Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы



Аренда биотуалетов
Аренда туалетных кабин

Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

11.08.200809:11

Дар Тоҷикистон марказҳои фурӯши гӯшт ва тухми мурғи Мозандарон ташкил мешавад

Душанбе, 11 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). –Иттиҳодияи ширкатҳои кооперативии кишоварзии тавлид ва тавзеи мурғ ва тухми мурғи Мозандарон азм дорад, дар Тоҷикистон фурӯши гӯшт ва тухми мурғро ба роҳ андозад.

Роҳбари иттиҳодияи мазкур Носир Умрони Муҳаммадӣ дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки шароити иқлим ва қонунгузориҳои мавҷудаи Тоҷикистон имкон фароҳам месозанд, ки ин ҷо фаъолиятро ба роҳ монда, корхонаҳои муштарак таъсис дода шавад.

Вай тазаккур дод, ки масъалаи ҷудо намудани қитъаи замин барои бунёди чунин дӯкону мағозаҳо айни замон дар ҳоли баррасӣ аст.

«Мо ният дорем, ки ба тоҷикистониён маҳсулоти хушсифати ҷавобгӯи талаботи меъёрҳои байналмилалиро пешниҳод созем ва марказҳои фурӯши худро дар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон кушоем», - идома дод роҳбари иттиҳодия.

Иттиҳодияи ширкатҳои кооперативии кишоварзии тавлид ва тавзеи мурғ ва тухми мурғи Мозандарон яке аз бузургтарин тавлидкунандагони

гӯшт ва тухми мурғи Эрон буда, нишони сифати Аврупоро дорост. Иттиҳодия ҳамасола 112 навъи маҳсулоти гӯшту тухми мурғро ба миқдори 25 ҳазор тонна истеҳсол мекунад.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

26.0620:33Эмомали Рахмон: «Гражданская война была навязана внешними силами»
26.0612:13Более 120 человек сгорели заживо при взрыве бензовоза в Пакистане (видео +18)
26.0611:06В Таджикистан отгружена первая партия автомобилей JAC казахстанской сборки
26.0609:06Таджикистан отмечает Ид аль-Фитр. ВИДЕО
25.0615:26Тысячи мусульман в России участвовали в праздничном намазе. 2 ВИДЕО


Самое обсуждаемое

26.0616:09В Таджикистане проходит акция «Я против пыток сегодня, завтра, всегда!»(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312529