Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

11.08.200809:11

Намоишгоҳи ихтисосии вилояти Мозандарони Эрон идома дорам

Душанбе, 11 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). –Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид изҳор дошт, ки ин нахустин намоишгоҳи вилояти Мозандарон дар Тоҷикистон аст ва дар он маҳсулоти корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, гӯшт, чой, рустаниҳои доруворӣ, таҷҳизоти бандубаст, масолеҳи сохтмон, маснуоти пластикӣ, лавозимоти дафтари корӣ ва ороиши меъмории биноҳо пешкаш мегарданд.

Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғаффор Раҳмонов иброз дошт, ки муносибатҳои тиҷоратии Тоҷикистону Эрон ҳамеша дар ҳоли густариш қарор доранд.

Вай тазаккур дод, ки дар намоишгоҳ сармоягузорони вилояти Мозандарон ҳузур доранд ва омодаанд, ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муштарак маблағгузорӣ намоянд. «Бо назардошти тавсияҳои ҳукумат дар бораи рушди соҳаи мурғпарварӣ мо ширкатҳои бузурги мурғпарварии Мозандаронро даъват намудем, то имкони таъсиси корхонаҳои муштарак дар ин соҳа фароҳам оварда шавад, - идома дод А. Раҳмонов.

Вилояти Мозандарон бо истеҳсоли шоливу гандум ва меваҳои ситрусӣ маъруф гашта, дар он ҷо минтақаи озоди иқтисодӣ амал мекунад ва бахши сайёҳӣ рушд ёфтааст. Намоишгоҳ дар Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» то 14-уми август идома хоҳад ёфт.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

21.0211:23На узбекско-таджикской границе разрушили «Каримовскую стену»
21.0210:51Президент открыл в военном институте новый учебный корпус авиационного факультета
21.0209:06В Таджикистане нашлись родственники 10-летней Марьям из багдадского приюта
21.0206:40По итогам госвизита Шавката Мирзиёева в Душанбе будут подписаны свыше 20 новых соглашений
20.0219:28Нуъмонджон Шарифов: "Я добровольно вернулся в Таджикистан"


Самое обсуждаемое

19.0212:15Президент Таджикистана посетит с официальным визитом Казахстан(2)
19.0214:06В Вахше ищут тех, кто водрузил на крышах домов черные флаги ИГ(2)
19.0219:20Российский пенсионер порезал трех мигрантов в Германии(2)



(C) 2001-2018 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0468776