Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

14.08.200814:11

Чашмандоз

            Шарҳи матбуот

            Панҷшанбе, 14 август. АМИТ «Ховар»

            Бурҳониддин Каримзода

Дар нашрияҳои ин ҳафта варзиш дар мадди назари аввал қарор дорад, ки ин марбут аст ба маъракаи умумиҷаҳонӣ - Олимпиада-2008 дар шаҳри Пекин.

Тавре маълум аст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар арафа ва рӯзҳои оѓози ин чорабинии бонуфузи ҷаҳонӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафари корӣ анҷом дод. Рӯзномаи «Ҷумҳурият» ин сафарро «Сафари бобарору пурманфиат» номидааст. Дар ин бора«Садои мардум» ва бисёр дигар нашрияҳо низ гузориши муфассал чоп кардаанд.

Комёбии варзишгари тоҷик Расул Боқиев низ дар ҳошияи аввали рӯзномаю ҳафтаномаҳо ҷой гирифтааст. «Расул Боқиев соҳиби медали олимпӣ гашт». Муштзан Ҷаҳон Қурбонов низ хотири ҳазорон тоҷикистониёнро шод кард. Вай «дар вазни то 81 кг дар аввалин дидор бар варзишгари Ӯзбекистон Аббос Атоев аз рӯи холҳо бо ҳисоби 11:3 дастболо шуд»- навиштааст рӯзномаи «Ҷумҳурият»

Дар Пекин «байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао оид ба муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи ду кишвар, аз ҷумла омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхайгуфтугӯҳои судбахш сурат гирифт»- қайд шудааст дар гузорише, ки «Садои мардум» чоп кардааст.

Табиист воқеаи муҳими варзишӣ пеш аз ҳама ҳайати эҷодии «Ҷавонони Тоҷикистон»-ро ба илҳом овардааст.Ин нашрия8 саҳифаи шумораи навбатиро, таҳти унвони «Дунёи варзиш»ба воқеоти варзишӣ бахшидааст. «Президент мухлиси олимпичиёни тоҷик», «Ҷахон ва Анвар дар дидори нахустин ѓолиб омаданд», «Чин оламро ба таҳайюр овард»- аз ҷумлаи унвони хабару мақолаҳои ин бахш аст.

Рӯзномаи «Бизнес и политика» иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар» Пайрав Назаровро доир ба комёбии Анвар Юнусов дар бахши»Хабари асосӣ» ҷой додааст.

Дар баробари гирдиҳамоии муҳиму ваҳдатсози ҷаҳонӣ- Олимпиада-2008, ҳамзамон аҳли башар аз воқеаи нохӯши ваҳдатсӯз – ҷанг дар Осетияи Ҷанубӣ иттилоъ гирифт. Ин хабари шум низ зуд дар расонаҳои итилоотии дунё ба нашр расид. Дар ҳафтаномаю рӯзномаҳои тозанашри кишвари мо низ ҷанги минтақаи Қафқоз таҳлилу баррасӣ шудааст. «Ҷумъаи гузашта дар ИДМ ҷанг сар шуд. Ду аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил –Гурҷистон ва Россия дар ин ҷанг танк, авиатсия, ракета ва флотро истифода карданд. Теъдоди қурбониён ба ҳазорҳо нафар мерасад.»- чунин оѓоз ёфтааст мақолаҳои таҳлилии ҳафтаномаи «Азия плюс», ки бо номи «Ҷанг дар ИДМ. Кӣ гунаҳкор?» ба табъ расидааст. Ин мавзӯро дигар муфассирону хабарнигорони нашрияҳо пайгирӣ карда, маводҳо чоп кардаанд.

Дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишвари мо, ҳамзамон бо ду воқеаи муҳими хушу нохуши ёдшуда дигар рӯйдодҳо ба амал омаданд ва табиист, ки раванди ҳодисаву воқает дар матбуот инъикоси худро пайдо кардааст. Аз ҷумла:

«Чархи гардун», «Вечерный Душанбе», «Курьер Таджикистана» дар саҳифаҳои аввал аз сухтор дар бозори «Корвон» хабар додаанд. «13 августи соли 2008 соати 1.00 шаб дар калонтарин бозори моли пойтахт «Корвон», дар қисмати растаҳои яклухтфурӯшӣ сӯхтор ба амал омад…Назар ба гуфти соҳибкорон 60 дӯкон ва 2 ангар пурра талаф ёфтааст»- навиштааст «Чархи гардун».

«Вақтҳои охир дар васоити ахбори омма саволи «Оё КВДҲ «Тоҷик Эйр» монополия шудааст?»бисёр ба миён гузошта мешавад». Дар мақолаиба ин мавзӯъ бахшидаи ҳафтаномаи «Нақлиёт», таҳти унвони «Тоҷик Эйр» монополия нест!» дар ин бора сухан меравад.

Масъалаҳои муҳими иқтисодиро ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» дар саҳифаҳои хеш баррасӣ кардааст. Дар сармақолаи ба ин мавзӯ бахшидаи нашрия «Иқтисодиёт кадом вақт метавонад рушд ёбад?» аз ҷумла қайд шудааст: «Паст намудани сатҳи камбизоатӣ танҳо бо роҳи рушд ёфтани иқтисодиёт амалӣ хоҳад шуд. Имрӯз бисёр ба мушоҳида мерасад, ки Президенти мамлакат ба сиёсати буҷету андоз ҳам эътибори зиёду ҷиддӣ медиҳад. Ин беҳуда нест. Зеро маҳз андозу буҷети пуру бақувват давлатро нерӯманд месозад»

Бахши ва ё соҳаи муҳими ҳар як ҷомеа ин албатта мактабу маориф аст. Доир ба рафти ислоҳоти мактабу маориф дар ҷумҳурӣ, имтиҳоноти дохилшавӣ дар макотиби олии Тоҷикистон,аҳволи муаллимон ҳафтаномаи «Омӯзгор» матолиби зиёде ба нашр расондааст. Чанд иқтибос аз навиштаҳои ин нашрия: «Мушоҳида мешавад, ки довталабон ба имтиҳонҳои қабул омодагии пухта дидаанд», «Мебоист ҳамаи хатмкардаҳои интернатҳо, ана як ду нафар истисно, бо баҳои панҷи пурра аз имтиҳони мактабҳои олӣ гузаранд, пеши имтиҳонгирандаҳо гарданкаҷ набошанд»

Саломатӣ ганҷи бебаҳост ва маҳз инсони тандуруст метавонад корҳои зиёдеро баҳри худу ҷамъият анҷом диҳад. Вале, албатта тавре мардум мегӯяд: «тани гарм бе дард намешавад». Дар боби илоҷу пешгирии дардҳо ҳафтаномаи «Авитсена» маслиҳатчии шумост.Ин нашрия ҳамроҳ бо маълумотномаю тавсияҳои табибон ва мақолаҳои мухталиф хабар додааст, ки рӯзи 18 август-рӯзи мавлуди мутафаккири машҳури тоҷик Абӯалӣ ибни Синост»

Ба ифтихори 1150 солагии дигар намояндаи номовари тоҷик устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ин дафъа мақолаҳои пажӯҳишии олимон Расул Ҳодизода «Чанд андеша дар шинохти шеъри Рӯдакӣ» ва Мӯҳтарам Ҳотам «Нигоҳи гарму равшани устод Рӯдакӣ» пешкаши хонандагон гардондааст.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

11.1212:48И вновь суд - за неуважение к суду
10.1214:40На юге Таджикистана на АЗС произошел мощный взрыв
10.1213:03Лавров обратился к оператору Reuters по-английски. А затем назвал его дебилом
10.1210:06На юг с пустыми карманами: из-за кризиса мигранты покидают Россию и возвращаются домой(3)
10.1209:50"Заблокированный" год


Самое обсуждаемое

09.1214:20«Барки точик» сообщил о смягчении энерголимита по стране(11)
10.1210:06На юг с пустыми карманами: из-за кризиса мигранты покидают Россию и возвращаются домой(3)
09.1221:00Немцы сочли мигрантов главной проблемой(2)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00