Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

01.08.200809:12

Ҷашни 1150-солагии Рӯдакӣ дар Пекин

Душанбе 31 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Бо ташаббуси сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва бо кӯмаки Ассосиатсияи халқии робита бо кишварҳои хориҷии ин мамлакат ҳафтаи гузашта дар Пекин бахшида ба 1150 - солагии асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллои Рӯдакӣ ҷамъомади серодам баргузор гардид.

Аз Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷамъомад намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ва дипломатии Ҷумҳурии Мардумии Чин, донишмандон ва мутахассисон иштирок карданд.

Сафири Тоҷикистон дар Чин Рашид Олимов, раиси Асоссиатсияи халқии робита бо кишварҳои хориҷӣ Чен Хаосу, профессори Донишгоҳи миллии Чин Ху Чженхуа дар бораи ҳаёту фаъолият ва истеъдоди беҳамтои Рӯдакӣ сухан ронданд.

Дар ҷамъомад намунаҳои ашъори шоири бузург бо забонҳои тоҷикӣ ва чинӣ қироат карда шуданд. Рассомони номии Чин Чжоу Сюосин ва Май Синмин ба сафорати Тоҷикистон ду расми Рӯдакиро, ки бо услуби хосаи санъати классикии чинӣ кашида шудаанд, ҳадя намуданд. Ба наздикӣ Бюрои маъмурияти давлатии почта ва нашри маркаҳои Чин чор маркаро бахшида ба ҷашнвораи Рӯдакӣ аз чоп баровард, ки намунаи онҳо ба иштироккунандагони ҷамъомад тӯҳфа карда шуд.

Дар фарҷоми ҷамъомад Рашид Олимов ба Чэн Хаосу, профессор Ху Чженхуа,рассомон Чхоу Сюосин ва Май Синмин нишонҳои хотиравиро бо акси Абӯабдуллои Рӯдакӣ тақдим намуд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

16.0117:17Президент снял с должности одного из заместителей министра культуры
16.0116:01В приговорах Зайда Саидова и Бузургмехра Ерова нет ничего политического, — глава ВС Таджикистана
16.0115:31В Китае обнаружена пшеница 2800-летней давности
16.0115:25В Таджикистане грядут сильные морозы. ФОТО


Самое обсуждаемое

13.0119:20Да будет "свет"! Энерголимит в Таджикистане будет снят в разгар зимы(5)
16.0112:14Как откупиться от Китая?(1)
16.0110:42Ректор ХГУ: Мы надеемся на восстановление связей с вузами Узбекистана(1)
16.0114:10Услуги ЕКЦ для мобильных операторов подорожали на треть(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156254