Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

31.07.200813:12

Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон маҷлиси нахустини Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои инвеститсионӣ баргузор гашт.

Дар маҷлисинахустини Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои инвеститсионӣ Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов, роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Раиси Асоциатсияи миллии соҳибкории хурду миёна Матлуба Улҷабоева, Директори Бонки таҷдид ва рушди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Масару Хонма, Директори Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушд (USAID) дар Тоҷикистон Кэролин Брайн, роҳбарони як зумра корхонаю ширкатҳои ватанию хориҷиидар Тоҷикистон фаъолияткунанда, аз ҷумла Президенти ширкати «Тетис Петролиум Тоҷикистон лимитид»(TethysPetroleum) ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Дар маҷлиси нахустин пеш аз ҳама масъалаҳои ташкили кор баррасӣ шуданд. Аз ҷумла сохтор ва усули кори Шўро, низомномаи Котиботи он, тарзи интихоб ва ивазшавии аъзои ѓайридоимӣтасдиқ карда шуданд.

Ҳамин тариқ Шўрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои инвеститсионӣ аз 9 аъзо иборат буда, таҳти раёсатиПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фаъолият мекунад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири мамлакат, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ – Котиби масъули Шўро, намояндаи доимииБонки таҷдид ва рушди Аврупо дар Тоҷикистон, Директори Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушд ва роҳбари Котибот аъзои доимии Шўрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои инвеститсионӣ ба шумор мераванд.

Аъзои ѓайридоимии Шўрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои инвеститсионӣ аз ҳисоби соҳибкорони ватанию хориҷии дар Тоҷикистон фаъолияткунанда бо пешниҳоди ҷомеаи соҳибкорӣ интихоб карда мешаванд.

Зимни муҳокимарониҳои имрўза дар маҷмўъ аз фазои инвеститсионии Тоҷикистон ва тадбирҳое, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин роҳ амалӣ карда мешаванд изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Фаъол шудани механизми «Тирезаи ягона» барои бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва эълони мароторияи дусолаи худдорӣ аз санҷишҳои субъектҳои соҳибкорӣ аз тадбирҳои пурарзиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод гаштанд.

Президенти ширкати «Тетис Петролиум Тоҷикистон лимитид» Девид Робсон изҳор дошт: «Ман ҳамчун сармоягузори хориҷӣ аз фазои инвеститсионии Тоҷикистон хушҳолам, мушкилӣ шояд танҳо дар он бошад, ки дар ин бора дигар сармоягузорон хубиттилоъ надоранд».

Ба гуфтиРаиси Асоциатсияи миллии соҳибкории хурду миёна Матлуба Улҷабоева Тоҷикистон дар соли 2008-ум аз рўйи нишондоди рейтингии «Иҷрои қарордодҳо» дар ҷаҳон ҷойи 23-юмро ишѓол намуда, аз Британияи Кабир, Шветсария, Қазоқистон ва 152 кишвари дигар пеш гузаштааст. Аз рўйи нишондоди «Бақайдгирии моликият» бошад ҷойи 43-юмро ишѓол намуда, аз Олмон, Япония, Италия, Гонконг, Россия ва бисёр кишварҳои дигар болотар ҷой гирифтааст.

Қарор шуд, ки дар ҳар як маҷлиси Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои инвеститсионӣ як масъала баррасӣ гардад. Ба баррасии маҷлиси ояндаи Шўро масъалаи такмили низоми иҷозатномадиҳию назоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шўрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои инвеститсионӣ Эмомалӣ Раҳмон изҳори умеду боварӣ намуд, ки бо фаъол гаштани ин шўро ва ба машварат бо ҳукумат ҷалб шудани худи соҳибкорон ва созмонҳои мададрасон баҳри расидан ба ҳадафҳои муайяншуда ва таъмин кардани пешрафту тараққиёти бештари иқтисоди кишвар натиҷаҳои дилхоҳ ба даст меоянд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

21.0117:18Зоиров: "Оставить Шухрата Кудратова в тюрьме - должностное преступление"
21.0112:39Трамп подписал указ об отмене Obamacare
21.0111:48Следствие смягчило обвинения фигурантам бойни на Хованском кладбище
21.0111:32«Самые честные налогоплательщики в Таджикистане – китайцы»


Самое обсуждаемое

18.0106:31Рустам Эмомали будет управить столицей из Дворца президента(8)
16.0110:42Ректор ХГУ: Мы надеемся на восстановление связей с вузами Узбекистана(8)
19.0117:1345% россиян недовольны положением дел в стране(2)
20.0112:16«Памир Энерджи» не стала вводить дополнительный энерголимит в ГБАО(1)
21.0107:32Мемориал Гранаткина: «Молодежка» Таджикистана заняла «утешительное» 15-е место(1)
21.0109:30По делу ДТП с участием сына вице-премьера проведено несколько экспертиз(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156258