Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

25.07.200810:12

Барномаҳо иҷро мешаванд

Душанбе, 25 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). - «Аз аввали сол то 1 июли соли ҷорӣ маблағи барномаҳои сармоягузории иҷрошуда ва иҷрошавандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5,1 миллиард сомониро ташкил дод», - гуфт раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамралиев 24 июл зимни нишасти матбуотӣ.

Вай зикр кард, ки дар давоми ним соли гузашта дар ҷумҳурӣ 52 барнома мавриди иҷро қарор гирифт.

Қайд карда шуд, ки барномаҳои мазкур аз 22 манбаъ сармоягузорӣ шуда, зиёда аз 17 соҳаи гуногуни иҷтимоиву иқтисодии кишварро дар бар мегирад. Барномаҳои мазкур бо 75,4 фоиз маблағҳои қарзӣ, 13 фоиз маблағҳои кӯмаки бебозгашт амалӣ карда мешаванд. Саҳми Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ҷамоаҳо дар иҷрои барномаҳо 11,6 фоиз мебошад.

Тазаккур додан ба маврид аст, ки дар нимсолаи аввали соли равон барои иҷрои барномаҳои зикршуда 546,1 миллион сомонӣ сарф карда шуд. Аз ҷумла, барои иҷрои барномаҳо дар соҳаи маориф – 19,1 миллион сомонӣ, тандурустӣ - 24 миллион сомонӣ, кишоварзӣ - 33,8 миллион сомонӣ, обёрӣ ва хоҷагии об -18,6 миллион сомонӣ, таъминоти об - 12,5 миллион сомонӣ, энергетика - 193,8 миллион сомонӣ, нақлиёт ва хоҷагии роҳ – 220,4 миллион сомонӣ, экология – 5,4 миллион сомонӣ, соҳаҳои ёрирасони маҳаллӣ - 5,1 миллион сомонӣ ва соҳаҳои дигар 4,1 миллион сомонӣ сарф гардид.

Дар фарҷом Ф.Ҳамралиев ба саволҳои хабарнигорон посух дод.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

26.0522:12Саидмаруф Саидов таинственно исчез в Москве после решения ЕСПЧ
26.0516:38Саммит в Казани: страны СНГ подписали соглашение об атомной энергии
26.0515:55От восхода до заката. Календарь Священного месяца Рамазан
26.0513:51Пассажирский транспорт в Душанбе: кто кому сколько должен
26.0513:30Сезон тревог и бессонных ночей


Самое обсуждаемое

25.0518:48Мой последний 95-ый(3)
25.0514:18Где тонко, там и рвется... Составлена карта применения пыток в Таджикистане(1)
26.0508:11Марк Цукерберг получил диплом Гарварда(1)
24.0520:06Крепкие рукопожатия: Трамп и Рахмон померились силами(1)
25.0507:39Таджикистан презентовал в Пекине свою национальную стратегию развития до 2030 года(1)
26.0510:59Трудовые мигранты из Киргизии перевели из России рекордную сумму(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156329