Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

05.08.200816:11

Маснуоти заргарии тамғазаданашуда ба миқдори махсусан калон мусодира гардид

Душанбе, 5 август.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Кормандони Сарраёсати мубориза бо коррупсия ва ҷиноятҳои иқтисодии характери коррупсионидоштаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ бегоҳии 31 июли соли равон дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе тахминан соати 18 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонгул Ҳаитова ва шаҳрванди Ҷумҳурии Туркия Айдин Хакамро дар вақти хариду фурӯши миқдори зиёди маснуоти тилловорӣ дастгир намудаанд.

Номбурдагон хилофи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда, мехостанд, 11 номгӯй (24 адад) асбобу анҷоми ороишии тилловории тамғазаданашударо ба маблағи 7 ҳазор доллари америкоӣ ба шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон фурӯшанд.

Кормандони агенти онҳоро баъди фурӯхтани маснуот дар ҷойи ҷиноят дастгир карданд.

Бояд иброз дошт, ки ин миқдор ҷавоҳирот аз Ҷумҳурии Туркия ба воситаи шаҳрванди ин давлат Айдин Хакам, ки муддати чанд сол аст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қурбонгул Ҳайитова бе ақди никоҳ ҳамчун зану шавҳар зиндагӣ мекунанд, бе расмияти гумрукӣ ва бе тамғаи иёргирӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст.

Аз хонаи истиқоматии онҳо 4 килограмму 454 грам маснуоти заргарӣ ва 427 ҳазор доллари амрикоӣ ёфта гирифта шуд.

Акнун нисбати шаҳрванди Ҷумҳурии Туркия Айдин Хакам ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонгул Ҳаитова парвандаи ҷиноӣ кушоданд, худи онҳо ба ҳабс гирифта, тафтиши пешакӣ идома дорад.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

19.1017:50Как устроились продавцы рынка «Шохмансур»?
19.1016:38С транспортом в столице становится все хуже…
19.1016:23Рахмонзода: «Останки были перезахоронены с согласия родных». ВИДЕО
19.1015:20С «синими» загранпаспортами с продленным сроком уже нельзя выехать в ряд стран(1)
19.1014:56Конфликт между студентами госмедуниверситета завершился убийством


Самое обсуждаемое

18.1017:05В Худжанде известного кардиохирурга обвиняют в связях с салафитами(2)
18.1016:00В Китае представлен “гигантский рис” высотой в два метра(1)
18.1014:40В Таджикистане поставили на учет всех геев и лесбиянок(1)
19.1009:38В Согде жестоко убита супружеская чета предпринимателей(1)
19.1009:06Количество задержек вылетов в аэропорту Душанбе увеличилось на 28,5%(1)
19.1007:08Декан факультета одного из вузов Таджикистана задержан при получении взятки(1)
18.1017:19Внуки Джаббора Расулова намерены подать в суд на мэрию Душанбе(1)
19.1015:20С «синими» загранпаспортами с продленным сроком уже нельзя выехать в ряд стран(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156263