Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

05.08.200811:12

Ба қонуни раъйпурсии кишвар илова ворид карда мешавад

             Душанбе, 5 август. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ муҳокима карда мешавад.

-Ҳадафи ворид намудани илова ба қонуни мазкур баланд бардоштани мавқеи ҳузури нозирони байналмилалӣ ва маҳаллӣ дар ҷараёни баргузории раъйпурсиҳо дар кишвар ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани он мебошад, - гуфт дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ Муҳибулло Додоҷонов.

Вай афзуд, ки ин қонун дар соли 1995 қабул карда шуда, соли 2001 ба он тағйирот дароварда шуд.Ба қонуни мазкур бори дуюм иловаҳо ворид карда мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки дар Тоҷикистон дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ду маротиба раъйпурсӣ гузаронида шуда буд. Раъйпурсии аввалба масъалаи боқӣ мондан ё намондани Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ ва раъйпурсии дуюм тағйир додани номи шаҳри Ленинобод ба шаҳри Хуҷанд дахл дошт. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бошаддар кишварамон се маротиба раъйпурсӣ гузаронида шудааст- соли 1994 дар бораи қабули Сарқонуни Тоҷикистон ва солҳои 1999 ва 2003 дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни мамлакат.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

25.0519:34Четверть века вместе: в Москве обсудили приоритеты работы ОДКБ
25.0517:36Праздник от Юлдуз Усмановой. Как прошел концерт в Душанбе
25.0517:01Акрамзода: Возможно, будут запущены сразу три агрегата Рогунской ГЭС
25.0515:30У задержанных в Москве членов ИГ обнаружена лаборатория по производству взрывчатки
25.0514:31«Хаттаб» передал трем жителям Пянджа около 20 кг наркотиков


Самое обсуждаемое

24.0520:06Крепкие рукопожатия: Трамп и Рахмон померились силами(1)
25.0507:39Таджикистан презентовал в Пекине свою национальную стратегию развития до 2030 года(1)
25.0518:48Мой последний 95-ый(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312517