Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

12.08.200813:11

Роҳҳо, нақлиёт ва хизматрасонӣ

           Душанбе, 12 август (АМИТ «Ховар», Бурҳониддин Каримзода).-Симои Душанбе - пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба куллӣ таѓйир меёбад. Дар баробари пайдошавии биноҳои хуштарҳу намоён ва замонавӣ, ҳамзамон дар соҳаҳои дигари хоҷагии пойтахт дигаргуниҳои зиёде ба мушоҳида мерасад, ки вобаста ба инмуносиботу тарзи нави хоҷагидорию ташкилиро тақозо дорад. Пеш аз ҳама, имрӯзҳосоҳаи роҳу нақлиёти маркази кишвар ба ислоҳоту таваҷҷӯҳи бештар ниёз дорад, зеро маҳз ҳамин бахш метавонад ба пешрафт ё баръакс коҳиши дигар соҳаҳо таъсир расонад. Тартиб ва танзими соҳаи роҳу нақлиёт ба рушди истеҳсолот, ѓанӣ гардидани бозори дохилӣ, нарху навои бозору марказҳои савдо, умуман беҳбудии рӯзгори мардум мусоидат мекунад. Дар акси ҳол, ҳама соҳоти зикршуда рӯ ба таназзул ниҳода, то ба вайрон гардидани муносибатҳои ҷомеа оварда мерасонад. Имрӯз афзоиши босуръати теъдоди наклиёти мухталифи автомобилӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳоле босуръат афзоиш меёбад, ки роҳу кӯчаҳои пойтахт чун солҳои пештара қарор дорад. Ин ҳолат мутахассисону масъулон ва шаҳрвандони пойтахтро нигарон кардааст. Дар робита ба ин проблемаи ҷиддӣ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо яке аз олимони андешаманди соҳа, ки борҳо мавзӯи роҳҳои автомобилгард ва ислоҳи проблемаҳои ҷойдоштаи соҳаро тавассути Воситаҳои ахбори омма таҳлилу баррасӣкардаву пешниҳодоти ҷолиб менамояд ҳамсӯҳбат шуд. Сардори Муассисаи давлатии «Идораи нақлиёти Душанбе», номзади илмҳои иқтисодӣ Абдумаҷид Шарифов ба саволҳои мо посух дод:

ӯҳтарам Шарифов А. мо медонем, ки шумодар фаъолияти корӣ ва таҳқиқотиатон ба проблемаҳои роҳу нақлиёт ҷиддӣ таваҷҷӯҳ мекунед ва борҳо дар робита тавассути матбуот низ баромад кардед. Сабаби пайдоиш ва афзоши ин проблемаҳо дар чист ва чаро ин масъалаҳо ҷиддитар мегарданд, бахусус дар шаҳри Душанбе?

- Аввалан таъкид менамоям, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи мавқеъи географӣ асосан кишвари кӯҳистон мебошад ва барои тамоми паҳлӯҳои ҳаёти мамлакат саҳми роҳу нақлиёт басо бузург аст.

           Аммо, бубинед, имрӯз бинобар бад будани роҳҳои автомобилгард, афзоиши теъдоди нақлиёти мухталиф бо суръати баланд, назорати нокифоя ба риояву тартиби ҳаракат дар роҳҳо ва омилҳои дигар ҳар сол садҳо, ҳазорҳо одамон ҷони худро аз даст медиҳанд ва ё захмию маъюби якумра мегарданд.

Барои мисол назаре мекунем ба як ахбороти Бозрасии давлатии автомобилӣ. Дар давраи аз 30-июнь то 6 июли соли 2008-ум дар ҷумҳурӣ 40 садамаи нақлиётӣ шудааст, ки дар натиҷа 18 нафар ҳалок ва 45 нафар маҷрӯҳ гардиданд, ки ин даҳшат аст ва набояд нодида гирифт! Яъне агар инродар ҳаёти ҳамарӯза бигирем, ҳар рӯз 3 одам ҳалок ва 7 одам маҷрӯҳ мегардад. Дар як сол бошад мо зиёда аз 1000 одамро талаф дода, қариб 3000 нафарро маҷрӯҳ месозем. Андеша бояд кард!

Шумо дуруст қайд кардед, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе масъалаи зиёдшавии нақлиёт, душворгузории нақлиёти автомобилӣ дар кӯчаю ва хиёбонҳои пойтахт ва атрофи он проблемаи ҷиддӣгардида, рӯз ба рӯз қувват гирифта истодааст.

-Шояд шумо ҳамчун мутахассис ба таври мушаххас фаҳмонед ва таҳлил намоед.

Воқеан, мо ҳамроҳи мутахассисон ин масъалаҳоро санҷида таҳлил кардем. Мувофиқи меъёр ҳисоби миёнаи суръати ҳаракати нақлиёт дар шаҳр то 60 км дар як соат аст.Аз рӯи ташхисҳои гузаронидашуда имрӯз ҳисоби миёнаи ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои ш. Душанбе 16 – 19 км дар як соат ва дар соатҳои авҷи кори нақлиёт ҳатто то 5 км дар як соатро ташкил медиҳад.

Албатта ин сабабҳои бисёре дорад, яъне ба суръати зиёд афзудани нақлиёт, ки ҳар сол аз 26 то 29 % меафзояд, Ин дар ҳолест, ки кӯчаю хиёбонҳоро бо ин суръат васею ҳамвор кардан аз имкон берун мебошад, чунки мавҷудияти биноҳои маъмурию шахсӣ имкон намедиҳад, ки баъзе кӯчаҳо васеъ карда шавад.

            Илова бар ин, бинобар набудани роҳи ҳалқавии шаҳри Душанбе, ронандагони воситаҳои нақлиёт (аз ҷумлаи мошинҳои вазнинбор) маҷбур мегарданд, ки кӯчаҳои дохили шаҳрро убур намоянд, ки дар натиҷа адади нақлиёт афзоиш меёбад. Аз чор самти пойтахт ҳар рӯз қариб 30 % нақлиёт, аз шумораи нақлиёти доимии шаҳр барои аз як самт ба самти дигар рафтан аз роҳҳои дихили пойтахт мегузаранд ва ё дар дохили шаҳр ба кадом самте лозим ояд гашта, ҳаракати мунтазами нақлиёти истифодаи умуми шаҳрро халалдор менамоянд ва ба ѓайр аз ин таъсири худро ба экологияи шаҳр ҳам мерасонанд. Барои ба низом даровардану муайян намудани самти ҳаракати чунин нақлиёт созмони додани Терминалҳои берунишаҳрӣ зарур мебошад.

Сабаби дигари мавҷудияти проблема ба танзим надаровардани нақлиёти истифодаи умум мувофики талаботи шаҳрвандон ва риоя накардани ҷадвали ҳаракати нақлиёти истифодаи умум барои сари вақт расидани шаҳрвандон ба ҷои корияшон, ба танзим надаровардани истгоҳҳои доимӣ ва муваққатии наклиётӣ дар паҳлӯи роҳҳои марказии дохили шаҳр. Мушоҳида намоед, ки баъзан дар паҳлӯи роҳҳои асосии марказӣ аз ду тараф мошинҳои зиёдеро мемонанд, ки роҳҳо танг гардида, ба ҳаракати нақлиёти мусофирбар халал мерасонад.

Дар баъзе ҷойҳои серодам барои бехатарии мардум ва танзими нақлиёт сохтани гузаргоҳҳои зеризаминӣ зарур аст. Баҳудаю беҳуда нигоҳ доштани нақлиёт дар ҷойҳои сернақлиёт, аз тарафи кормандони бозрасии давлатӣ низ нораво аст.

-Чунин ва боз дигар проблемаҳо зиёданд ва ҳалли фавриву оқилонаро талаб мекунанд. Шумо ҳамчун олими соҳа вамутахассис ва роҳбари идораи роҳдории ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ, ки ҳастед, чӣ таклифу пешниҳодоти мушаххас доред?

Албатта, имрӯз зарур аст, ки мо бояд чораҷӯӣ карда ин проблемаҳоро зина ба зина ҳал кунем. Дар ин бобат мутахассисону мутасаддиёни соҳа фикру мулоҳизаҳои хешробарои ислоҳ кардан ва роҳҳои ҳалли ин мушкилот пешниҳод намоянд то ин пешниҳодот омӯхта, ба нақшаи барномаи рушди хоҷагии халқи пойтахт дохил гардад. Агар суръати афзоиши нақлиёт ҳамин тариқ идома кардан гираду проблемаҳои ҷойдошта ҳал нашаванд, оқибатҳои ногуворро ба бор хоҳанд овард ва барои ҳалли масъалаҳо даҳҳо маротиба зиёд маблаѓ сарф кардан зарур мегардад.

Бинобар хамин ман хамчун мутахассиси соҳаи роҳҳо, ки аз вазъи соҳа ба хубӣ огоҳӣ дорам мехоҳам фикру мулоҳизоти худро баён созам ва пешниҳодоти мушаххас низ дорам. Ҳангоми сохтмони роҳу купрук ва дигар иншооти ба ин марбут ва кӯчаҳое, ки ба нақлиёт вобастагии зич дорад бояд дурнамоина кам аз 50 солро ба назар гирифт.

Барои ислоҳи вазъи воқеӣ ва ҳалли масъалаҳои зикршуда ман гумон мекунам камаш даҳ сол зарур аст ва ин корҳоро дар се марҳила ба ҷо овардан лозим аст

Марҳилаиаввал

          - муайян намудани истгоҳҳои муваққатии нақлиётӣ дар ҷойҳои муайян ва қатъиян маън намудани истгоҳи нақлиёт дар канораҳои тамоми кӯчаҳо ва хиёбонҳои ш. Душанбе, то ки ҳаракати мунтазами ва бемонеаи нақлиёти истифодаи умум таъмин гардида, вақти мусофирон беҳуда зоеъ наравад. Воситаи нақлиёти истифодаи умум бояд дар ҷойи таъиншуда (истгоҳҳо) қарор гирифта, мусофиронро фарорад ва савор кунад;

           - ба танзим даровардани ҳаракат ва шумораи нақлиёти истифодаи умум, мувофиқи самтҳои муайянгардида ва ҳатман аз рӯи ҷадвали тартибдода дар соат ва дақиқаи муайян, дар ҳар як истгоҳ ва самти муаянгардида;

          - гузаштан ба назорати электронӣ дар чорроҳаҳо ва ҷойҳои хатарнок барои назорати бехатарии ҳаракати нақлиёт ва кам кардани шумораи кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ ва муайян намудани истгоҳҳои доимии онҳо, ки бевосита бо назорати электронӣ алоқа дошта бошанд;

           - ташкил намудани терминалҳои наздишаҳрӣ барои қабул ва фиристодани мусофирон ва борҳо, то ки нақлиёти мусофиркаш ва боркаш дар дохили шаҳр бе самти муайянгардида ҳаракат нанамояд. Фаъолияти дурусти чунин терминалҳо ба тозагии шаҳр низ мусоидат менамоянд, зеро табиист, ки нақлиёти аз минтақаҳои мухта

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию
07.1214:14В Таджикистане через пять часов после похищения освобожден ребенок
07.1213:31НБТ связывает низкий уровень доверия к банкам с их недостаточной прозрачностью
07.1211:19Эмомали Рахмон надеется, что Всемирный банк поддержит Таджикистан в условиях кризиса
07.1211:04В Таджикистане запрещено оказание услуг почтовой связи без лицензии


Самое обсуждаемое

05.1211:34Таджикистан перейдет на 12-летнее образование в 2020 году(6)
07.1207:59Власти Таджикистана планируют в два раза сократить уровень бедности(4)
05.1219:14Путин озадачил правительство законом об адаптации мигрантов(1)
06.1209:18Эмомали Рахмон обратится с посланием парламенту Таджикистана до нового года(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00