Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

30.07.200812:12

Дар Панҷакент 191 барномаи иловагӣ дар соҳаҳои боғдориву човодорӣ амалӣ мешавад

Душанбе, 30 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). - Маркази дастгирии хусусигардонии хоҷагиҳо дар доираи Барномаи инкишофи истеҳсолоти кишоварзӣ ва идораи ҳавзаи дарёҳо, ки дар заминаи шартномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқ мешавад, дар якчанд ноҳияҳои ҷумҳурӣ барномаҳои иловагиро амалӣ мегардонад.

Барномаи инкишофи истеҳсолоти кишоварзӣ ва идораи ҳавзаи дарёҳо дар 7 ноҳияи ҷумҳурӣ - Панҷакент, Айнӣ, Ванҷ, Тоҷикобод, Ҷиргатол, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Данғара амалӣ карда мешавад.

Дар 10 ҷамоати ноҳияи Панҷакент 191 барномаи иловагӣ дар соҳаи ривоҷи боғдорӣ ва чорводорӣ мавриди иҷро қарор гирифтааст. Маблағи умумии онҳо 668413 доллари ИМА буда, 432784 доллари он кӯмаки маҷҷонӣ мебошад.

Дар Маркази дастгирии хусусигардонии хоҷагиҳо ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфтанд, ки маблағҳо ба самтҳое равона гардидаанд, ки эҳтиёҷоти аҳолӣ ба онҳо бештар аст. Дар мавриди татбиқи барномаҳои мазкур 3050 хоҷагӣ ва 15454 нафар одамон баҳра бардошта, 131055 бех дарахтони мевадиҳандаву сояафкан шинонда мешавад.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки тамоми корҳои татбиқи барномаҳо дар ин минтақа бо ҳамкории Созмони кишоварзии Олмон амалӣ карда, ба ҷараёни татбиқи онҳо занони маҳаллӣ низ сафарбар карда мешаванд, ки ба туфайли ин занони деҳот бо кор таъмин мегарданд .

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

25.0311:42На юге Таджикистана мужчина задушил женщину «из-за личной неприязни», — МВД
25.0309:32Грузовик «Дулан» опрокинулся в водосточный канал Душанбе. Погибли двое
25.0309:14МИД России разъясняет россиянам, как вести себя в Таджикистане
24.0322:23В Москве прошел дипломатический прием по случаю Навруза
24.0313:20Президент ознакомился с ходом реконструкции санатория «Зумрад» в Исфаре


Самое обсуждаемое

24.0311:56Как исфаринцы Эомали Рахмона встречали(2)
24.0311:16Губернатор Новосибирска запретил таджикским мигрантам варить пиво и сидеть с детьми(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312521