Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

29.07.200814:12

Дар Душанбе Намоишгоҳи Миллии Чин кушода шуд

Душанбе, 29 июл. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҳамкории мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин беш аз пеш густариш меёбад. Дар ин бора намоишгоҳи миллии Чин таҳти унвони «Тиҷорат ва сармоягузории Чин ва Тоҷикистон» шаҳодат медиҳад, ки 29 июл дар «Кохи ваҳдат»-и пойтахт кушода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ғуломҷон Бобозода, Раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Шариф Саид, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳури Мардумии Чин дар Тоҷикистон Сзю Сюляништирок карда, намоишгоҳи миллии Чинро дар Душанбе такони ҷиддие дар густариши ҳамкории мутақобилан судмандииқтисодию тиҷоратии ду кишвари ҳамҷавор арзёбӣ карданд.

Намоишгоҳ бо ташаббуси Вазорати тиҷорати Чин ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурии мо ташкил карда шуд. Ҳукумати Чин барои баргузории он 2 миллион юан сарф кард.

Дар намоишгоҳ бештар аз 70 корхонаву ширкати бузурги Чин, аз қабили корхонаи таҷҳизоти вазнини сохтмонӣ ва техникӣ, корхонаи либосҳои бачагона,корхонаитаҷҳизот ва техникаи телекоммуникатсионӣ, корхонаи техникаи алоқаи телефон ва таҷҳизоти техникиву масолеҳи сохтмонии ширкати умумичинии сохтмони роҳу купрӯкҳо маҳсулоти худро ба намоиш ва фурӯш гузоштанд.

Намоишгоҳ дар масоҳати 2 ҳазор метри мураббаъ ташкил карда шудааст.

Дар рӯзҳои фаъолияти намоишгоҳ вохӯрию мулоқотҳои тоҷирону соҳибкорони Тоҷикистону Чин доир мегардад, ки дар он дурнамо ва тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ҳар ду кишвар баррасӣ мегарданд.

Намоишгоҳ то 1 август идома меёбад.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

09.1209:22Синоптики прогнозируют снег в субботу
09.1208:50ТЭЦ «Душанбе-2» может увеличить суточное энергоснабжение на 16%
09.1207:22Госдеп увеличивает объем финансовой помощи Таджикистану
08.1218:30Ностальгия по СССР. Таджикистанцы тоскуют по "потерянному раю"
08.1217:44Интересные факты о Таджикистане


Самое обсуждаемое

07.1207:59Власти Таджикистана планируют в два раза сократить уровень бедности(6)
07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию(3)
08.1215:2825 лет без СССР(1)
08.1214:51В министерстве культуры обсужден вопрос о переносе памятника Абуали Сино(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156246