Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

12.08.200811:11

Истгоҳҳои нақлиётии байнишаҳрии ғайрирасмӣ дар ҳудуди пойтахт барҳам дода мешаванд

Душанбе, 12 август. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Роҳбари шаҳр омода аст барои бо сӯзишворӣ таъмин намуданидастгоҳҳои дизелии барқии муассисаҳои маорифу тандурустии пойтахт, дар сурати аз буҷети ноҳияҳо напардохтани маблағҳои зарурӣ дар ин самт барои харидории сӯзишворӣ мусоидат кунад, -гуфт раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, дар маҷлиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.

Котиби матбуоти раиси шаҳр Шавкат Саидов хабар дод, ки раисони комиссияҳои депутатӣ Ҳ. Фақировва М. Ҷабборова дар бораи натиҷаҳои санҷиши соҳаҳои номбурда гузориш доданд. Муайян гардид, ки қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 17 апрели соли 2008, ба истиснои муассисаҳои фарҳангӣ, иҷро шудааст.

Раиси шаҳр фаъолияти анҷомдодаи масъулини соҳаи фарҳанги шаҳрро танқид карда, барои ислоҳи вазъият ду ҳафта мӯҳлат дод. Вай аз комиссияҳои депутатӣ талаб кард, ки дурустии рақамҳои ҳисоботиро оид ба корҳои анҷомдода, пайваста мавриди санҷишу таҳлил қарор диҳанд.

Дар робита масъалаи қатъ намудани фаъолияти истгоҳҳои ғайрирасмӣ ва ғайриқонунии нақлиёти байнишаҳрӣ дар ҳудуди пойтахт раиси комиссияи депутатӣ М. Анваров гузориш дод.Дастур дода шуд, ки ҳамроҳи Бозрасии давлатии автомобилии шаҳрӣдар мӯҳлати як ҳафта ба фаъолияти истгоҳҳои ғайрирасмӣ ва ғайриқонунии нақлиёти байнишаҳрӣ дар ҳудуди пойтахт хотима бахшида шавад.

Дар маҷлис, инчунин масъалаи вазъи санитарию экологӣ ва таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ баррасӣ шуд. Маҳмадсаид Убайдуллоев бори дигар таваҷҷӯҳи раисони ноҳияҳо ва гурӯҳҳои кории таъсисдодаи шаҳрро оид ба ташкили мақсадноки маъракаи ободонӣ ва тозагии пойтахт нигаронида, муқаррар кард, ки раисони ноҳияҳо ва масъулини сохторҳои марбутаи назорати давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҳар рӯз дар бораи вазъи сантирию экологӣ шахсан ба Раиси шаҳр ҳисобот диҳанд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

09.1218:08«Як чи парто». За что мы ежедневно даем «на лапу»
09.1214:58С.Аслов заявил о недопустимости участия криминальных лиц на мероприятиях ОБСЕ
09.1214:48Житель Исфары подозревается в покушении на убийство
09.1214:41ОДКБ требует не пустить "преступников" на заседания ОБСЕ
09.1214:20«Барки точик» сообщил о смягчении энерголимита по стране(1)


Самое обсуждаемое

07.1207:59Власти Таджикистана планируют в два раза сократить уровень бедности(6)
07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию(3)
09.1214:20«Барки точик» сообщил о смягчении энерголимита по стране(1)
09.1213:17Именной пистолет от Виктора Януковича президентам СНГ(1)
09.1221:00Немцы сочли мигрантов главной проблемой(1)
08.1215:2825 лет без СССР(1)
08.1214:51В министерстве культуры обсужден вопрос о переносе памятника Абуали Сино(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156255