Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

29.07.200809:12

Дарвоз – дарвозаи Бадахшон

 Сӯҳбати хабарнигори АМИТ «Ховар» бо раиси ноҳияи Дарвози вилояти мухтори  Кӯҳистони Бадахшон Сайдалӣ Мусофиров

         -Раиси мӯҳтарам , албатта имрӯзҳо Шумо ва сокинони ноҳияатон зери таъсири сафари ба наздикӣ анҷом ёфтаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ ва сӯҳбату мулоқотҳои Сарвари давлат бо сокинони маҳаллӣ қарор доред, ҳамин тавр не?

         -Бале, сафари Сарвари давлат ба Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон боиси рӯҳбаландии сокинони ноҳияи мо низ гардид. Президенти Ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз 4 автобус, 2 мошини ёрии таъҷилии тиббӣ ва 30 компютер тӯҳфа кард. Дар давоми нимсолаи дуюми соли равон  1 миллиону 540 ҳазор сомонӣ ба ноҳияи Дарвоз ва 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ ба ноҳияи Ванҷ барои сохтмон ва таъмири корхонаҳои соҳаҳои иҷтимоӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва Хазинаи эҳтиётии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда мешавад. Ҳамчунин зери роҳбарии Президент дар минтақаҳои кӯҳистони мо дигар корҳои ободонӣ ва созандагӣ анҷом меёбанд. Ин ѓамхориҳои навбатии Президент моро ба ѓайрату ҳиммати бештар рӯҳбаланд месозад.
-Ноҳияишумо аз ҷумлаи минтақаҳои камзамин аст ва дар ин ҷо ҳар як ваҷаб замин арзиши баланд дорад. Президенти кишвар дар оѓози сол ба тамоми меҳнаткашон доир ба истифодаи оқилонаи замин ва таъмини озуқавории мамлакат муроҷиат карда буд. Дар ин робитадар ноҳиячӣ корҳо анҷом ёфтанд.

-Ин Муроҷиатномаро сокинони ноҳияхеле хуб қабул карда, дар асоси он амал мекунанд. Имсол аз хурдтарин имконот истифода карда, майдони киштро васеъ кардем. Баҳри таъмини аҳолии ноҳия бо маҳсулоти кишоварзӣ ва иҷрои амалии муроҷиатномаи Сардори давлат, дар ҳамаи хоҷагиҳои ноҳия дар майдони 2243 гектар замин зироатҳои гуногун коридем. Аз ин 1576 гектарро ѓалладона, 65 гектар заѓир, 11 гектар зироати полезӣ, 185 гектар картошка, 54 гектарсабзавот ва 352 гектарро зироатхои хӯроки чорво ташкил медиҳад.

Нисбат ба хамин давраи соли гузашта масоҳати умумии кишт – 40 га (1.8 фоиз) ѓалладона – 60 гектар, картошка – 11 гектар, сабзавот – 3 гектар, ҷуворимакка – 1 гектар зиёд карда шуд.

Бахри таъмини амнияти озукаворй ва иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат оид ба самаранок истифода бурдани замин, аз ҳисоби заминҳои ѓайрикорам, дар масоҳати 121 гектар ѓалладона корида шуд.

Тирамоҳи соли 2007 ба тайёр кардани тухмии хушсифати ѓалла ва картошка ахамияти зарурй дода, дар асотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ 306 тонна ѓалла ва 173 тонна картошкаи тухмӣ захира карда шуд. Моҳи ноябри соли 2007 аз ҳисоби Вазорати кишоварзй 30 тонна тухмии хушсифати гандуми тирамоҳӣ оварда шуда, дар хоҷагиҳои деҳқонӣ кишт карда шуд.

Моҳи апрел бошад аз ноҳияи Ѓончии вилояти Суѓд 30 тоннакартошкаи хушсифати тухмӣ дастрас карда, дар мавзеъҳои Ёвон, Саѓирдаштва Сафедорон кишт карда шуд. Аммо, имрӯзҳояк пробема боиси нигаронии мо гардидааст. Ин ҳам бошад ҳуҷуми хукҳои ваҳшӣ ба киштзор.Махсусан яке аз минтақаҳои асосие, ки замини ҳосилхез дорад, яъне мавзеи Саѓирдашт аз ин зарари зиёд мебинад.Аз ҷумла, имсол дар деҳаи Сафедорони ҷамоати деҳоти Саѓирдашт дар 11 гектар картошка кишт карда шуд ва ҳосили хуб хам парвариш карда шуд. Аммо, 4 гектари он бар асари ҳуҷуми хукҳои ёбоӣ аллакай талаф ёфт.Дар дашти Ёвони ҷамоати деҳоти Нулванд бошад хукҳои ёбоӣ3 гектар картошказорропоймолу хароб карданд.

Бо ин проблема мо ду сол боз рӯ ба рӯем. Бинобар пешгирии ҳодисаҳои ҳуҷуми ҳайвонот, мо 29 апрели соли ҷорӣ ба сардориРаёсати вилоятии назорати давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи табиат хаттӣ муроҷиат намудем. Дар робита Раёсати вилоятӣ ба Кумитаи ҳифзи табиати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуд. Аммо, то ба ҳол мо аз Кумита ҷавоб нагирифтем ва индар ҳолест, ки проблема хеле ҷиддитар гаштааст. Таъкид кардан лозим аст, ки барои кӯҳистон ҳар як ваҷаб замини ҳосилдеҳ аҳамиятиниҳоят калон дорад ва таъмини озуқавории мардум аз истифодаи оқилонаи он вобаста аст. Аммо, бо вуҷудитадбирҳои муҳими андешидаи роҳбарияти ноҳия ва заҳмати зиёди мардумимрӯз, баракс ҳодисаи зикршудабоиси талафи зироат мегардад. Бо вуҷуди ин ва дигар мушкилот фаъолияти зироаткорони мо назаррас аст. Масоҳати калони ѓаллазор аллакай дарав карда, ҳосили хуб ба даст оварда шуд. Ҷамъоварии картошка ва сабзавот идома дорад. Ҳосилнокии ин навъҳои зироат нисбат ба соли гузашта зиёд аст. Дар 9 гектар майдони холишуда, кишти дубораи зироатхои лубиёгӣва бодиринг гузаронида шуд.

Чорводорони мо сол то сол саршумори моли майдаю калон ва маҳсулоти чорворо зиёд мекунанд. Ҳоло дар ҳамаи хоҷагиҳои ноҳия 9912 сар гов, 30289 сар бузу гусфанд парвариш карда мешавад.

Шумораи оилаҳои занбӯри асал 12 фоиз афзуда, ба 3905 расонда шуд. Инчунин дар хоҷагиҳо 25936 сар мурѓ, 396 сар асп нигохубин карда мешавад.

-Маълум мешавад, ки меҳнаткашони ноҳия дар ҳамаи соҳаҳои истеҳсолот хуб кор мекунанд. Хоҳишмандам, мегуфтед, ки вазъи иҷтимоӣ ва фарҳангии минтақа чӣ гуна аст.

-Беҳдошти ҳифзи иҷтимоии аҳолй дар маркази диққати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад. То 1 июли соли равон дар ноҳия 2610 нафар нафақахӯрба қайд гирифта шуд. Аз ин шумора 206 нафар кор карда, 2404 нафар аз шӯъбаи «Амонатбонк» нафақа мегиранд. Дар давоми 6 моҳи гузашта ба онҳо 743822 сомонӣ нафақа дода шуд. Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту идораҳо,корхонаву муассисаҳо оид ба расонидани кӯмакҳои иҷтимоӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанй, табақаҳои камбизоати аҳолй, ятимон, кӯдакон ва пиронсолони барҷомонда диққати махсус дода шуд.

Ба шарафи идҳои Ѓалаба ва 8 март ба ин гурӯҳи одамон тӯҳфаю ёрдампулӣ дода шуд. Ба шарафи иди Вахдат аз тарафи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Эмомалй Раҳмон ба 300 оилаи камбизоати ноҳия 15 тонна орд, 6 тонна биринҷ, 6 тонна шакар, 3 тонна равѓан ва 3 тонна макарон, инчунин ба 61 нафар тарбиятгирандагони интернатҳои назди мактабҳои рақамҳои 1, 2 ва 3 либос тақсим карда шуд. Ба1325 оилаи камбизоат 16960 сомонй ва ба 18 нафар иштирокчиёниҶанги Бузурги Ватанӣ 1995 сомонӣ ҷуброни қувваи барқ ва ба 808 нафар хонандагон, аз оилаҳои камбизоат маблаѓи 16160 сомонй ҷубронпулӣ пардохт карда шудааст.

Шӯъбаи иҷтимоию фарҳангии дастгоҳи раиси ноҳия бо назардошти самаранокии чорабиниҳои идеологӣ ва баланд бардоштани дараҷаи маънавиёти мардум корҳои муайянеро ба сомон расонидааст.

Дар ин давра бахшида ба ҷашни Соли нави мелодй, Рӯзи Артиши Миллӣ, иди занон 8-уми март ва иди Наврӯз дар ноҳия маҷлисҳои тантанавӣ, мусобиқахои варзишй ва консертҳои идона гузаронида шуданд.

Ҳамчунин дар рӯзҳои ҷашн аз тарафи идораю муассисаҳои ноҳиявй ба қисмҳои ҳарбии дар қаламрави ноҳия буда, ба маблаѓи 2680 сомонй ёрй расонида шуда, ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ тӯҳфаҳо такдим гардид.

Ба ифтихори 1150 солагии шоир ва мутафаккири бузурги тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Соли бузургдошти забони тоҷиқӣ як қатор тадбирҳо амалӣ гардид.

Муассисаҳои фарҳангӣ ва фароѓатӣ мувофиқи барномаи махсус ба ин ҷашнвораҳо тайёрӣ мебинанд. Дар ин бобат моҳи декабри соли 2007 қарори раиси ноҳия ба тасвиб расида буд. Мувофиқи барномаи зикршуда тамомиҷамоатҳои деҳот, мактабҳо, марказҳои фарҳангӣ бо шиору овезаҳои «Забон- пояи ҳастии миллат», «Соли 2008- соли бузургдошти забони тоҷикӣ»,«Марги миллат аз марги забон ва марги забон аз бегонапарварии соҳибзабонон сар мешавад» ва монанди инҳо оро дода шуд. Бахшида ба ҷашнвораҳои миллӣмоҳи март конфронси илмӣ-амалии омӯзгорони ноҳиятаҳти унвони «Забон- ёдгории миллат» баргузор шуд. Барои хонандагони мактабҳобо номи «Аз ҳама зебост забони модарии ман» озмуни иншои беҳтарин эълон гардид. Барои сайқали маҳорат ва донишандӯзии мактабиён дар таълимгоҳҳои рақами 6 ва рақами 20доир ба фанҳои математика ва физика, ба забони тоҷикӣвикторина ва озмунҳо гузаронида шуданд.Дар мактаби рақами 11 бошад озмуни гулдӯзиҳои беҳтарин доир гардид.

Бахши ҷавонон ва варзишу саёҳати ноҳия миёни ҷавонон озмуни шеърхонибеҳтаринро дар мавзӯъҳои Ватан, ваҳдат ва Сулҳ, забони модарӣ гузаронд. Дар ин озмун ҷойи авал насиби омӯзгори мактаби рақами 4-и деҳаи Зинг Ҷамилаи Абдураҳмон гардид.

Дар клубу китобхонаҳо низ бахшида ба ҷашнҳои зикршуда шиору овезаҳо, стенду гӯша ва намоиши китоб ташкил карда шуд. Ҳунармандон ва ҳаваскорони санъати ноҳия дар фестивал - озмуни «Андалеб» фаъолона иштирок карданд. Барои пешрафти корҳои фарҳангӣ фароѓатӣ баъзе проблемаҳо садди роҳ шудаанд. Аз ҷумла дар холати вайрона карор доштани Хонаи фарҳанги маркази ноҳия, китобхонаҳои деҳаҳои Даштилуч, Зингроѓ, Тоѓмай ва китобхонаҳои ҷамоати деҳоти Саѓирдашт, набудани мошин дар шӯъба, набудани маблаѓ дар шӯъбаи фарҳанг барои харидани асбобҳои мусиқӣ ба фаъолияти шӯъба таъсири манфӣ мерасонад.

-Лутфан бигӯед, ки вазъи соҳаи маориф чӣ гуна аст?

Шӯъбаи маорифи ноҳия низ баҳри амалӣ намудани ислоҳоти соҳа як қатор корҳоро анҷом дод. Дар ноҳия 53 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, аз ҷумла 21 мактаби миёна, 12 мактаби асосӣ ва 20 мактаби ибтидоӣ фаъолият доранд. Дар онҳо 566 нафар омӯзгор ба таълиму тарбияи 6240 талаба машѓуланд. Дар яслӣ- боѓчаи бачагонаи маркази ноҳия низ 80 кӯдак ва дар интернатҳои назди мактабҳо 61 нафар хонанда тарбият меёбанд.

Айни ҳол дар мактабҳои ноҳия 172 компютер ва 25 принтер мавҷуд буда, аз ин ҳисоб 20 синфи компютерӣ ташкил гардидааст, ки ба ҳар 36 нафар хонанда 1 компютер рост меояд. Чанде пеш Президенти мамлакат ба мактабҳои ноҳия боз 15 компютер ва 3 принтер тақдим кард.

Дар озмунҳои фаннии минтақавӣ 1417 талаба иштирок дошт. 78 нафари онҳо дар озмуни ноҳиявӣ, 28 нафар дар озмуни вилоятӣ ва 4 нафар дар озмуни ҷумҳуриявӣ иштирок намуд. Аз инҳо 1 нафар сазовори медали тилло ва 1 нафар соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Проблемаи асосӣ дар соҳаи маориф нарасидани муаллимони баъзе фанҳо мебошад. Дар мактабҳои ноҳия 110 нафар омӯзгори забонҳои русӣ, англисӣ, риёзӣ, химия, биология ва компютер намерасад. Якчанд бинои мактаб ба таъмири куллӣ ниёз дорад.

-Дар ноҳияи шумо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» чӣ тавр иҷро мешавад?

Маҷлисҳои комиссияи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва ҳалли масъалаҳои муҳим ба пешрафти кор мусоидат мекунад

Дар ҳамаи ҷамоатҳо кормандони комиссияҳои танзими анъана ва ҷашну маросимҳо бо утоқи корӣ таъмин карда шудаанд. Ҳуҷраҳои кории онҳо бо дастурҳои аёнӣ ва таѓиботӣ ҷиҳозонида шудааст. Ҳуҷҷатгузорӣ дар комиссияҳои доимӣ дар асоси саволнома ба тартиб дароварда шудаанд. Дар муассисаҳои тиббӣ, роҳсозй ва фарҳангӣ низ гӯшаҳои тарѓиби қонун ташкилкарда шудаанд. Дар заминаи корҳои тарѓиботӣ ва ташкилӣ сифат ва хароҷоти ҷашну маъракаҳо куллан таѓйир ёфтааст. Тӯйҳо ва маъракаҳо камхарҷ гузаронида мешаванд. Маъракаҳои серхарҷи фотиҳа, тӯйбарон, зиёфати дугонаҳои арӯс, ҳамсинфҳо дар тӯи хонадоршавӣ, оши рӯзи се, бегоҳи ҷумъа, ҳафт, бист ва чанд маъракаҳои дигар аз байн рафтанд.

-Барои сӯҳбат ба Шумо ташаккур баён мекунам.

-Саломат бошед.

Мусоҳиб Б. Каримзода

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

26.0522:12Саидмаруф Саидов таинственно исчез в Москве после решения ЕСПЧ
26.0516:38Саммит в Казани: страны СНГ подписали соглашение об атомной энергии
26.0515:55От восхода до заката. Календарь Священного месяца Рамазан
26.0513:51Пассажирский транспорт в Душанбе: кто кому сколько должен
26.0513:30Сезон тревог и бессонных ночей


Самое обсуждаемое

25.0518:48Мой последний 95-ый(3)
25.0514:18Где тонко, там и рвется... Составлена карта применения пыток в Таджикистане(1)
26.0508:11Марк Цукерберг получил диплом Гарварда(1)
24.0520:06Крепкие рукопожатия: Трамп и Рахмон померились силами(1)
25.0507:39Таджикистан презентовал в Пекине свою национальную стратегию развития до 2030 года(1)
26.0510:59Трудовые мигранты из Киргизии перевели из России рекордную сумму(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312529