 3 гектар ва зироатҳои хӯроки чорво дар 69,2 гектар анҷом дода шуд.

Дар давоми шаш моҳ миқдори оилаи занбӯри асал ба 936 оила расонида шуд, ки нисбати семоҳаи аввали соли ҷорӣ 83 оила зиёд мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки ҳаҷми хариди маҳсулоти кишоварзӣ ба 32,7 миллион сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2007-ум 11 миллион сомонӣ, аз ҷумла сабзавот 7380 тонна, картошка 3666,4 тонна, гӯшт 1137,5 тонна, маҳсуллоти ғалладона 3925 тонна ва тухм 168 ҳазор дона зиёд мебошад. Дар фабрикаҳои мурғпарварии ҷумҳурӣ 87 ҳазор дона тухм ба даст оварда шуд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

20.0112:45Глава МВД Таджикистана обвинил милицию в слабой работе с населением
20.0111:59В Душанбе проходит операция «Зачистка»
20.0111:12Главные торжества в честь Навруза пройдут в Душанбе и Турсунзаде
20.0110:40Глава Налогового комитета: оштрафован не только Tcell, но и другие операторы
20.0110:10Новая первая леди США: Золушка или жена напоказ?


Самое обсуждаемое

18.0106:31Рустам Эмомали будет управить столицей из Дворца президента(8)
18.0115:40Сказ о том, как после таджикского суда я непатриотом и нетаджиком стал(8)
16.0110:42Ректор ХГУ: Мы надеемся на восстановление связей с вузами Узбекистана(8)
18.0112:16У женщин нет души — утверждают ханжи(2)
19.0121:33Таджикистан ищет альтернативные маршруты для трудовой миграции(1)
19.0117:1345% россиян недовольны положением дел в стране(1)
19.0109:59В Таджикистане погиб начальник Генштаба(1)
19.0115:46В Душанбе увековечили память Сухроба Шарипова(1)
19.0109:40Новый глава Минздрава - о проблемах таджикской медицины(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156263