Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

25.07.200816:12

Бурду бохти иқтисоди миллӣ

Душанбе, 25 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр, Ҳамзалӣ Бегматов).-Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғуломҷон Бобозода дар ҷараёни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки дар давоми моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар то 105,8 фоиз афзуда, маблағи он 6562 миллион сомониро ташкил кард.

Нақшаи даромади буҷети давлатӣ дар нимаи аввали соли ҷорӣ 111,1 фоиз иҷро шуда, ба буҷет 2206,1 миллион сомонӣ ворид гардид, ки 33,6 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилро ташкил медиҳад.

Нақшаи қисми хароҷоти буҷети давлатӣ дар ин давра 86 фоиз иҷро шуда маблағи он 1841,2 миллион сомониро ташкил дод, ки 28,1 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ мебошад.

Қайд гардид, ки маблағи умумии қарзҳои берунаи ҷумҳурӣ то моҳи июли соли ҷорӣ 1252,03 миллион доллари ИМА ё 28,59 фоизи фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилро ташкил дод. Дар шаш моҳи соли 2008 пули нақд дар дасти аҳолӣ 996,2 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба аввали сол 75,2 миллион сомонӣ ё 108,4 фоиз зиёд аст.

Дар нимсолаи аввали соли 2008 ҳаҷми қарзҳои хурди додаи бонкҳо ва дигар муассисаҳои дигари қарздиҳанда 884,2 миллион сомонӣ, аз ҷумла, ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон 228,7 миллион сомониро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 маротиба зиёд мебошад.

Ҳамчунин зикр гардид, ки меъёри захираҳои ҳатмӣ дар сатҳи 12 фоиз нигоҳ дошта шуда, тамоюли афзуншавиро дорад.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз таъсири оқибатҳои бӯҳрони энергетикӣ аз 768 корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ 134 адад ё зиёда аз 17,4 фоизи онҳо умуман фаъолият накарданд.

Дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 2744,9 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд, ки ба 95,2 фоизи ҳамин давраи соли гузашта баробар аст.

Дар баъзе соҳаҳои саноат афзоиши ҳаҷми арзиши маҳсулоти саноатӣ на аз ҳисоби афзоиши истеҳсоли маҳсулот, балки аз ҳисоби болоравии нарх ба даст омадааст, зеро болоравии нарх дар соҳаҳои электроэнергетика 79,3 фоиз, сӯзишворӣ 38,7 фоиз, металлургияи ранга 22,2 фоиз, саноати сабук 20,9 фоиз, саноати маводи сохтмонӣ 18,9 фоиз ва кимиё 17,5 фоизро ташкил медиҳад.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

23.0216:50Супруги президентов стран бывшего СССР — чем они занимаются(1)
23.0216:01На рынках Согда подорожала продукция, ввозимая с юга
23.0215:09В центре для мигрантов в Екатеринбурге произошел бунт
23.0213:56На трассе Душанбе-Худжанд пропали три человека
23.0213:16Президент Узбекистана принял в гражданство 15 уроженцев Таджикистана


Самое обсуждаемое

20.0216:58Анискин уже не тот?(4)
22.0216:02Российский суд вынес пожизненный приговор уроженцу Таджикистана за убийство полицейского и его семьи(4)
23.0212:36Самолет в Ташкент вновь не вылетел(2)
21.0208:18Мэрия Душанбе ищет ведущих специалистов с зарплатой менее 100 долларов в месяц(2)
22.0216:40Путин и Рахмон обсудят пребывание в Таджикистане 201-й российской базы(1)
23.0216:50Супруги президентов стран бывшего СССР — чем они занимаются(1)
21.0217:03Академик Ахмедов: Рак нельзя победить голыми руками!(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.1093967