Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

24.07.200815:12

Таъиноти судҳо иҷро мешаванд

Душанбе, 24 июл. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Иҷрочиёни Суди олии иқтисодии ҷумҳурӣ, судҳои ҳарбӣ, судҳои иқтисодӣ ва судҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки ба Вазорати адлия тобеанд, дар нимаи аввали соли ҷорӣ 8 532 ҳукми судро иҷро накарданд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ хабар доданд.

Дар нимсолаи авали соли 2008 ба Вазорати адлия 11499 варақаи иҷрои судҳо ворид гардид, ки аз онҳо 11043 варақа ба иҷро расонида, 8988 варақа иҷро нашуд ва 838 варақаи дигар баъди гузаштани мӯҳлати муқараргардида иҷро шуд.

Вазорати адлия ва раёсатҳои он дар вилоятҳо 177 ташкилоти ҷамъиятӣ, 1 406 симои ҳуқуқӣ ва 6316 шартномаи гаравро ба қайди давлатӣ гирифтанд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки ба маркази ҷумҳуриявии санҷишҳои судӣ ва криминалистӣ дар ин давра 1 421 мавод барои гузаронидани ташхис ворид гардид. Дар ин давра 1 340 мавод ташхисӣ карда ва 81 мавод айни ҳол мавриди ташхис қарор дорад. Аксари ташхисҳои гузаронидашуда дар асоси қарорҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сурат гирифта, вобаста ба масъалаҳои ташхиси автотехникӣ, сохтмонӣ, муҳандисӣ ва иқтисодӣ дахл доранд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

27.0219:44Военные российской базы будут охранять таджико-афганскую границу
27.0217:37Совместное заявление президентов Таджикистана и России(1)
27.0217:34Таджикистан и Россия подписали 6 новых документов о сотрудничестве
27.0217:24Путин: Россия - за рост поставок фруктов и овощей из Таджикистана
27.0216:50Президент России вручил лидеру Таджикистана орден Александра Невского (фото)


Самое обсуждаемое

24.0207:00Ташкент объяснил – почему отказался принять рейс из Душанбе(7)
25.0211:12Школ мало, детей много: дальше тотальная безграмотность?(3)
27.0213:28Первый авиарейс по маршруту Ташкент-Душанбе состоится в апреле(3)
25.0211:55Страдающий от лавин Таджикистан получил 40 тонн гумпомощи из России(2)
27.0217:37Совместное заявление президентов Таджикистана и России(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312486