Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

30.07.200819:12

Ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар кори он беш аз 50 масъалаи муҳим баррасӣ шуд.

Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷараён дошт, нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои сатҳи роҳбарияти вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва роҳбарии мактабҳои олии сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ таъиншудароба кори бенуқсону содиқона ба манфиати давлату миллат ҳидоят намуд.

Сипас ҳисоботи марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвес титсионии таҳкими системаи идоракунии давлатӣ шунида шуд.

Зикр гардид, ки айни ҳол дар соҳаи идоракунии давлатӣ, омор ва гумрук 4 лоиҳаи инвеститсионӣ бо маблаѓи 81 миллион сомонӣ (23,5 миллион доллари амрикоӣ) амалӣ мегардад ва як лоиҳаи дигар бо маблаѓи беш аз 1 миллион сомонӣ (295 ҳазор доллари амрикоӣ) ба анҷом расидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рафти татбиқи лоиҳаи минтақавии таҳкими гумрук ва рушди инфраструктура, ки ақибмонии зиёд дорад, изҳори норозигӣ карда, ба роҳбарону ҳамоҳангсозони марказҳои татбиқи ин ва дигар лоиҳаҳо оид ба суръат бахшидани корҳо ва бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои қатъӣ дод ва таъкид намуд, ки ҳар се моҳ аз рафти иҷрои лоиҳаҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.

Ба як қатор санадҳои амалкунандаи қонунгузории кишвар таѓйиру иловаҳо маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд, аз ҷумла ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуѓли аҳолӣ», «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ.

Як қатор санадҳои ҳамкорӣ бо кишварҳои Украина, Ҳиндустон, Алҷазоир, Шоҳигарии Белгия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва бо давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай тасдиқ карда шуданд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони зерин бо Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ дар соли 2008 сарфароз гардонда шуданд:

- Шоираи халқии Тоҷикистон Иноят Хоҷаева-маъруф бо тахаллуси Фарзона барои маҷмўаи шеърҳои «Муҳри гули мино»;

- Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ѓойиб барои маҷмўаи шеърҳои «Каъбаи дил»;

- Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Гулчеҳра Содиқова барои силсилаи сурудҳои «Меҳри Ватан-модар»;

- Арбоби ҳунари Тоҷикистон Раҳмат Ботуралиев барои силсилаи сангнигораҳои девории «Искандарномаи Хуҷанд»;

- нависанда Бароти Абдураҳмон барои романи таърихии «Куруши Кабир».

Бо ҳамин қарор ҳамчунин адиб ва олими эронӣ Саид Нафисӣ бо нахустин Ҷоизаи байналмилалӣ дар соҳаи адабиёти тоҷик барои пажўҳишҳои бунёдӣ дар Рўдакишиносии ҷаҳон сарфароз гардонда шуд.

Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистонбо кўмаки тиббию санитарӣ барои солҳои 2008-2009, Нақшаи миллии тадбирҳо оид ба ҳифзи модару кўдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2014, Барномаи рушди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣва Қоидаҳои ташкили низоми тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомўзии шаҳрвандони бекор тасдиқ карда шуданд.

Мутобиқи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистонбо кўмаки тиббию санитарӣ барои солҳои 2008-2009 аз 1-уми августи соли 2008 дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавииНорак, Турсунзода, Данѓара, Сарбанд, Спитамен, Рашт, Шаҳринав ва Варзоб ба Қаҳрамонони Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандагони се дараҷаи Ордени Шараф, Қаҳрамонони меҳнати сотсиалистӣ, ҷанговарони интернатсионалист, зарардидагони садамаи Чернобил, маъюбони ҳарбӣ, кўдакони маъюби то 16-сола, кўдакони ятими дар муассисаҳои махсус тарбиятгиранда, кўдакони то яксола, шаҳрвандони синни 80 ва болотар аз он, пиронидар хона-интернатҳои пиронсолон қарордошта ва монанди инҳо бо як зумра кўмакҳои тиббию санитарии ройгон таъмин карда мешаванд.

Матни пурраи барномаи мазкурдар матбуоти даврӣ чоп мешавад.

Дар маҷлис Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суѓд барои солҳои 2008-2015 тасдиқ карда шуд, ки баъди боздиди порсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иҷро намудани супоришҳои он вақт баёнгашта таҳия гаштааст.

Ба иттилои раиси ноҳия татбиқи барномаи мазкур афзоиши истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои корам, азхудкунии заминҳои боқимондаи дашти Дилварзин, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва васеъ кардани иқтидори корхонаҳои мавҷуда, истихроҷи канданиҳои фоиданок, рушди соҳибкории хурду миёна ва ѓайраро дар назар дошта, бамуҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зинадагии мардум мусоидат хоҳад кард.

Лоиҳаи Низомномаи Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» бо назардошти таклифу пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин нақшаи чорабиниҳои рушди минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии ВМКБ тасдиқ карда шуд. Нақшаи мазкур ба таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳангоми сафари кории ў ба шаҳри Хоруѓ, ноҳияҳои Ванҷ, Рўшон, Ишкошим ва Роштқалъа дар вохўрӣ бо роҳбарон ва фаъолониВМКБ доир ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии вилоят ва вазифаҳо барои солҳои ояндабаён гашта буданд, равона шудааст.

Мутобиқи онтамоми вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳоидахлдори ҷумҳуриявӣ вазифадор шудаанд, кито ҷашни Ваҳдати миллии соли 2010, ки дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ давоми як ҳафта таҷлил мегардад, баҳри омода намудани нақшаҳои генералии бунёдимарказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳои вилоят, сохтмони иншооти сершумори соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, варзишгоҳҳо, нерўгоҳи обии«Санобод», нерўгоҳҳои хурди обӣ, аз худ намуданизаминҳои бекорхобида, ду баробар зиёд карданиқарзҳои хурди бонкӣ ба соҳибкорон, рушди кишоварзӣ ва ѓайра чораҳои таъхирнопазир андешида, аз рафти иҷрои онҳо ҳар моҳ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод намоянд.

Дар фароварди маҷлис Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷўҳи ҳозиринро ба масоили омодагӣ ба ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, таҷлили ҷашни 1150-солагии Абўабдуллоҳ Рўдакӣ, ба зимистони пешомад, аз ҷумла баҳри фаровон захира намудани озуқаворӣ, маводи сўхт аз қабили ангишт ва гази моеъ, барқароркунии шабакаи гармидиҳӣ ба биноҳои баландошёнаи истиқоматии пойтахт ва ҳамчунин ба вусъат додани корҳо дар бунёди нақбҳои мошингарди Шаҳристону Шаршар ва Чормаѓзак, роҳҳои мошингарди Душанбе-Рашт-Ҷиргатол-Саритош, Қурѓонтеппа-Дўстӣ-Панҷи поён, Кўлоб-Қалъаи Хумб, роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвонва ѓайра ҷалб намуда, ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

10.1214:40На юге Таджикистана на АЗС произошел мощный взрыв
10.1213:03Лавров обратился к оператору Reuters по-английски. А затем назвал его дебилом
10.1210:06На юг с пустыми карманами: из-за кризиса мигранты покидают Россию и возвращаются домой
10.1209:50"Заблокированный" год
10.1209:42Президент снял с должностей глав ряда районов Хатлонской области


Самое обсуждаемое

09.1214:20«Барки точик» сообщил о смягчении энерголимита по стране(6)
07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию(3)
09.1221:00Немцы сочли мигрантов главной проблемой(2)
09.1213:17Именной пистолет от Виктора Януковича президентам СНГ(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00