Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

14.08.200818:11

Мулокоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ларс Тюнелл ва Мишел Мордасини

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Рохбари Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ Ларс Тюнелл ва Директори иҷрокунандаи гурўҳи Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба Тоҷикистон Мишел Мордасиниро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории имрўза ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон бо ин созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо дар бораи ҳамкории судманд дар беҳтарнамоии сиёсати пулию қарзӣ ва фазои инвеститсионӣ, сармоягузории мустақим ба иқтисодиёти Тоҷикистон, дастгирии соҳибкории хурду миёнаи хусусӣ ва иштирок дар рушди соҳаи энергетика гуфтугўйи судманд анҷом доданд.

Зикр гардид, ки аз соли 1994 то имрўз бо мувофиқати Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ барномаю лоиҳаҳои зиёд, аз ҷумла дар афзунсозии қобилияти қарздиҳии бонкҳои саҳҳомии Тоҷикистон, дастгирии бевоситаи соҳибкории хурду миёнаи хусусӣ, ҷорӣ намудани механизмҳои лизинг ва қарзи ипотекӣ, сармоягузорӣ ба соҳаҳои гидроэнергетикава кишоварзӣ корҳои муҳим амалӣ гаштаанд. Дар 14 соли ҳамкорӣ бо розигии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ ба Тоҷикистон 55 миллион доллари амрикоӣ инвеститсия равона шудааст, ки 17 миллиони он танҳо ба соли 2007 рост омада, аз афзоиши сармоягузорӣ гувоҳӣ медиҳад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон чунин ҳаҷми маблағгузорӣ ва иштироки Корпоратсияи Байналмилалии Молиявиро дар дастгирии рушди иқтисодиёти Тоҷикистон нокифоя номида, таъкид дошт, ки имкону захираҳо барои афзун намудани ин нишондодҳо хеле зиёданд.

Ларс Тюнелл изҳор дошт, ки Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ ва Бонки умумиҷаҳонӣ минбаъд рушди иқтисодиёти Тоҷикистонро бештар дастгирӣ намуда, дар бартараф кардани мушкилоти соҳаҳои кишоварзӣ, аз ҷумла ҳаллу фасли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор, мусоидат ба афзоиши хазинаи қарзии бонкҳои саҳҳомӣ ва хусусан дар азхудкунии имконоти фаровоини гидроэнергетикӣ иштироки фаъол хоҳанд дошт. Ҳамин нуктаро ҳамчунинДиректори иҷрокунандаи гурўҳи Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба Тоҷикистон Мишел Мордасини таъкид намуд.

Ба андешаи онҳо сохтмони нерўгоҳҳои обии нави Тоҷикистон, хатҳои баландшиддати минтақавии интиқоли нерўи барқ ва бисёр дигар лоиҳаҳои ҳаётан муҳим, ки дар татбиқи онҳо Бонки умумиҷаҳонӣва Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ иштироки фаъол хоҳанд дошт, ба афзоиши сармоягузории онҳо ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ боис мешавад.

Зимни гуфтугўйи судбахш нишондодҳои муътадили рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, беҳтаршавии фазои инвеститсионӣ, бартарафгардии монеаҳои инкишофи соҳибкорӣ, аз ҷумла эълон шудани мораторий дар бораи манъи дусолаи санҷишҳо аз омилҳои умедбахши пешрафти иқтисодиёти кишвар маънидод гардид.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

16.0816:44Таджикским школьникам запретили носить бороды
16.0816:40ФСБ считает Абу Усаму Нораки режиссером несостоявшихся терактов в Москве. ВИДЕО
16.0814:58Украинцы освобождают места для приезжих из Средней Азии
16.0813:39Почему клиент «Тоджпромбанка» решился на самоубийство?


Самое обсуждаемое

14.0816:01Мирзиеев: Каждый руководитель будет жить и дышать тем же воздухом, что и народ(9)
14.0809:52Ибрагим Усманов: мусульмане всего мира, кроме Средней Азии, проводят поминальные обряды без предложения еды(4)
14.0820:43Дойристки испортили настроение президенту Таджикистана(3)
15.0816:00Таджикские мигранты получают самую низкую зарплату среди иностранцев в России(2)
15.0807:52Трое граждан Таджикистана арестованы в Москве по подозрению в подготовке теракта(1)
16.0808:18Минобразования Таджикистана определилось, что можно носить школьникам, а что нельзя(1)
15.0806:16В Узбекистане впервые чиновник официально признал, что учителей и врачей привлекают к сбору хлопка(1)
15.0811:20Душанбе устанавливает личности трех соотечественников, задержанных в Москве(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312517