Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

25.07.200816:12

Нақшҳо барзиёд иҷро шуд

Душанбе, 25 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр, Ҳамзалӣ Бегматов).-Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов 25 июл зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, кидар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳамаи нақшаҳои соҳаҳои макроиқтисодӣ пурра иҷро карда шуданд.

Ӯ афзуд, ки маҷмӯи маҳсулоти умумии дохилӣ зиёда аз 6,5 миллиард сомониро ташкил дода, афзоиши воқеии он ба 5,8 фоиз расид.

Таварум низ дар дараҷаи муайян нигоҳ дошта шуда, ба 8,3 фоиз ва гардиши савдои хориҷӣ дар ин давра қариб ба 2326 миллион доллари ИМА баробар гардид. Аз ҷумла, маблағи содирот 790 миллион доллар ва воридот 1536 миллион долларро ташкил дод.

Дар ин давра ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ 2,2 миллиард сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба нақша 221 миллион сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 941 миллион сомонӣ зиёд аст.

Нақшаи даромадҳои ҷории буҷети давлатӣ 116 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 1,6 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид. Дар маҷмӯъ афзоиши ҳаҷми маҳсулоти дохилӣ 25 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 баробар зиёд мебошад.

Ҳамчунин зикр гардид, ки дар ин муддат ба сохтмони иншооти муҳими давлатӣ ва иншооти дигари иҷтимоӣ 112 миллион сомонӣ маблағ гузошта шуд. Аз ҷумла, ба сохтмони нақби «Истиқлол», хатти обгузари шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Б.Ғафуров, сохтмони нақбҳои Шар-Шар ва Чормағзак, сохтмони кӯпрукҳо дар дарёи Панҷ, хатҳои баландшиддати интиқоли барқи Ҷануб-Шимол, Хатлон-Лолазор, сохтмони НОБ-и Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2, НОБ-и Роғун ва дигар иншооти муҳим маблағҳои зарурӣ равона карда шуд. Солҳои оянда маблағгузории онҳо зиёд карда мешавад.

Инчунин ҷиҳати таъминоти бехатарии озуқаворӣ ва воридоти маҳсулоти тухмии кишоварзӣ 6 миллион доллари ИМА аз Бонки Ҷаҳонӣ ҳамчун кӯмаки бебозгашт ҷалб гардид.

Дар баробари ин барои захираҳои давлатии озуқа ва сӯзишворӣ 36 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд.

Вале ҳамаи ин комёбиҳо ҳоло ҳам талаботи рӯзафзуни иқтисодиётро таъмин карда наметавонад, бинобар ин зарур аст, ки тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода бурда, буҷети давлат боз ҳам ғанитар гардонида шавад.

Бояд қайд кард, ки дар давраи ҳисоботӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Вахдат, Вахш ва Мастчоҳ нақшаи даромади буҷетро мувофиқан ба маблағи 1,2 миллион, 870 ҳазор ва 312 ҳазор сомонӣ иҷро накарданд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

30.0514:08Грузовик привез из Китая в Душанбе все, кроме указанного в документах товара
30.0512:49Правительство Таджикистана обсуждает новый антитабачный закон
30.0511:46Суд города Душанбе приговорил убийцу торговки золотом к 28 годам лишения свободы
30.0511:32Амируллои Асадулло покинул пост мэра города Курган-Тюбе
30.0511:09С 1 июня водители с иностранными правами будут отстранены от работы в России


Самое обсуждаемое

14.0813:47Написать письмо президенту Таджикистана стало проще(7)
27.0513:29Путин обсудил Сирию и экономическое сотрудничество с президентом Ирана(3)
27.0517:45Рамазан: где провести ифтор в Душанбе(2)
29.0509:56Национальная стратегия развития РТ до 2030 года состыкуется с китайской инициативой «Один пояс, один путь»(1)
29.0518:18Шамсия Асаналишоева: «В Саудовской Аравии я прошла через все круги ада» ВИДЕО(1)
30.0506:10Комроншохи Устопириён вошел в тройку лучших дзюдоистов мира(1)
29.0507:18Комроншох Устопириён – двукратный чемпион Азии(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156274