Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

18.08.200814:11

Имрӯз рӯзи кормандони соҳаи тибби Тоҷикистон

            Ҳар сол 18 август, дар рӯзи мавлуди мутафаккири бузурги тоҷик, Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино иди касбии кормандони соҳаи тиб таҷлил мешавад. Ба ин муносибат хабарнигории АМИТ «Ховар» Бурҳониддин Каримзода бо чанд суол ба вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов муроҷиат кард

-Тавре маълум аст, яке аз бахшҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ ин соҳаи тандурустии аҳолӣ аст.Имрӯз ин соҳа дар чӣ вазъ қарор дорад?

-Бо дастгирии Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон соҳаи тандурустии кишвар дар солҳои истиқлолият мунтазам тараққӣ мекунад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонбахши муҳиму афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлатро соҳаи тандурустӣ ҳисобида ин нуктаро борҳо таъкид менамояд. Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани сатҳ ва сифати кӯмаки тиббию санитарӣ ва таъмин кардани дастрасии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ба хизматрасонии ройгони тиббӣ, ба талабот мувофиқ гардонидани шароити муассисаҳои тандурустӣ, бо таҷҳизоти муосири ташхису табобат таъмин кардани онҳо мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешад. Бахусус тайи панҷ соли охир маблағгузории соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ афзоиш ёфт. Соли ҷорӣ ба соҳаи тандурустӣ беш аз 255 миллион сомонӣ маблаѓ ҷудо карда шуд, ки нисбат ба соли гузаштабеш аз 77 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Мутобиқи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2007 таҳти №110-ф дар соли 2009 барои амалӣ намудани Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ соҳаи тандурустӣ дар қатори дигар соҳаҳо ҳамчун соҳаи таҷрибавӣ муайян шудааст.

Тибқи фармоиши мазкур аз тарафи Вазорати тандурустӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати молия “Дастурамал оид ба таҳияи буҷет дар доираи татбиқи Барномаи миёнамӯҳлати хароҷотҳои давлатии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ” таҳия карда шуд.

Дастурамали мазкур амалигардонии сиёсати миёнамӯҳлати андозу буҷет, доираи амалӣ намудани ислоҳот ва маблаѓгузории соҳаи тандурустӣ дар солҳои 2009-2011 ва лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009-ро дар бар мегирад.

-Дар раванди ислоҳоти соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон чӣ дигаргуниҳо ба амал меоянд ва кадом тадбирҳои манфиатбахш андешида мешаванд?

Барои суръатбахшии рушди тибби оилавӣ дар ҷумҳурӣ, дар чорчубаи супоришҳои бевоситаи Сарвари давлат аз ҷониби гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ таҳлили амиқи вазъи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии мамлакат гузаронида шуда, дар асоси он Сиёсати системаи ягонаи татбиқи тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида истодааст.

Барои ба роҳ мондани бозомӯзии мутахассисон дар шаҳри Хоруѓи ВМКБ Маркази таълимию клиникии тибби оилавӣ таъсис дода шуд. Инчунин, дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, шаҳрҳои Истаравшан ва Панҷакенти вилояти Суѓд, ноҳияи Рашти тобеи ҷумҳурӣ шўъбаҳои байниноҳиявии таълимию клиникии тибби оилавӣ ташкил карда шудаанд ва кушодани чунин шўъбаҳо дар ноҳияҳои Данѓараи вилояти Хатлон ва Шаҳринав ба нақша гирифта шудааст.

Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.05.2007, №270 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суѓуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 18 июни соли 2008, таҳти №408 қабул гардид ва айни ҳол, барои таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқии қонуни мазкур гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст.

Дар доираи татбиқи «Барномаи рушди кори хоҳарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» аз ҷониби гурӯҳи кории назди Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба рушди кори ҳамширагӣ дастурамали вазифавии ҳамшираҳои шафқат аз нав дида баромада, ба он таѓйироту иловаҳо ворид карда шудааст ва ҳуҷҷати мазкур барои баррасӣ дар Вазорат қарор дорад.

Бо мақсади омӯзиши раванди кори ҳамширагӣ дар ҷумҳурӣ бо фармони Вазорати тандурустӣ аз 7-уми феврали соли 2008, таҳти №51 гурӯҳи корӣ созмон дода шудааст, ки он айни ҳол мониторинги фаъолияти ҳамшираҳои шафқат ва момодояҳои хадамоти бистарикунониро гузаронида истодааст.

-Табиист, ки айни ҳол кори соҳаи тандурустии кишвар низ бе ҳамкориҳои мухталиф бо кишварҳои хориҷа пеш намеравад. Бигӯед, ки ҳамкориҳои байналхалқӣ чӣ тавр ба роҳ монда шудааст?

Бо мақсади ҳамоҳанг сохтани фаъолияти институтҳои байналмилалии молиявӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар соҳаи тандурустӣ, аз тарафи Вазорати тандурустӣ як қатор чорабиниҳо амалӣ гардиданд, ки ба рушди ҳамкориҳои дуљониба ва бисёрҷониба, баланд гардонидани самаранокӣ ва истифодаи мақсадноки кӯмакҳои башардӯстона нигаронида шудаанд. Дар доираи ин бо намояндагони институтҳои байналмилалии молиявӣ ва ташкилотҳои байналмилалие, ки лоиҳаҳои инвеститсиониро татбиқ менамоянд як қатор ҷаласаҳои машваратӣ гузаронида шуданд, ки дар онҳо масъалаҳои мубрами соҳаи тандурустӣ мавриди баррасии якҷоя қарор дода шуданд.

Таҳлили фаъолияти Лоиҳаи ислоҳоти системаи тандурустии Тоҷикистон (Бонки Осиёии рушд), Лоиҳаи тандурустии заминавӣ ва ҷомеавӣ (Бонки умумиҷаҳонӣ), Лоиҳаи Тоҷикистону Швейтсария доир ба ислоҳоти системаи тандурустӣ ва дастгирии тибби оилавӣ (Лоиҳаи «Сино»), Лоиҳаи Хазинаи ҷопонии паст намудани сатҳи камбизоатӣ 9043 TAJ: «Иштироки ҷомеа ва чорабиниҳои ҷамъиятӣ – иттилоотӣ барои беҳдошти саломатӣ», Лоиҳаи сохтмон ва таҷҳизондани Беморхонаи бисёрсоҳавию байниноҳиявии вилояти Хатлон, Барномаи BMZ 2004 66 151: «Мубориза бар зидди бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, марҳилаи 2» мутобиқи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2008 дар моҳи майи соли ҷорӣ дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуд.

Айни замон, дар соҳаи тандурустии кишвар намояндагии 19 институти байналмилалии молиявӣ ва 27 ташкилоти байналмилалӣ фаъолият менамоянд.

Ҳамкориҳои байналмилалии мо доираи боз ҳам васеътар дорад. Аз ҷумла дар 6 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби мутахассисони соҳа ба давлатҳои хориҷи дуру наздик 117 сафари хизматӣ анҷом дода шудааст.

Бо мақсади рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи тандурустӣ Ёддошти Тафоҳум байни Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Теҳрон дар таърихи 10-уми марти соли 2008 ба имзо расонида шуд. Инчунин, дар ин раванд Созишнома байни Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи улуми пизишкии шаҳри Машҳад оид ба тайёр намудани мутахассисон, мубодилаи таҷриба ва рушди илми тиб бо имзо расид.

Баҳри иҷрои протоколи ҷаласаҳои Комиссияи байниҳукуматии иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникӣ байни Љ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои Покистон, Афѓонистон, Эрон, Мисри Араб, Ветнам, Хитой, Олмон ва Австрия доир ба самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ пешниҳод ва ахбороти муфассал ба вазоратҳои энергетика ва саноат, рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Бо мақсади таъмин ва рушди хизматрасонии ёрии фаврии тиббӣ дар сатҳи кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар ҳолатҳои фавқулодда Созишнома байни Вазорати тандурустӣ ва ташкилоти байналмилалии Лигаи Байналмилалии Табибон ба имзо расид.

Доир ба муҳокимаи масъалаҳои истифодаи муносибати бисёрҷабҳаи умумисоҳавӣ (SWAp) дар соҳаи тандурустии Љумњурии Тољикистон, ки барои дастгирии стратегияи рушди устувори соња равона гардидааст, рўзњои 26-27 майи соли 2008 семинар-љаласа бо иштироки сармоягузорон (донор)-и дар соњаи тандурустии кишвар фаъолияткунанда гузаронида шуд.

-Мӯҳтарам вазир, тавре маълум аст, тайи солҳои аввали истиқлолият бар асари муноқишаҳои дохилӣ муассисаҳои табобатии баъзе шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ зарар дид, фаъолияти кормандони соҳа суст шуд ва дар ин робита бисёр муассисоти беҳдошти аҳолии маҳалҳо ба ёриву кумак мӯҳтоҷ гардид. Дар ин самт чӣ корҳо анҷом меёбанд?

Бо мақсади иҷрои банди 12-и фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.04. соли 2006, №25-р ва Нақшаи кӯтоҳмуддати байнисоҳавӣ барои солҳои 2006-2008 оид ба татбиқи «Стратегияи маблаѓгузории соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2005-2015», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.05. соли 2005, №171 тасдиқ гардидааст, фармони Вазорати тандурустӣ таҳти №300, аз 05.05. соли 2008 «Дар бораи такмили системаи идоракунии муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ» ба имзо расид, ки он дар системаи идоракунии муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ВМКБ, вилояти Суѓд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ татбиқ карда мешавад.

Дар доираи амалисозии лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар вилояти Хатлон бо дастгирии Маркази татбиқи Лоиҳа оид ба тандурустии ҷомеавӣ ва заминавӣ (Бонки Умумиҷаҳонӣ) корҳои таъмирию сохтмонии муассисаҳои тандурустӣ идома ёфта, 10 иншооти вилояти мазкур ба маблаѓи 1 393789.36 сомонӣ таъмир ва ба истифода дода шуданд, аз ҷумла дар ноҳияи Сарбанд–3 иншоот (Маркази саломатии деҳаи Ботуробод, Бунгоҳи саломатииМаленков, Бунгоҳи саломатииЛесхоз), дар ноҳияи Қубодиён - 5 иншоот (Маркази саломатии деҳаи Ҷарқурѓон, Маркази саломатии деҳаи Заркамар, Маркази саломатии деҳаи Навоӣ, Бунгоҳи саломатии Тешик-Тош, Бунгоҳи саломатии Чимгилиш-2), дар шаҳри Норак 2 иншоот (Бунгоҳи саломатии Кибил, Бунгоҳи саломатии Чашма).

Ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавӣ барои сохтмони 14 иншоот дар ноҳияҳои Хатлон кор карда баромада шуд, аз ҷумла дар ноҳияи Сарбанд 3 иншоот, дар ноҳияи Қубодиён 3 иншоот, дар ноҳияи Шӯрообод–8 иншоот (Маркази саломатии дењот -3, Бунгоњи саломатї-5) таҳия гардид.

-Албатта фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ба дараҷаи мутахассисони он вобаста аст. Оё муассисаҳои тиббӣ-санитарии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси тиббӣ таъминанд?

Бо мақсади иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» моҳи марти соли ҷорӣ 2 маротиба озмун барои ишѓоли мансабҳои холии дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ гузаронида шуд. Моҳи апрел аттестатсияи хизматчиёни давлатии дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ бо фарогирии 31 нафар гузаронида шуд. Дар давоми 6 моҳи соли 2008-ум 17 нафар ба мансабҳои холии хизмати давлатӣ қабул карда шуда, 13 нафар аз мансабҳо бо хоҳиши худашон озод карда шуданд. Дар ин муддат мувофиќи нақшаи тақвимӣ аз ҷониби кафедра ва курсҳои Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон ҳамагӣ 172 давра барои 744 нафар табибон ва 45 давра барои 278 кормандони миёнаи тиб гузаронида шуд.

Масъалаи то ба ҷойи кор рафтани хатмкунандагони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ду маротиба дар ҳайати мушовара баррасӣ карда шуда, маълум шуд, ки 37 фоизи онҳо ба ҷойҳои таъиншуда мераванд ва дар баъзе муассисаҳо ҳолатҳои бе роҳхати Вазорати тандурустӣ ба кор қабул кардан вомехӯранд.

Сабабҳои ба ҷойи кор нарафтани хатмкунандагон. аз ҷумла паст будани маоши вазифавӣ, набудани дастгирию ҳавасмандкунии онҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошанд. Вақти он расидааст, ки таввасути шартномаи тарафайн механизми то ба ҷойи кор рафтан ва ба онҳо додани диплом танзим ва мукаммал гардонида шуда, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баҳри таъмини шароитҳои мусоид барои мутахассисони ҷавон чораҳои заруриро андешанд. Дар муассисаҳои таълимие, ки мутахассисони тиббӣ тайёр мешаванд таъминот бо адабиёти муосири таълимӣ, хусусан ба забони давлатӣ, вазъи хобгоҳҳои донишҷӯён, ҳолати зиддисӯхторӣ беҳбудиро талаб менамояд.

-Соҳаи тандурустӣ, ки хеле васею гуногунҷабҳа аст, сӯҳбати мову шумо метавонад хеле тӯлонӣ бошад. Дар ин мусоҳибаи кӯтоҳ мо наметавонем тамоми паҳлӯҳои соҳаро фаро гирем. Имрӯз, ки Рӯзи кормандони тиб мебошад Шумо барои эшон чӣ таманниёт доред

-Ман мехостам пеш аз ҳама як нуктаро таъкид намоям, ки шахсе, ки дар бар хилъати сафед дорад ва ба фаъолияти табобати инсон машѓул аст, бояд масъулияти бузургро ҳис кунад, шахси дилу нияташ пок бошад, зеро вай бо махлуқи олии офаридаи Худованд, яъне одам сару кор дорад. Бинобар ин ман ба ҳамаи кормандони соҳаи тиб пеш аз ҳама дасту дили пок ва тандурустӣ таманно дорам ва ҳамаи онҳоро самимона табрик мегӯям.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

09.1214:58С.Аслов заявил о недопустимости участия криминальных лиц на мероприятиях ОБСЕ
09.1214:48Житель Исфары подозревается в покушении на убийство
09.1214:41ОДКБ требует не пустить "преступников" на заседания ОБСЕ
09.1214:20«Барки точик» сообщил о смягчении энерголимита по стране(1)
09.1213:57Российские штурмовики Су-25 перебазировались из Киргизии в Таджикистан


Самое обсуждаемое

07.1207:59Власти Таджикистана планируют в два раза сократить уровень бедности(6)
07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию(3)
09.1214:20«Барки точик» сообщил о смягчении энерголимита по стране(1)
08.1215:2825 лет без СССР(1)
08.1214:51В министерстве культуры обсужден вопрос о переносе памятника Абуали Сино(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00