Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

05.08.200810:11

Иштироки Сарвари давлат дар маросими ба истифодадиҳии биноҳои нав дар шаҳри Ваҳдат

Ваҳдат, 5 август. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ваҳдат дар маросими ба истифода додани биноҳои нав, аз ҷумла маркази савдои «Ёқут» воқеъ дар маркази шаҳр, бинои нави «Кошонаи ҳусн», мағозаи фурӯши китоб ва толори хониши «Анис» иштирок намуд.

Дар маркази савдои «Ёқут», ки аз се ошёна иборат аст, асосан асбобу анҷоми рӯзгор ва либос фурӯхта мешавад. Сарвари давлат дар мулоқот бо кормандони маркази мазкур супориш дод, ки вобаста ба талаботи аҳолӣ дар марказ фурӯши молҳои хушсифати арзонро ба роҳ монанд.

Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон сипас зимни иштирок дар маросими ба истифода додани мағозаи фурӯши китоб, толори хониши «Анис» ва «Кошонаи ҳусн» баҳри ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба мутолиаи китоб ва хизматрасонии хуби замонавӣ ба аҳолӣ ба кормандони онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Биноҳои мазкур бо маблағи соҳибкорони маҳаллӣ сохта, шаҳодат медиҳанд, ки сокинони минтақа ба ободу зебогардонии диёри худ таваҷҷӯҳи хоса медиҳанд.

Сарвари давлат пас аз иштирок дар маросими ба истифодадиҳии биноҳои нав аз корхонаи мурғпарварии шаҳри Ваҳдат дидан намуд. Дар ин ҷо ба Президенти кишвар иттилоъ доданд, ки дар корхонаи мазкур 45 ҳазор сарн мурғ парвариш карда, дар ҳар шабонарӯз 35 ҳазор дона тухм мегиранд. Инчунин онҳо нақша доранд, ки дар оянда истеҳсоли гӯшти мурғро низ ба роҳ монанд. Эмомалӣ Раҳмон баҳри татбиқи нақшаҳои онҳо ба масъулин дастуру супориш дод.

Боздиди кории Сарвари давлат аз ноҳияи Ваҳдат идома дорад.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

06.1208:12«Запасного аэродрома» не будет. О запрете на двойное гражданство
06.1206:54«Песни Абдула»: таджикский мигрант глазами российского режиссера
05.1220:22Чего ожидает Душанбе от нового лидера Узбекистана?
05.1219:14Путин озадачил правительство законом об адаптации мигрантов(1)
05.1216:04Заветная мечта паренька из глубинки. ВИДЕО


Самое обсуждаемое

05.1211:34Таджикистан перейдет на 12-летнее образование в 2020 году(3)
05.1219:14Путин озадачил правительство законом об адаптации мигрантов(1)
05.1211:31Китайская энергетическая строительная корпорация заинтересована в сотрудничестве с Таджикистаном(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00