Душанбе, 4 август. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – Нашриёти «Адиб» китоби панду андарзҳои нависандаи машҳури белорус Георгий Марчукро бо номи «Садо ва Сухан» дар тарҷумаи адиби маъруфи тоҷик Истад Қосимзода чоп кард.
Дар ин китоб розҳои дили нависанда дар бораи зиндагӣ, хусусиятҳои замона, меҳри ватан, хислатҳои одамон ва муносибати онҳо ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Дар садо ва сухани нависанда ҳаяҷони ботинӣ, фалсафаи зиндагӣ, хоҳиши фаҳмидани ҳақиқати ҳаёт бо назокати лирикӣ ифода карда шудаанд. Чунон ки худи нависанда иқрор шудааст, дар таълифи асар ба суханварони бузурги Шарқ - Рӯдакӣ, Хайём, Сайёди Наво ва дигаронпайравӣ намудааст.
Ногуфта намонад, ки баъди барҳамхӯрдани Давлати шуравӣ ин аввалинкитоби адиби белорус аст, ки ба забони тоҷикӣ чоп мешавад.