Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

31.07.200814:12

Чашмандоз

           Шарҳи матбуот

           Панҷшанбе, 31 июл. АМИТ «Ховар»

           Бурҳониддин Каримзода

Мавзӯи матолиби матбуоти ин ҳафтаина мухталиф аст. Валеба назар мерасад, кимавзӯи варзиш дар мадди назари аввал қарор дорад. Ин, албатта табиист ва вобаста аст ба мусобиқоти бонуфузи ҷаҳонии варзишии Олимпиадаи Пекин, ки 8 август дар пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин оѓоз меёбад.

Дар ин робитарӯзномаи «Ҷумҳурият»хабари АМИТ «Ховар»-ро дар ҳошия аввал чоп кардааст, ки дар он аз ҷумла зикр ёфтааст:

«29 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи варзишгарони тоҷикро, ки дар бозиҳои 29-ӯми Олимпӣ иштирок мекунанд, ба ҳузур пазируфт. Тоҷикистонро дар Бозиҳои29-ӯми олимпии шаҳри Пекин 14 нафар беҳтарин варзишгари тоҷик дар риштаҳои бокс, гуштини дзю-до, гуштини тарзи озод, камонварӣ, шиноварӣ, вазнбардорӣ ва варзиши сабук намояндагӣ мекунанд.»

Бисёр нашрияҳо, аз ҷумла «Вечерный Душанбе», «События», «Азия плюс», «ҶавонониТоҷикистон» сурати варзишгарони Тоҷикистонрочоп кардаанд.«Дар Олимпиадаи Пекинмасъулияти бардоштани парчами давлатии Тоҷикистон ба гурзандоз Дилшод Назаров гузошта шуд»- қайд шудааст дар «Чархи гардун».

            Нашрияҳо ҳамчунин хабар додаанд:

26 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии мардумии Чин Ян Тсзечинро, ки баҳри иштирок дар ҷаласаи навбатии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ва ба сафари расмӣба шаҳри Душанбе омадааст, ба ҳузур пазируфт»- иттилоъ додааст «Садои мардум». Аз ин рӯзнома ҳамчунин метавонед зери унвонҳои «Чаро нархи ангишт дандоншикан шуд?», «Сафарҳои корӣ- мусоидат ба ҳалли масоил», «Неругоҳи Роѓун –бузургтарин сарвати миллии мо», «Қонуншиканӣ дар тақсиму истифодаи замин» мақолаҳоро бихонед.

«Ҷавонони Тоҷикистон»вобаста ба нишасти қарибулвуқӯъи сарони давлатҳои узви СҲШ тафсири С.Асозодаро бо номи «СҲШ созмони низомӣ нест» ба табъ расондааст. Муфассирзимни баррасии мавзӯ изҳори боварӣ кардааст, ки «Аз дар сатҳи баланд баргузор гардидани вохӯрии сарони давлатҳои СҲШ дар шаҳри Душанбе умеду боварии мардуми муқими давлатҳои узви созмон ба ояндаи Созмони ҳамкории Шанхай боз ҳам қавӣ мегардад ва имрӯзу фардо ҳам СҲШ кафили сулҳу боварӣ дар минтақаю омили асосии рушду муносибатҳои гуногунҷабҳаи давлатҳои аъзо боқӣ хоҳад монд»

Омодагӣ ба зимистон,таъминоти аҳолӣ бо барқу газ, амнияти озуқавории мамлакат ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ аз мавзӯҳои доимии Воситаҳои ахбори умум аст.

«Муовини сармуҳандиси ширкати саҳҳомии ҳолдингии кушодаи «Барқи тоҷик» Р.Раҳимов изҳор дошт, ки дар ҷумҳурӣ ҷорӣ кардани реҷаи маҳдуди истифодаи барқ шояд аз моҳи август оѓоз гардад ваширкат бо чунин дархост ба ҳукумат муроҷиат кардааст»,- иттилоъ додаст ҳафтаномаи «Чархи гардун». Ин дар ҳолест, ки зикр ёфтааст дар охири хабар «вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ дар нишасти матбуотӣ изҳор дошта буд, ки меъёри истифодаи барқ дар Тоҷикистон пас аз 9 сентябр ҷорӣ мегардад»

Доир ба сабабҳои қимматшавии орду гандум зимни пурсиши хабарнигори ҳафтаномаи «Нури зиндагӣ», сардори Дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар Ѓафур Расулӣ аз ҷумла гуфтааст: « Яке аз ин сабабҳо, дар аксарияти кишварҳои ҷаҳон ба ҷойи сӯзишворӣ истифода бурдани баъзе зироат мебошад. Масалан, дар Бразилия, Амрико, Ҷопон ва дар дигар кишварҳо, инчунин дар Россия бисёр заминҳое, ки барои кишти ѓалла пешбинӣ шудааст, дар онҳо зироатҳое кошта мешавад, ки аз он зироатҳо сӯзишворӣ барои нақлиёт истеҳсол мешавад…»

Хар кадом нашрия дар саҳифаҳои худ мавзӯи маърифати мардум, фарҳангу варзиш, таълиму тарбияи наврасону ҷавононро ҷой додаанд.

Доир ба таваҷҷӯҳи мардум ба китобу китобхонӣ зимни як мусоҳиба дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» адиби шинохтаи тоҷик, Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун иброз доштааст: «Ба назари ман, масъалаи китоб нахондан ё камтаваҷҷӯҳии ҷомеа ба китоб муваққатӣ аст: ин ҷараён ҳатман паси сар мешавад, зеро минбаъд хоҳу нохоҳ мутахассисони соҳибмарифат, ба вижа маърифати замонавӣ дар идораи давлатӣ бояд кор кунанд»

«Омӯзгор» бошад иттилоъ додааст, ки « Дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ давраи қабули ҳуҷҷатҳои довталабон ба поён мерасад. Бино ба маълумоти комиссияҳои қабул имсол теъдоди довталабон нисбат ба солҳои пешин хеле зиёд аст ва аз ин рӯ, имтиҳонҳои қабул дар сатҳи баланд ва бо сабқати ҷиддӣ баргузор хоҳанд шуд».

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

08.1218:30Ностальгия по СССР. Таджикистанцы тоскуют по "потерянному раю"
08.1217:44Интересные факты о Таджикистане
08.1216:25“Мамочка, я очень-очень люблю тебя!”
08.1215:43Таджикская принцесса оправдалась за свадебное платье в 40 миллионов рублей
08.1215:15Президент Узбекистана предложил сделать должность глав администраций выборной


Самое обсуждаемое

07.1207:59Власти Таджикистана планируют в два раза сократить уровень бедности(6)
05.1211:34Таджикистан перейдет на 12-летнее образование в 2020 году(6)
07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию(2)
08.1215:2825 лет без СССР(1)
07.1216:01Как Душанбе сделать туристической столицей? Голосуйте!(1)
08.1214:51В министерстве культуры обсужден вопрос о переносе памятника Абуали Сино(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00