Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

25.07.200817:12

С. Мирзоев«50 фоизи барномаҳои БМИМТ ба рушди соҳаи маориф равона шудааст»

Душанбе, 25 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). - Дар доираи ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон ва мувофиқи шартномаи ҳамкории Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон ва Бонки олмонии Рушд дар ҷумҳурии мо Барномаи мусоидат ба рушди маълумоти асосӣ ва соҳаҳои ёрирасони ҷамоавӣ амалӣ карда мешавад, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ 25 июл раиси БМИМТ Саидаҳмад Мирзоев.

Вай зикр кард, ки барномаи мазкур дар 14 ноҳияи вилояти Хатлон, аз ҷумла Абдураҳмони Ҷомӣ, Бохтар, Ҷиликӯл, Қубодиён, Хуросон, Ҷалолуддини Румӣ, Қумсангир, Носири Хусрав, Панҷ, Шаҳритус, Вахш, Ёвон ва шаҳрҳои Нораку Сарбанд иҷро карда мешавад.

Ҳадафи аслии ин барнома беҳтар намудани дастрасии табақаҳои камбизоати аҳолӣ ба соҳаҳои ёрирасони иҷтимоӣ ва баланд бардоштани дараҷаи иштироки гурӯҳҳои камбизоати аҳолӣ дар татбиқи барнома мебошад. Қайд карда шуд, ки зиёда аз 50 фоизи маблағҳои барнома ба рушди соҳаи маориф равона шудааст.

Маблағи Барноаи мусоидат ба рушди маълумоти асосӣ ва соҳаҳои ёрирасони ҷамоавӣ 6,72 миллион евроро ташкил медиҳад, ки 5,4 миллиони он саҳми Ҳукумати Олмон, 1,02 миллион евро саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 0,3 миллион евро саҳми ҷамоаҳо мебошад.

С. Мирзоев ва мутахассисони БМИМТ дар фарҷоми нишасти матбуотӣ ба саволҳои хабарнигорон посухҳои мушаххас доданд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

03.1210:03Путин призвал упростить получение гражданства РФ для выходцев из бывшего СССР
03.1209:31На севере Таджикистана раскрыто жестокое убийство, совершенное в 2010 году
03.1209:12Эмомали Рахмону построят новые резиденции
03.1208:28М.Убайдуллоев подверг критике работу столичных энергетиков
03.1207:10Душанбе признали худшей столицей Центральной Азии


Самое обсуждаемое

01.1214:11Атамбаев о ЕАЭС: вступаем в братский союз и встречаем старшего брата, который нам ножки подставляет(5)
01.1209:43На реализацию новой Национальной стратегии развития Таджикистана необходимы $118,1 млрд.(2)
01.1217:52Земан и Рахмон не стали общаться с журналистами(2)
02.1210:57Лидер Компартии Таджикистана верит председателю Нацбанка, но стоит в очереди за своим депозитом(2)
02.1211:21Атамбаев ответил на слова мэра Москвы о киргизских мигрантах(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156266