Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

30.07.200815:12

Маъракаи кишти такрорӣ ба охир мерасад

            Душанбе, 30 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Кишоварзони мамлакат кишти такрории зироатҳоро муташаккилона идома медиҳанд. То имрӯз дар миқёси ҷумҳурӣ дар масоҳати 86 ҳазору 308 гектар такроран зироат корида шуд , ки ин ба 85, 5 фоизи нақшаи солона баробар аст. Дар ин давра дар масоҳати 21161 гектар такроран ҷуворимакка,5178 гектар шолӣ, 8828 гектар ғалладона,467 гектар картошка,7216 гектар сабзавот, 1400 гектар зироатҳои полезӣ, 1145 гектар зироатҳои техникӣ ва 40913 гектар зироатҳои хӯроки чорво корида шуд.

Айни ҳол кишти такрорӣ идома дорад ва деҳқонон бояд дар масоҳати 14 ҳазору 692 гектар кишти такрорӣ гузаронанд.

      Ёдовар мешавем, ки дар маъракаи кишти такрорӣ кишоварзони вилояти Хатлон пешсафанд. Оҳо самаранок меҳнат карда, нақшаи кишти такрориро 99,6 фоиз иҷро карданд. Аз ҷумла, нақшаи кишти такрорӣ дар ноҳияҳои Кӯлоб ва Фархор101 ва 100,9 фоиз иҷро карда шуд. Кишоварзони ноҳияҳои Бохтар ва Ҷилликӯл низ ба марра наздик мешаванд.

Суръати кишти такрорӣ дар вилояти Суғд нисбатан суст аст. Дар ин ҷо то имрӯз нақшаи пешбинишуда 43,8 фоиз иҷро шудаасту халос. Дар маъракаи кишти такрорӣ деҳқонони ноҳияи Зафаробод дар сафи пеш қарор доранд. Онҳо нақшаи кишти такрориро 104,8 фоиз иҷро намуда, мақсад доранд, кимасоҳати кишти зироатҳои такрориро васеъ намоянд.

Дар байни ноҳияҳои тобеи марказ деҳқонони ноҳияи Ҳисор пешсаф буда, нақшаи кишти такрориро 195,4 фоиз иҷро карданд. Онҳо ба ҷои 1030 гектар дар майдони 2013 гектар кишти зироатҳои такрорӣ гузарониданд. Кишоварзони ноҳияи Турсунзода нақшаи кишти такрориро 106,2 фоиз иҷро карда, ба ҷои 2864 гектар дар майдони 3041 гектар зироатҳои гуногун кориданд.

Аз ҷумла, дар ин ҷодар масоҳати 2081 гектар шолӣ корида шуд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

23.0618:49Отец Манучехра: "Моего сына убили или довели до самоубийства"
23.0615:17Учителя стали штукатурами, торговцы – главными инвесторами. Как в Вахдате идет подготовка к празднику
23.0614:18Россотрудничество открывает филиал в Худжанде(1)
23.0614:03Свата президента Эмомали Рахмона похоронили в Дангаре
23.0613:56В Дангаре простились с Камолом Нуралиевым, сватом президента


Самое обсуждаемое

23.0614:18Россотрудничество открывает филиал в Худжанде(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312548