Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

25.07.200816:12

Рушди соҳаи саноат

Душанбе, 25 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодии роҳбарияти кишвар рушди соҳаи саноат ба шумор меравад. Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омори назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар моҳҳои январ- июни соли равон дар мамлакат ба маблағи 2744,9 миллион сомонӣ маҳслуоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст. Дар ин давра индекси ҳаҷми истеҳсолимаҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 96,1 фоизро ташкил дод. Истеҳсолимаҳсулот дар корхонаҳоивазорати нақлиёт ва коммуникатсия, кишоварзӣ, аз ҷумла корхонаҳои пахтатозакунӣ, корхонаи воҳиди давлатии «Моҳипарвар», ҷамъияти саҳомии «Барқи Тоҷик» ва раёсати саноатимаъдани кӯҳӣ ва сангҳои қиматбаҳо кам шуд.

Моҳи июни соли 2008 маҳсулоти саноатӣ ба маблағи 523,7 миллион сомонӣ истеҳсол карда шуд, ки ин назар ба соли 2007-ум 3,7 фоиз зиёд аст. Дар шаш моҳи соли равон дар 421 корхона сатҳи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣнисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 54,8 фоиз зиёд аст. Ҳамчунин дар ин давра, 225 корхона кор накард.

Ҳаҷми маҳсулоти ба фурӯш баровардашудаи корхонаҳоисаноатӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ 1795,6 миллион сомонӣё 98,8 фоизиҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолшударо ташкил дод.

Инчунин дар ин давра истеҳсоли ангишти бӯр, ангиштсанг,нафт, мазут, манқалҳои барқӣ барои тарабхонаҳо, маснуоти филизӣ ва пластикӣ, пойафзоли резинӣ, газворҳои пахтагӣ ва абрешими, ҳасиб, коняк, нӯшокиҳои беспирт, оби маъданӣ ва ғайра зиёд карда шуд. Ҳамзамон ба маблағи 737,8 миллион сомонӣ молҳои озуқаворӣ истеҳсол карда шуда, истеҳсолимаҳсулоти озуқаворӣ 4,7 фоиз, маҳсулоти саноати сабук 26,6 фоиз нисбат ба ҳамин давраисоли гузашта зиёд шуд. Аммо маҳсулоти маишӣ ва хоҷагӣ нисбаи ба ҳамин давраи соли 2007 -ум 2,6фоиз кам шудааст.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

07.1219:56Дилфуза - гроза чиновников вышла на свободу
07.1218:18Похитители требовали за освобождение подростка 100 тысяч долларов
07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию
07.1214:14В Таджикистане через пять часов после похищения освобожден ребенок
07.1213:31НБТ связывает низкий уровень доверия к банкам с их недостаточной прозрачностью


Самое обсуждаемое

05.1211:34Таджикистан перейдет на 12-летнее образование в 2020 году(6)
07.1207:59Власти Таджикистана планируют в два раза сократить уровень бедности(5)
07.1216:01Как Душанбе сделать туристической столицей? Голосуйте!(1)
06.1209:18Эмомали Рахмон обратится с посланием парламенту Таджикистана до нового года(1)
05.1219:14Путин озадачил правительство законом об адаптации мигрантов(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156250