Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

12.08.200810:11

Китобҳои нав бахшида ба ҷашни Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ

            Душанбе, 12 август (АМИТ «Ховар», Бурҳониддин Каримзода).-Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурамали тавсиявиро барои муассисаҳои фарҳангии кишвар, таҳти унвони «Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ - қофиласолори назми классикии тоҷик» аз чоп баровард. Кормандони ин муассисаҳо аз рӯи дастурамали мазкур метавонанд бахшида ба 1150 - солагии сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс устод Рӯдакӣ чорабиниҳои хешро созмон диҳанд.

-Бахшида ба ҷашни устод Рӯдакӣ ва Соли бузургдошти забони тоҷикӣ ходимони мо корҳои зиёдро анҷом медиҳанд,- гуфт ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори пажӯҳишгоҳ, номзади илмҳои педагогӣ Ҷелмат Шерматов,- Алҳолкитоби оҳангсози шинохтаи тоҷик, профессор Ҷурахон Обидпур таҳия ва ба дасти чоп супурда шуд, ки «Ритмикаи ашъори устод Рӯдакӣ» ном дорад. Дар мавзӯи мусиқишиносии Рӯдакӣ ин рисолаи илмӣ аввалин пажӯҳиши пурарзиш аст. Аз ҷумлаи нашрияҳои ҷашнӣ хулосаи таҳлилию библиографии доктори илми филология, профессор Иброҳим Усмонов зери унвони «Назаре ба таҳқиқот дар соҳаи журналистика» низ ба чоп супурда шуд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

22.0413:34Хушбахт покончил с собой из-за несчастной любви
21.0410:09Авиацию помирим, мигрантам поможем: итоги переговоров Шувалова и Расулзода
21.0410:01Армия Таджикистана поднялась на 16 позиций в мировом рейтинге военной мощи
21.0409:31Четыре человека задержаны сотрудниками милиции по подозрению в крупном мошенничестве
20.0414:52УГАИ МВД Таджикистана просит водителей соблюдать правила в Узбекистане


Самое обсуждаемое

No news



(C) 2001-2018 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0468791