Худи ҳамин рўз ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин раисони ноҳияҳои Ҳисор, Ёвон, Данғара ва Ваҳдат телефонӣ ҳисобот доданд.
Аз рафти кишти такрорӣ дар ин ноҳияҳо изҳори қаноатмандӣ карда шуд, хусусан аз ноҳияҳои Ҳисору Данғара, зеро то 28 июли соли равон деҳқонони ноҳияи Ҳисор ду баробари нақша ва Данғара баробар ба 122 дар сади нақша заминҳои обиро дубора истифода бурдаанд.
Дар ноҳияҳои Ваҳдату Ёвон ин нишондод мутаносибан ба 96 ва 90 дар сади нақша баробар шудааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо оид ба ҷамъоварии беталафи ҳосили ғалладона, сабзавоту полезӣ, зироатҳои лўбиёгию хўроки чорво ва таъмини захираи фаровон барои зимистон дастуру супоришҳои мушаххас дод. «Захираи фаровони маводи сўхт ва зиёд кардани нуқтаҳои фурўши ангишту гази моеъ низ бояд аз мадди назар дур намонад», - таъкид намуд Сарвари давлат.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди раиси вилояти Суғд ва раисони ҳамаи ноҳияҳои номбурдаҳамчунин оид ба ғамхорӣ ба эҳтиёҷоти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, омодагии ҷиддӣ ба соли нави таҳсил, таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ ва таъмини онҳо бо ашёи хониш супоришҳои мушаххас гузошт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.