Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

28.07.200808:12

40 сафари бобарори роҳбари баиқбол

Мӯҳлатисафартоназдиктарин ноҳияҳои ВМКБтавассутичархбол1соату 25дақиқава бавоситаимошинисабукрав аз8 то10соат,то марказивилоятмутаносибан 2соатва12-14соаттоноҳияи баландкӯҳиМурғоб бошад қариб3 соат ва тариқи роҳиавтомобилгард 20-22соатроташкил медиҳад.

Шояд дурии роҳваёдигарсабабҳо боисиазназаримақомотиаввалиҷумҳурӣдурмондани инминтақаикӯҳистонисарзамин шуда буд.

ЭмомалӣРаҳмонбаҳайсиСарваридавлатиТоҷикистонякеаз аввалинсафарҳоикориихудробаминтақаҳоазшаҳриХоруғоғозкард.

«Бе огоҳӣваомодагииҲукумати онвақтаиВМКБмоҳифевралисоли 1993тариқичархболбашаҳри Хоруғ фурудомадам, - ёдоваршуд ПрезидентиҶумҳурииТоҷикистон ЭмомалӣРаҳмон 20 – уми июласноисафарикорӣдарҳузурифаъолонивилоят,аксарият наздикшавиибеш аз200нафарсилоҳбадастонромушоҳидакарда, маслиҳат доданд, кигурезам. Манҳамчунроҳбариҷумҳурӣ ба наздихалқамомадам,чарофироркунам. Агаразмардумтарсдоштабошам, чӣгунабоварамхоҳандкард.

Бочунинандешаҳоқарордодам, кибо гурӯҳимусаллаҳсӯҳбатдошта бошам.

Хушбахтона,гуфтушуниднатиҷаҳоинекба боровард. Силоҳбадастонбаъдисӯҳбатирӯ ба рӯэътимодбароҳисулҳуваҳдатипешгирифтаиҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистонкарда,ваъдадоданд, кибаҳриободиюосоиш талошмеварзанд.

Азонифтихоруқаноатмандӣмекунам, кимаҳзҷасоратуэътимодморобаинрӯзҳоинековард», гуфтПрезидентиҶумҳурииТоҷикистон ЭмомалӣРаҳмон.

Дар17солиистиқлолиятСарваридавлаттанҳобамарказивилоятшаҳриХоруғ 17 маротибавабаноҳияибаландкӯҳидурдастиМурғоб,кизамониШӯравӣҳаттоякнафармудиришӯъбаазмарказбаинҷоқадамнагузоштабуд, 5маротибасафарикорӣанҷомдод.

Мавриди зикр аст, киалҳол 93 дарсади хароҷоти буҷети ВМКБ аз ҳисоби давлат маблағгузорӣ мешавад.

Дар давоми 15 соли сипаришудааз ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣ барои рушди вилоятқариб як миллиард миллион сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ барои пӯшонидани қисми хароҷоти буҷети вилоят 214 миллион сомонӣ,  аз ҳисоби Фонди  захиравии Президенти кишвар, вазорату идораҳо ва дигар манбаъҳои давлатӣ 141 миллион сомонӣ ва  бо дарназардошти андозҳои умумиҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ 41 миллион сомонӣ равона карда шудаанд.

Барои рушди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон танҳо соли ҷорӣ 88 миллион сомонӣҷудо гардидааст, ки ин нисбат ба қисми хароҷоти буҷети соли 2002-юми вилоят даҳ маротиба зиёд мебошад.Тавре дар ҳузури фаъолонивилоят Сарвари Давлат изҳор дошт,дар соли 2008-ум хароҷоти буҷети вилоят ба ҳар сари аҳолӣ 260 сомонӣ рост меояд, ки ин нисбат ба нишондиҳандаҳои вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дуюним маротиба зиёд мебошад.

Дар асоси 19 лоиҳаи муштараки инвеститсион
ӣ, ки маблағи умумии онҳо беш аз 464 миллион сомониро ташкил медиҳад, дар ҳудуди вилоят вобаста ба сохтмон ва таъмиру таҷдиди роҳҳои мошингарди Мурғоб-Кулма, Шкев-Зиғар, Шоҳон-Зиғар, нерӯгоҳи барқи обии «Помир-1», даҳҳо нерӯгоҳҳои хурд ва рушди соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, азхудкунии замин, беҳбудии ҳолати мелиоративии он, барқарорсозии шабакаҳои обёрикунӣ, коҳиш додани хавфи рахнаи кӯли Сарез, ислоҳот ва рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд.

Илова бар ин, тибқи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар давраи то соли 2015, ки бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 4 июли соли 2006 тасдиқ шудааст, ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилоят ҷалби беш аз дуюним миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Мувофиқи барномаи мазкур дар қаламрави вилоят татбиқи як қатор тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ободонӣ пешбинӣ гардидаанд, ки дар айни ҳол бисёри онҳо оғоз ёфтаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонба Вазорати энергетика ва саноат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо супориш дод, ки камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф карда, дар бораи бо иқтидори пурра фаъолият намудани корхонаҳои саноатӣ тадбирҳои судманд андешанд.

Вазорати энергетика ва саноат, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, Иттифоқи “Тоҷикматлубот” ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бояд   бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ амалӣ гардонидани лоиҳаҳои барқарорсозии корхонаҳои хурдикоркарду хизматрасонӣ тадбирҳои судмандроамалӣ намоянд. Бадахшон дорои захираҳои пурарзишизеризамини буда,алҳол корҳои кафшкунӣ ва истихроҷи 7 кони мармару тилло мису никел ва нуқра дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои хориҷиюватанӣ бамуваффақият идома дорад.

Дар марҳилаи соҳибистиқлолӣ роҳу пулҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ низ бунёд ва барқарор карда шуданд. Аз ҷумла, аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва маблағҳои қарзии Ҳукумати Тоҷикистон танҳо дар давоми ду соли охир бо сарфи 60 миллион сомонӣ роҳи мошингарди Мурғоб-Тохтамиш, роҳҳои ағбаҳои Куйтезак, Харгӯш ва Курут, марҳалаҳои дуюм ва сеюми роҳи Шоҳон-Зиғар, қитъаҳои алоҳидаи шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ, ду пул дар ноҳияи Ванҷ мавриди сохтмону азнавсозӣ қарор гирифта,  дар  баъзеи онҳо ҳоло корҳо босуръат идома доранд. 

Умуман, дар бахши сохтмони асосии вилоят дар давоми 15 соли охир аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории давлатӣ 300 миллион сомонӣҷудо гардида, то имрӯз 260 миллион сомонии он азхуд карда шудааст.

Сарвари Давлат ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, маориф, тандуруст
ӣ, мелиоратсия ва захираҳои об, энергетика ва саноат, нақлиёт ва коммуникатсия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ, Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо супориш дод, ки  иҷрои ҳатмии Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди иҷтимоиву иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва  Қарори Ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои аввалиндараҷаи беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон»-ро дар мӯҳлатҳои пешбинишуда таъмин намоянд. 

«Мо инчунин ният дорем, ки доир ба таҳияи нақшаи генералии шаҳри Хоруғ ва марҳала ба марҳала ободу зебо гардонидани он тадбирҳо андешем.»- изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Бо дарназардошти ин, ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки якҷоя бо Агентии сохтмон ва меъморӣ нақшаи генералии шаҳри Хоруғ ва марказҳои ноҳияҳои вилоятро таҳия карда, ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Вазоратҳои молия ва маориф, Агентии сохтмон ва меъморӣ, Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматӣ вазифадор шуданд, ки лоиҳаи азнавсозии мактаб-интернати вилоятӣ барои кӯдакони ятимро дар ноҳияи Рӯшон таҳия карда, ба татбиқи он оғоз намоянд ва баъди ба истифода супоридани муассисаи мазкур ба он мақоми ҷумҳуриявӣ дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонба ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз 4-тогӣ автобус, 2 – тогӣ мошини ёрии таъҷилӣ ва 30-тогӣ компютер тӯҳфа кард. То охири сол  1 миллиону 540 ҳазор сомонӣ ба ноҳияи Дарвоз ва 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ ба ноҳияи Ванҷ барои сохтмон ва азнавсозии иншооти соҳаҳои иҷтимоӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда мешавад.

Ба мактабҳои ноҳияи Рӯшон 30 адад компютер, ба муассисаҳои тандурустӣ ду мошини нави ёрии таъҷилӣ ва ба аҳолии ноҳия 4 автобус тӯҳфа карда шуд. Дар нимсолаи дуюми соли равон  барои сохтмон ва таъмиру тармими  иншооти  соҳаҳои маорифу тандурустӣ 1 миллиону 420 ҳазор сомонӣ маблағҳои иловагӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣҷудо карда мешавад.

Сохтмони мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои 650 нафар хонанда дар ноҳияи Рӯшон дар зарфи 1,5 - 2 соли оянда ба анҷом расонида мешавад.

Дар зарфи ду соли оянда  барои азнавсозии ду мактаби садамав
ӣ, беморхонаи ноҳиявӣ, якчанд бунгоҳҳои тиббӣ ва сохтмони мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ беш аз 6 миллион сомонӣ маблағҳои  иловагӣҷудо мегардад.
Соли 2009дар ноҳияи Ишкошим бо ҷудо намудани 1 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ боз 120 гектар заминҳои дигар обёрӣ карда мешаванд.
Ба ноҳияиИшкошим 50 компютер барои мактабҳо, 2 мошини ёрии таъҷилӣ барои беморхонаи марказӣ ва 4 автобуси мусофирбар барои мардум ҳадя карда шуд.

Барои рушди минбаъдаи соҳаҳои  иҷтимоии ноҳияи Ишкошим дар нимсолаи дуюми соли равон  1 миллиону 350 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва фонди захиравии Сарвари давлат ҷудо карда мешавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон  мардуми фарҳангпарвари ноҳияи Роштқалъа  4 мошини ёрии таъҷилии тиббӣ, 4 автобуси мусофирбар ва 42 компютер  тӯҳфа намуда, изҳор дошт, ки барои рушди минбаъдаи соҳаҳои иҷтимоии ноҳия то охири соли равон  1 миллиону 600 ҳазор сомонӣ маблағҳои иловагӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣҷудо мегардад.  Бо ин маблағҳо як мактаби нав сохта ва  як мактаби садамавӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ таъмиру азнавсозӣ карда мешаванд.

Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин варзишгоҳи марказии ноҳияи Рошқалъабо курсиҳои болопӯши пластикӣ ва дигар шароити зарурӣ аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ таъмин мегардад.

Бо эҳтимоми СарвариДавлатба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ32 автобуси мусофирбар, 32 мошинҳои  ёрии таъҷилӣ, 200 компютер, 40 трактори МТЗ-80 бо плугҳояш аз ҳисоби фонди ҷамъиятии Хайрияи То

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

10.1214:40На юге Таджикистана на АЗС произошел мощный взрыв
10.1213:03Лавров обратился к оператору Reuters по-английски. А затем назвал его дебилом
10.1210:06На юг с пустыми карманами: из-за кризиса мигранты покидают Россию и возвращаются домой
10.1209:50"Заблокированный" год
10.1209:42Президент снял с должностей глав ряда районов Хатлонской области


Самое обсуждаемое

09.1214:20«Барки точик» сообщил о смягчении энерголимита по стране(6)
07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию(3)
09.1221:00Немцы сочли мигрантов главной проблемой(2)
09.1213:17Именной пистолет от Виктора Януковича президентам СНГ(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156243