Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

28.07.200810:12

Ғ.Бобозода«Тоҷикистон қодир аст, ки сокинонашро пурра бо орд таъмин намояд»

Душанбе, 28 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). - Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғуломҷон Бобозода дар нишасти матбуотӣ 25 июл изҳор дошт, ки камобии имсола боиси нарасидани орд ва ғалла дар ҷумҳурӣ шуда наметавонад.

Ӯ афзуд, ки аз ҷумла дар шимоли кишвар ба иллати камобиву хушкии имсола ҳосили дилхоҳ ба даст наомада бошад ҳам, дар манотиқи дигари кишвар ҳосили зироати ғалладона хуб аст ва ҳосили ғалладона дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта афзудааст.

Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз норасоии орд дар бозори дохилӣ ва афзоиши захираҳои давлатии зироати ғалладона маблағгузориро аз воситаҳои буҷавӣ зиёд карда, вазорати рушди иқтисод ва савдо ба парлумони кишвар лоиҳаи қонунеро ирсол намудааст, ки дар он аз 20 то 10 фоиз коҳиш додани андоз аз арзиши изофа барои воридоти ғалла ба кишвар пешниҳод шудааст, - гуфт вазир.

Ғуломҷон Бобозода мӯътақид аст, ки кам кардани андоз аз арзиши изофа яке аз омилҳоест, ки ба коҳиши нарх дар бозори дохилӣ мусоидат менамояд ва айни замон нархи чунин маҳсулот мӯътадил нигоҳ дошта мешавад.

Дар Тоҷикистон ғалла ба миқдори кофӣ захира шуда, ҷумҳурӣ ба мушкилоти таъмини орд мувоҷеҳ нахоҳад гашт, - гуфт дар хотима вазир.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

08.1206:58Спецоперация по освобождению заложника в Турсунзаде. Трое задержаны, один уничтожен
08.1206:33Москвы vs Душанбе: 10 отличий
08.1206:15За «неправильную» молитву в мечети жителя Таджикистана приговорили к трем годам тюрьмы
07.1219:56Дилфуза - гроза чиновников вышла на свободу
07.1218:18Похитители требовали за освобождение подростка 100 тысяч долларов


Самое обсуждаемое

05.1211:34Таджикистан перейдет на 12-летнее образование в 2020 году(6)
07.1207:59Власти Таджикистана планируют в два раза сократить уровень бедности(5)
07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию(1)
07.1216:01Как Душанбе сделать туристической столицей? Голосуйте!(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00