Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

28.07.200815:12

Хадамоти танзими алоқа фаъолияташро ҷонок менамояд

Душанбе, 28 июл. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Кормандони хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи алоқа ва иттилооти Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ фаъолияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Телерадиоком” ва Ҷамъияти масъулияташ маҳудди “МКФ-Инвест”-ро тафтиш карданд.

Мутахассисони ин ширкатҳо дар давоми нимсола дар ҷумҳурӣ 50 бунгоҳи истифодаиумумии алоқа, 138 воситаирадиоэлектронӣва дастгоҳҳои баландбасомадро насб карданд. Шӯъбаҳои раёсати хадамот дар 61 бунгоҳи истифодаи умумии алоқа ва 121 воситаи радиоэлектронии баландбасомадро санҷида, санадҳои дахлдор тартиб доданд. Дар натиҷа оиди 20 интернет-кафе ба нозироти андози ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва10 нуқтаҳои гуфтугӯи байналмилалӣ ва Интернет-кафеҳо ба Раёсати андози вилояти Суғд дар масъалаи пардохтиандоз огоҳинома фиристонда шуд.

Ҳамзамон, оиди қатъ намудани хизматрасонии 12 бунгоҳи гуфтугӯи телефонии байналмилалӣ ва Интернет- кафеҳо ба сардори шабакаи телефонии шаҳри Душанбе мактуб фиристонида, дар ин асос хизматрасонии онҳо аз тарафи сардори шабакаи телефонии шаҳри Душанбе манъ карда шудаанд.

Инчунин, фаъолияти бунгоҳи гуфтугӯи телефонии байналмилалӣ, ки дар кӯчаҳои Маяковский ва Титов ғайриқонунӣ кушода шуда буданд, қатъ карда шуд.

Дар ҳамин асос аз ҷониби шӯъбаҳои хадамот дар ин давра дарҷумҳурӣ 342 санади дахлдор тартиб дода шуд. Дар асоси он аз 9 ташкилот мувофиқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҷумҳурӣ дар мавриди ғайриқонунӣ истифода намудани воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад ҷарима ситонида мешавад.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

23.0420:23Мухаммаджон Хабибуллоев подал в отставку
23.0414:44"Стихия застала врасплох, успел схватить с собой лишь люльку". ФОТО
23.0414:00В переговорах по авиасообщению на этот раз будет поставлена точка?
23.0410:21Журналисты госСМИ отныне должны полностью указывать титул президента Таджикистана(2)
22.0415:07Незабываемая поездка на «Таджикистане»


Самое обсуждаемое

21.0413:45Узбекский сюрприз(4)
23.0410:21Журналисты госСМИ отныне должны полностью указывать титул президента Таджикистана(2)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156258