Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

30.07.200810:12

Болоравии нарх дар ҷумҳурӣ

Душанбе, 30 июл. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар нимсолаи аввали соли 2008 дараҷаи афзоиши нархи маҳсулоти саноат дар ҷумҳурӣ 123, 1 фоизро ташкил кард. Бо сабаби қиматшавии нархи нерӯи барқ арзиши он 79,3 фоиз,сӯзишворӣ 38,7 фоиз, орду ярма 32,9 фоиз, металургияи ранга 22,2 фоиз, саноати сабук 20,9 фоиз, масолеҳисохтмонӣ 18,9 фоиз, кимё 17,5 фоиз, хӯрокворӣ 6,5 фоиз ва саноати мошинсозӣ 5, 1 фоиз баланд шуд.

Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ,дар ин давра нархҳои истеъмолии молҳои озуқаворӣ 8,8 фоиз баланд шуд. Аз ҷумла, биринҷ 27,9 фоиз, орди гандуми навъи якум 21,5 фоиз, гӯшти гов 20,7фоиз, гӯшти гӯсфанд 20,3 фоиз, пиёз 20 фоиз, шир 18,9 фоиз, ярмаи гандум 14,2фоиз, консерваҳои сабзавотӣ 13,6 фоиз, қаймоқ 12,4 фоиз, ярмаи марҷумак 12,3 фоиз, нахӯд 10,6 фоиз, шарбатҳои мевагӣ 9,9 фоиз, макарон 9,7 фоиз, кулчақанд 9 фоиз, оби ҷав 8,6 фоиз, моҳии зинда 8,1 фоиз, шакар 7,6 фоиз, конфетҳои шоколадӣ 7,5 фоиз, ҳасиби ҷӯшонидашуда 6,9 фоиз, консерваи моҳӣ 5,9 фоиз, қаҳва 5,3 фоиз, гӯшти мурғи хонагӣ 4,7 фоиз, омехтаи шири хушк 4,1 фоиз, арақ 3,9 фоиз, шири баста 3,1 фоиз ва чой 2,6 фоиз афзуд.

Бояд тазаккур дод, ки сабаби баланд гардидани нархи баъзе навъҳои озуқаворӣ ба баланд гардидани нархи маҳсулоти озуқа дар бозори ҷаҳонӣ вобаста аст. Зеро қисми зиёди хӯрокворӣ ба кишварамон аз давлатҳои хориҷӣ ворид карда мешаванд. Дар ин давра нархи ҷаҳонии нафт низ якборахеле баланд шуд. Ин ба тамоми соҳаҳои иқтисодиёттаъсири манфӣ расонд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

28.0217:17На территории восточного Таджикистана произошло землетрясение
28.0216:44Душанбинский авиаузел
28.0215:55Эмомали Рахмон отбыл в Исламабад(1)
28.0214:28НБТ внедряет новый механизм денежно-кредитной политики
28.0213:51Для вкладчиков кошмар только начинается?


Самое обсуждаемое

24.0207:00Ташкент объяснил – почему отказался принять рейс из Душанбе(7)
25.0211:12Школ мало, детей много: дальше тотальная безграмотность?(5)
27.0213:28Первый авиарейс по маршруту Ташкент-Душанбе состоится в апреле(4)
28.0211:07Предложение от Tcell и Tele2: звоните в Таджикистан в два раза дешевле(1)
28.0215:55Эмомали Рахмон отбыл в Исламабад(1)
27.0217:37Совместное заявление президентов Таджикистана и России(1)
28.0217:35Эмомали Рахмон принимает участие в заседании глав членов ОЭС(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312505