Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

04.08.200809:11

Дровак – оби поку гуворо

             Душанбе, - 2 август. (АМИТ «Ховар», Бурҳониддин Каримзода).-Аз таъсиси корхонаи хурди «Соҳибкори инфиродии «Қадамов» ҳанӯз як сол нагузашта бошад ҳам обҳои истеҳсоли он дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Хоруѓ ва дигар ҷойҳо шӯҳрат пайдо кардааст. Зимни сафар ба ноҳияи Дарвоз хабарнигори АМИТ «Ховар» бо сарвари корхона Сӯҳроб Қадамов ҳамсӯҳбат шуд:

-Фикри ташкил намудани чунин корхона чӣ тавр пайдо шуд?

- Шумо медонед, ки дар шароити кӯҳистони мо дарёфти ҷойи корӣ хеле душвор аст. Албатта инсон ҳамешадар такопӯи зиндагист ва барои беҳбуди рӯзгори хеш кӯшиш мекунад. Барои муваффақ шудан ба ин кор барои мо якчанд омил мавҷуд буд. Илова ба он чизе, ки дар боло қайд намудам, мо дар оилаи аҳлу тифоқ зиндагӣ мекунем. Падари раҳматиамон, кисе сол пеш аз дунё гузашт, моро хуб тарбия карда, ба воя расонд ва ҳамеша таъкид мекард, ки мо аз пайи дарёфти ризқи ҳалол бошем, меҳнат намоем. Ман қариб 15 сол дар муҳоҷирати меҳнатӣ будам. Дар ин миён албатта якчанд маротиба ба Тоҷикистон баргашта, аз аҳволи падару модар ва аҳли хонавода хабар гирифтам.

Баъдан бо волидайн ва бародаронам Қосимбек, Идибек ва Рустамбек, ки ҳамаи онҳо сохибмаълумотанд маслиҳат карда, ҳамин корхонаро бунёд кардем. Омили дигари ҷалби моба чунин фаъолият обҳои мусаффои зодгоҳамон аст, ки аз қаъри сангҳо ҷӯш мезанад. Яъненият кардем, ки бояд ин оби рӯҳбахшро ба дигарон низ дастрас намоем. Ва мақсади мо пеш аз ҳама пайдо намудани ҷойи кор, пешгирииба муҳоҷират рафтани ҷавонон. Воқеан агар чунин корхонаҳо, ҷойҳои корӣ муҳайё бошад, зарурати ба дигар ҷойҳо рафтан нест. Ин кор ҳамчунин имкон медиҳад деҳоти назди сарҳадии кӯҳистон обод бошад, мустаҳкам шавад, мардум ба корҳои фоиданок машѓул шаванд.

-Албатта нияти Шумо хайр аст ва маълум аст,ки дар шароити кӯҳистон ташкили чунин корхона мушкилоти зиёде дорад. Ман дар назар дорам бино, таҷҳизот, мутахассис ва ѓайра.

-Шуморо фаҳмидам, фикратон дуруст аст. Таврегуфтам бародарони ман соҳибмаълумотанд. Онҳо ду нафарашон Донишгоҳи техникӣ ва як нафар Донишгоҳи тиббии шаҳри Душанберо хатм намудаанд. Банда дар бахши соҳибкорӣ таҷриба дорам. Мо маслиҳат намудем, ҷойи биноро пайдо кардем, таҷҳизотро аз Хитой овардем ва бо қувваи худамон онро ба кор даровардем.Оби мусаффоюфаровон дар наздамон. Ҳоло 12 нафар коргар дорем.

Дар ин миён албатта баъзе мушкилоти дигар низ буд, яъне таҳияи ҳуҷҷатҳо, расмӣ кунонидани корхона, ки шумо медонед чӣ қадар монеаҳои сунъӣ эҷод мешаванд. Вале, Худоро шукр, ҳамаи ин монеаҳо бартараф шуданд ва акнун мо имкон дорем бемалол фаъолият кунем.

-Иқтидори корхонаи Шумо чӣ қадар аст ва чанд намуд маҳсулот мебароред?

-Ҳозир дар ҳаҷми 0,5 литра, 1,5 литра ва 5 литра, шаш намуд об истеҳсол мекунем. Вобаста ба талаботи аҳолӣ ва фармоишгарон метавонем об истеҳсол намоем. Албатта ин боз вобаста аст бо таъмини барқ. Ҳоло дар паҳлӯи корхона бинои нави истеҳсолӣ ва маѓоза бунёд мекунем. Баъди анҷоми ин сохтмон, корамон боз ривоҷ мегирад. Мо ният дорем, ки дар ояндааз зардолу, себ, ангур, олу ва дигар анвои меваҷот истеҳсоли шарбатро ба роҳ монем.

-Сӯҳроб, бигӯед, ки барои чӣ маҳсулоти шумо «Дровак»ном дорад?

-Дровак номи чашмаест дар болои деҳаи ҳамноми он. Маънии Дровак, яъне оби интихобшуда, дурру гавҳари обҳо ва номи деҳа низ чунин маъно дорад…

       Ба ин мусоҳиба боз як нуктаеро илова мекунем, ки Сӯҳробҷон ва бародаронаш дар корҳои ободонии диёр низ саҳм мегузоранд вабо саховатпешагии хеш низ соҳиби иззату эҳтиром гардидаанд. Бо дастгирии онҳо атрофи мактаби рақами 5-и деҳаи Дровак девор гирифта, таълимгоҳ рангу бор карда шуд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

17.0819:24Фильм о поддержке Ираном террористов в Таджикистане перевели на четыре языка
17.0816:36Десятки азербайджанцев и таджиков подрались на рынке в Нижнем Новгороде
17.0815:12В Душанбе задержаны трое молодых людей, устроивших поножовщину около Baby Shop
17.0814:19В Душанбе идет «чистка» 10 классов
17.0812:32Директор банковского филиала в Согде подозревается в серийном мошенничестве


Самое обсуждаемое

14.0816:01Мирзиеев: Каждый руководитель будет жить и дышать тем же воздухом, что и народ(9)
16.0819:11"Я согласна снимать хиджаб, если..."(6)
14.0820:43Дойристки испортили настроение президенту Таджикистана(4)
15.0816:00Таджикские мигранты получают самую низкую зарплату среди иностранцев в России(2)
16.0816:27«Андешаи пок»: уникальная школа для первоклашек(1)
16.0808:18Минобразования Таджикистана определилось, что можно носить школьникам, а что нельзя(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312525