Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

25.07.200810:12

Маблағи корхонаи «Пахтаи Кӯлоб» куҷо мешавад?

Душанбе 25 июл. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).-Кормандони фаврии шӯъбаи минтақавии Раёсати Агентии назоратидавлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар натиҷаи тафтиш дар ҶСК «Пахтаи Кӯлоб» муайян намуданд, ки дар корхонаи мазкур ҳодисаҳои исрофкорӣ ва изофанависӣ ҷой доранд.

Вобаста ба ин фаъолияти молиявии ҶСК «Пахтаи Кӯлоб» тафтиш карда, муайян гардид, ки дар солҳои 2005-2007 аз тарафи шахсони масъуликорхона, мудири анбор Нураҳмад Одинаев, молшиносҳо Ҳабибулло Мирзоев ваИскандар Ғиёев ба исрофкорӣ ва талаву тороҷи маблағи давлат даст зада як миллиону 195 ҳазору 905 сомониро ба таври изофа ба номи баъзе хоҷагиҳои пахтакор навишта, ба ин хоҷагиҳо зарари калони молиявӣ расонидаанд.

Аз маркази матбуотиАгентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аз ҳисоби маблағи исрофшуда дар рафти санҷиш55 ҳазор сомонӣ ба буҷаи давлат баргардонида шуда, оиди барқарор намудани маблағи боқимонда чораҳои қонунӣ андешида мешаванд.

Дар робита нисбати Н. Одинаев, Ҳ. Мирзоев, И. Гиёев ва Ҳакимов парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, тафтиши он идома дорад.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

02.1214:31Хранитель арсенала Ризвона Садирова осужден на 5,5 лет тюрьмы
02.1213:47Алишер Усманов впервые попал в список богатейших людей Швейцарии
02.1212:40В Кыргызстане ликвидировали антинаркотическую службу
02.1211:38Путин отчитался об успехах России. «Медуза» проверила его слова
02.1211:21Атамбаев ответил на слова мэра Москвы о киргизских мигрантах(1)


Самое обсуждаемое

28.1112:43Таджикистан не хочет в ЕАЭС(15)
03.0718:42Суд в Германии освободил Аваза Назарова(10)
29.1118:27"Лев Толстой" и "Александр Матросов" исчезнут с карты Душанбе(5)
01.1214:11Атамбаев о ЕАЭС: вступаем в братский союз и встречаем старшего брата, который нам ножки подставляет(4)
30.1110:02Населению Таджикистана предлагают снизить свои аппетиты и стать инвесторами(4)
02.1210:57Лидер Компартии Таджикистана верит председателю Нацбанка, но стоит в очереди за своим депозитом(2)
01.1209:43На реализацию новой Национальной стратегии развития Таджикистана необходимы $118,1 млрд.(2)
01.1217:52Земан и Рахмон не стали общаться с журналистами(2)
02.1211:21Атамбаев ответил на слова мэра Москвы о киргизских мигрантах(1)
01.1201:03"Кубинец" из Куляба: "Фидель Кастро звал меня по имени"(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156290