Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

30.07.200816:12

Мусодираи маводи нашъадор дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе

Душанбе, 30 июл. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).-Кормандони гумруки майдони ҳавоии Раёсати минтақавии гумруки шаҳри Душанбе ҳангоми азназаргузаронии бағоҷи мусофирони ҳавопаймои Душанбе - Санкт Петербург шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбоналӣ Иброҳимови 22-сола, истиқоматкунандаи шаҳри Душанберо дар интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар гумонбар дониста, аз парвоз боздоштанд.

Аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки кормандони гумрук аз дохили ду қуттӣ мева 6 халтачаи селофании пур аз мағзи бодом ва пистаро пайдо намуданд. Нашъаҷаллобон мағзи бодом ва пистаҳоро ба таври сунъӣ аз маводи нашъадори героин тайёр намуда буданд ва Қурбоналӣ Иброҳимов мехост ҳамаи онро ба ивази гирифтани ҷойи кор дар Санкт Петербург бо роҳи қочоқ ба хориҷи кишвар интиқол диҳад.

Тибқи натиҷаҳои ташхис маводи мусодирагардида героин буда, вазни холиси он 13 килограмму 846 граммро ташкил медиҳад.

Оид ба ин воқеа нисбати Қурбоналӣ Иброҳимов парвандаи ҷиноӣ кушода барои гузаронидани тафтиши пешакӣ ба Прокуратураи нақлиётӣ фиристода шуд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

11.1212:48И вновь суд - за неуважение к суду
10.1214:40На юге Таджикистана на АЗС произошел мощный взрыв
10.1213:03Лавров обратился к оператору Reuters по-английски. А затем назвал его дебилом
10.1210:06На юг с пустыми карманами: из-за кризиса мигранты покидают Россию и возвращаются домой(3)
10.1209:50"Заблокированный" год


Самое обсуждаемое

09.1214:20«Барки точик» сообщил о смягчении энерголимита по стране(11)
10.1210:06На юг с пустыми карманами: из-за кризиса мигранты покидают Россию и возвращаются домой(3)
09.1221:00Немцы сочли мигрантов главной проблемой(2)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00