Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

11.08.200815:11

Ҳавои ғуборолуд то охири ҳафта боқӣ мемонад

          Душанбе. 11 август. «АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Чангу ғубори сахте, ки аз дирӯз фазои кишварамонро фаро гирифтааст, то 15 август идома меёбад, гуфт дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини сардори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҲукуматиҷумҳурӣМаҳмад Сафаров.

Вай иброз дошт, ки чангу ғубор аз ҷануби кишварамон, аз самтишимоли Афғонистон, Эрон ва Ироқ бархоста,ба Тоҷикистон ворид гардидааст. Ҳавои ғуборолуд дар натиҷаи ҳавои гарму хушк ва вазидани шамоли сахт дар биёбонҳои кишварҳои номбурда бархостааст. Суръати вазиши он дар як сония 12 -17 метр буда, ҳатто дар минтақаҳои баландкӯҳи Помири Шарқӣ, хусусан ноҳияи Мурғобмушоҳида мешавад. Чангу ғубор инчунин, фазои дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ     -Ӯзбекистону Қирғизистон ва Туркманистону қисмати ҷанубии Қазоқистонро фаро гирифтааст.

Чунин ҳавои ғуборолуд дар байни мардум бо номи боди афғон маъмул буда, дар як сол қариб 5-6 маротиба, хусусан дар мавсими тобистону тирамоҳмушоҳида мегардад ва аз 3 то 7 рӯз идома меёбад. Дар ин давра ҳарорати ҳаво паст мешавад. Чунин вазъи ҳаво пеш аз ҳама ба саломатии онҳое, ки гирифтори бемориҳои роҳи нафас, сактаи дил, аллергия ва фишори хун мебошанд, таъсири манфӣ мерасонад. Инчунин,таъсири чунин ҳавои ғуборолуд ба соҳаи кишоварзии мамлакат, хусусан нашъу нумӯипахтаи маҳиннах ва дигар меваҷоту сабзавотниз калонбуда, ба ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва ҳавоӣ низ халал мерасонад.

Ҳамчунин ҳафтаи қабл дар ҷумҳурӣ чунин ҳавои ғуборолуд мушоҳида гардида буд, ки он дар натиҷаи вазидани мавҷи ҳавои сард аз қисмати шимолу ғарби мамлакат вадавраи анҷом ёфтанифасли тобистон ба амал омада, то се рӯз идома ёфт. Ва ончангу ғубор аз ҳавзаи баҳри Арал бархоста, намаки ин ҳавзаро, ки дар натиҷаи хушк шудани баҳри мазкур ҳосил шудааст, ба фазо баровард.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

05.1206:54На выборах президента Узбекистана проголосовало около 88% избирателей
05.1206:15Прокуратурой города Душанбе выявлены факты нарушения прав потребителей электроэнергии
04.1215:34Узбекистан выбрал нового президента
04.1215:01День рождения Пророка: без помпезности и угощений
04.1212:14Жизнь в гараже. ВИДЕО


Самое обсуждаемое

03.1209:12Эмомали Рахмону построят новые резиденции(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312587