Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

04.08.200814:11

Сарҳадбонони тоҷик ба ҳамкасбони ӯзбеки худ се шаҳрванди Ӯзбекистонро супориданд

Душанбе, 4 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- 3 август дар ноҳияи наздисарҳадии Турсунзода мулоқоти ҷузъу томҳои фаврии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қӯшунхои сарҳадии Хадамоти амнияти миллии Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид.

Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ҳадафи ин мулоқот ривоҷу paвнақи муносибатҳо ва ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, кӯмаки муштарак, эҳтироми истиқлолият ва ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ буд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои риояи тартибот дар минтақаи сарҳад ва ба роҳ андохтани муносибатҳои неки ҳамсоягӣ муҳокима шуданд.

Намояндагони мақомоти сарҳадии ҳарду давлати ҳамсоя масъалаҳои марбут ба пешрафти ҳамкориҳои хизматии марзбонони тоҷику узбек, аз ҷумла ҳамоҳанг сохтани тадбирҳои муҳофизати якҷояи сарҳади давлатӣ ва пешгирии қочоқи маводи нашъадор ва аслиҳа ба воситаи сарҳадро муҳокима намуданд.

Сарҳадбонони тоҷик се нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Анвар Менглиеви 26-сола, Зариф Ҷӯраев ва Файзиддин Розиеви 20-соларо, ки дар қаламрави Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ҷиноят содир намудаанд, ба намояндагони Ӯзбекистон супориданд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

05.1216:04Заветная мечта паренька из глубинки. ВИДЕО
05.1216:01Эмомали Рахмон и Шавкат Мирзиёев обсудили перспективы таджикско-узбекских отношений
05.1215:30Какова же реальная длина Великой Китайской стены?
05.1214:49Махмадали Ахмадов, предполагаемый организатор убийства семьи Гошта, предстанет перед судом присяжных
05.1214:46Можно я не умру, пока вы меня не похоронили?


Самое обсуждаемое

03.1209:12Эмомали Рахмону построят новые резиденции(1)
05.1211:34Таджикистан перейдет на 12-летнее образование в 2020 году(1)
05.1211:31Китайская энергетическая строительная корпорация заинтересована в сотрудничестве с Таджикистаном(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156231