Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

18.08.200809:11

Тоҷике, ки ӯро тамоми дунё мешиносад

Душанбе, 18 август (АМИТ «Ховар», Бурҳониддин Каримзода).- Имрӯз зодрӯзи яке аз мутафаккирони бузурги ҷаҳонӣ, олим ва энсиклопедисти тоҷик Абӯалӣ ибни Синост. Воқеан ин инсони хирадмандро дар тамоми ҷаҳон мешиносанду эътироф мекунанд. Асарҳои дар соҳаҳои мухталифи илм таълифкардаи Сино ба бисёр забонҳо тарҷимаву борҳо ба нашр расидаанд. Табибони олам ӯроустоди худ медонанд.

18 августи соли 980 дар деҳаи Афшанаи наздики Бухоро, дар оилаи Абдуллоҳ, аз зани хуштолеъ Ситорабонуписаре ба дунё меояд ва ӯро Ҳусайн ном мемонанд. Падараш, ки шахси фозил буд, аз хурдӣ фарзандонашро ба роҳи донишандӯзӣ ҳидоят мекард. Истеъдоду шавқу ҳаваси Ҳусайн аз замони кӯдакӣ наздикон ва устодонро ба ҳайрат оварда буд. Вай дар синни 10 солагӣ Қуръони маҷид ва як қатор илмҳои дигарро фаро гирифт. То 15 солагиаш аллакай аз илмҳои сарфу наҳв, мантиқ, табиатшиносӣ, ҳисоб, риёзиёт, ҳандаса, ҳайат, фалсафа ва илоҳиёт бохабар буд. Ба омӯзиши илми тиб аз синни 16 солагӣ шурӯъ карда, дар як муддати кӯтоҳ ҳамчун табиби ҳозиқ ва донишманди ин соҳа низ шӯҳратёр гардид. Бо вуҷуди соҳиби илму дониши васеъ будан пайваста аз пайи омӯзиш буд ва оид ба бисёр соҳаҳо рисолаву асарҳои арзишманде таълиф кард ва то ба имрӯз аз мероси Сино фаровон истифода мебаранд. «Ал-маҷмӯъ», «Китоб-уш-шифо», «Наҷот», «Донишномаи Улоӣ», «Рисолаи кимиё», «Алқонун», «Рисолаи тилисми форсӣ», «Қасидаи нафс», «Зафарнома», «Мантиқи форсӣ» аз ҷӯмлаи асарҳои машҳури мутафаккири барҷаста Абуалӣ ибни Сино мебошад. Бо вуҷуди фарогирии тамоми илмҳои замонаш вай ташнаи илму дониш буд. Агарчӣ қариб ба тамоми дардҳо даво ёфт, вале дар гирифтани пеши роҳи марги инсон ноилоҷ монд ва худ низ дар синни 57 солагӣ аз олам гузашт:

Аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал,

Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.

Берун ҷастам зи қайди ҳар макруҳиял,

Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.

Баъди гузашти 1028сол ҳам имрӯз номи Абӯалӣ ибни Сино вирди забонҳост. Ба хотири гиромидошти ин олими инсондӯст ва хирадманди нотакрор, ҳар сол дар рӯзи мавлудаш, дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони тиб таҷлил мешавад. Дар ин рӯз бо иштироки олимон, мутахассисони соҳаи ҳифзи тандурустӣ, табибон ва дигар табақаҳои аҳли ҷомеа маҳфилу конфронсҳо ва ҷамъомадҳо доир мегардад. Аз ҷумла, имрӯз дар шаҳри Душанбеба ифтихори зодрӯзи Абӯалӣ ибни Сино ва Рӯзи кормандони тиб ҷамъомади ботантана баргузор мешавад.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

28.0615:06На государственной границе изъята особо крупная партия наркотиков
28.0614:165 причин сыграть свадьбу в Hyatt Regency Dushanbe
28.0614:04Многодетная таджикская модель покоряет мировой конкурс красоты
28.0613:33Жительница Согда в Ид-аль-Фитр совершила самоубийство, бросившись в Сырдарью
28.0612:29Атамбаев предложил России укрепить кыргызско-таджикскую границу


Самое обсуждаемое

27.0610:00Путин: В те годы Россия оказывала активную поддержку руководству и народу Таджикистана(3)
26.0616:09В Таджикистане проходит акция «Я против пыток сегодня, завтра, всегда!»(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312596