Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

05.08.200816:11

Мудири маслиҳатхонаи ҳуқуқии шаҳри Хуҷанд ҳангоми гирифтани пора дастгир шуд

Душанбе, 5 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мудири маслиҳатхонаи ҳуқуқии №1 шаҳри Хуҷанд Насриддин Исомиддиновро бо ҷурми гирифтани пора дастгир намуданд.

Аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Исомидинов ҳангоми иҷрои вазифа аз он истифода карда, ба ҷинояти вазнин, яъне гирифтани пора ба маблағи махсусан калон аз шахси мансабдор даст задааст. Н. Исомиддинов худаш корманди соҳаи ҳуқуқ буда, ҷинояти вазнин содир намуд. Ӯ барои кам кардани мӯҳлати ҷазои фарзанди шаҳрванд «И», ки бо қарори суди шаҳри Қайроққум бо моддаи 237, қисми 3 дар ҳолати барраси дар мурофиаи судӣ қарор дошт, маблағи 3 ҳазор доллари амрикоиро аз ӯ талаб намудааст.

Вале Исомиддинов дар асл мӯҳлати ҷазои ҷинояти шахси маҳкумшавандаро кам карда натавониста, ба падараш ваъда додааст, ки мӯҳлати ҷазои фарзанди ӯро бо роҳи навиштани аризаи шикоятӣ ба коллегияи Суди вилояти Суғд аз 5 то 2 солу 6 моҳкам менамояд.

Сипас, ӯ бо мақсади фиреб додани зарардида ва ба даст овардани боварии шаҳрванд «И» аз номи ӯ аризаи шикоятӣ навишта ба коллегияи судии Суди вилояти Суғд медиҳад ва огоҳ мекунад, ки пулро пагоҳ омада мегирад. Дар ҳамин ҳолат падари маҳкумшуда фиреби ҳимоячии фарзандашро дарк карда, фавран ба Раёсати агентӣ дар вилояти Суғд муроҷиат менамояд.

Ҳамин тариқ, рӯзи дигар адвокат Н. Исомиддинов ба хонаи шаҳрванд «И» омада маблағи 3 ҳазор долларро аз ӯ талаб карда мегирад ва баъди гирифтани маблағи мазкур ҳангоми аз хона баромадан дар саҳни бинои баландошёна аз ҷониби кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд дастгир карда мешавад. Маблағи ба сифати пора гирифта аз киссаи пеши ӯ дарёфт карда гирифта шуд. Дар аввал ҳангоми рубарукунӣ бо падари маҳкумшада, Исомиддинов ба гуноҳи худ иқрор нашуда, гуфт, ки ин маблағро барои фурӯхтани мошин аз ӯ гирифтааст, вале баъди пешниҳоди далелҳои шайъӣ, яъне сабтҳои махфии аудио ва видиоӣИсомиддинов пурра ба гуноҳи худ иқрор мешавад.

Нисбати Насриддин Исомиддинов парвандаи ҷиноӣ кушода, гуноҳаш пурра исбот карда шуд. Акнун суди вилояти Суғд ба ҷиноятӣ ӯ баҳои қонунӣ хоҳад дод.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

08.1214:02МВД опубликовало фото причастных к взятию заложника в Турсунзаде
08.1213:09Президент Узбекистана: Не народ должен служить госорганам, а госорганы — народу
08.1212:33Опрос: много ли соседи по СНГ знают друг о друге?
08.1211:34Жителей Душанбе будут штрафовать за использование газовых баллонов
08.1211:14Президент принял участие в сдаче второй очереди Душанбинской ТЭЦ-2


Самое обсуждаемое

07.1207:59Власти Таджикистана планируют в два раза сократить уровень бедности(6)
05.1211:34Таджикистан перейдет на 12-летнее образование в 2020 году(6)
07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию(1)
07.1216:01Как Душанбе сделать туристической столицей? Голосуйте!(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00