Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

04.08.200813:11

Александр Солженитсин аз олам гузашт

            Душанбе, 3 август.. АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Адиби маъруфи рус дорандаи ҷоизаи нобелии сулҳ Александр Солженитсин шаби душанбеи 3 август дар синни 90-солагӣ бар асари бемории дил аз олам гузашт.

Писари адиб ба хабарнигорон гуфт, ки падараш моҳҳои охир сахт бемор буд. Аммо бо вуҷуди ин ҳамроҳи ҳамсараш Наталя куллиёташро иборат аз 30 ҷилд таҳия мекард.

Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев ба пайвандони адиб ҳамдардӣ баён кард. 

Александр Солженитсин соли 1918 дар шаҳри Кисловодск ба дунё омада буд. Баъди раҳоӣ аз лагерҳои сталинӣӯ дар як мактаби музофотӣ ба кӯдакон аз риёзиёт дарс медод. Солженитсин баъди нашри қиссаи аввалинаш “Як рӯзи Иван Денисович” дар маҷаллаи “Новий мир” дар соли 1962 шӯҳрат пайдо кард. Тайи солҳои 60 то 80-уми қарни гузашта Солженитсин аз ҷумлаи муборизони фаъоли зидди сохти коммунистӣбуд. 

Яке аз маъруфтарин асарҳои
ӯ “Архипелаг ГУЛАГ” баъди он иншо гардид, ки маҳбусони сиёсӣ қиссаи “Як рӯзи Иван Денисович”-ро мутолиа карда, хотироти мудҳиштарини худроаз лагерҳои шӯравӣ ба адиб фиристоданд.

Барои ҳамин асар соли 1970 Александр Солженитсин сазовори ҷоизаи Нобелӣ гардид. Чаҳор сол баъд ӯро аз Иттиҳоди Шӯравӣ бадарға карданд. Адиб бо хонаводааш чанд муддат дар Париж зиндагӣ кард ва баъд ба иёлати Вермонти ИМА рафт. Молженитсин асари дигари маъруфаш «Чархи сурх”-родар Вермонт навиштааст. 

Баъд аз давраи бозсозии Горбачев, Солженитсинро дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба истилоҳ “афв” карданд ва бисёр асарҳои ӯ интишор ёфт. Соли 1994 ӯ аз Амрико ба Маскав баргаштва то охири умраш дар манзили худ, воқеъ дар ноҳияи Ликовои Москва умр ба сар мебурд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

23.0414:44"Стихия застала врасплох, успел схватить с собой лишь люльку". ФОТО
23.0414:00В переговорах по авиасообщению на этот раз будет поставлена точка?
23.0410:21Журналисты госСМИ отныне должны полностью указывать титул президента Таджикистана(2)
22.0415:07Незабываемая поездка на «Таджикистане»
22.0414:19Присвоил $115 тыс: сотрудник "Имон интернешнл" подозревается в мошенничестве


Самое обсуждаемое

21.0413:45Узбекский сюрприз(3)
23.0410:21Журналисты госСМИ отныне должны полностью указывать титул президента Таджикистана(2)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0625093