Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

05.08.200817:11

Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат

Имрўз субҳи барвақт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри шиносоӣ бо истифодабарии заминҳои корами обӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳамчунин бо рафти корҳои ободонию созандагӣ ба шаҳри Ваҳдат сафар кард.

Истифодабарии пурсамари заминҳои корами обӣ, рўёндани ду ва зиёда ҳосил аз ҳар як қитъаи он ва фаровон гардондани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти худии кишоварзӣ имрўз таҳти назорати доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Яке аз ҳадафҳои асосии сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат шиносоӣ бо натиҷаҳои назаррас ва таҷрибаи хуби деҳқонони заҳматкаши он ва ҳамчунин ба дигарон нишон додани ин дастовардҳо аст. Дар воқеъ аҳли заҳмати хоҷагиҳои шаҳри Ваҳдат то имрўз дар 5 ҳазор гектар замин кишти такрорӣ гузаронда, аз рўйи нишондодҳои истеҳсолии худ дар сафи пеши ҷумҳурӣқарор гирифтаанд.

Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат бо боздид аз заминҳои хоҷагии деҳқонии Саидраҳмон оғоз ёфт.

Зимни гуфтугў маълум шуд, ки хоҷагии деҳқонии Саидраҳмон дар ихтиёри худ ҳамагӣ 1 гектар замин дошта, заҳматкашони он аз ҳар қитъаи он то чор панҷ ҳосил ба даст меоранд.

Ба гуфти раиси хоҷагӣ дар заминҳои он 6 нафар аъзои як оила - бародарон бо модарашон кор мекунанд ва ягон каси онҳо ҳеҷ гоҳ ба муҳоҷирати меҳнатӣ нарафтаанд. Пиру барнои як хонадон дар ин ҷо пурмаҳсул меҳнат намуда, эҳтиёҷоти худро пурра аз ҳамин ҷо қонеъ мекунанд. Соли гузашта онҳо танҳо азмасоҳати50 садяк помидор 12-13 ҳазор сомонӣ фоидаи соф ба даст овардаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо нашъунамои кишти чоруми бодирингро мушоҳида намуда, ба деҳқонони асили хочагӣ аҳсант хонд.

Дар паҳлўи ҳамин хоҷагӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз нашъунамои пахтаи навъи Ирами хоҷагии деҳқонии Баҳордидан кард.

Зимни сўҳбат зикр гардид, ки хоҷагӣ дар ихтиёри худ 600 гектар замин дорад ва шуғли асосии аъзои он пахтакорӣ, сабзавоткорӣ ва парвариши зироатҳои полезӣ, лўбиёгӣ ва хўроки чорво аст.

Нашъунамоипахта дар заминҳои ин хоҷагӣ мувофиқи матлаб аст. Чунин натиҷа тавассути риояи қоидаҳои агротехникӣ дар парвариши он ва меҳнати софдилона муяссар гаштааст. Ба гуфти роҳбарият ва аҳли хоҷагӣ дар давоми 20 соли охир дар ин заминҳо чунин пахта нарўида буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари хоҷагӣ дастур дод, ки баҳри боз ҳам баланд намудани нишондодҳои истеҳсолӣ,пеш аз ҳама,маоши аъзои худро зиёд намуда, ҳарчи бештар ба онҳо ғамхорӣ зоҳир намояд.

Баъди боздид аз ин заминҳо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз боғи навбунёди Ориёно дидан кард. Боғи мазкур болотар аз деҳаи Чиртак дар қисмати шарқии шаҳри Ваҳдат дар 20 гектар заминҳои таллу теппа соли 2006-ум қомат афрохта буд.

Чунонки аз баландии ин таллу теппаҳо аён шуд, аҳли заҳмати хоҷагиҳои шаҳри Ваҳдат дар пайравӣ ба ҳидоятҳои ғамхоронаи Раҳбари давлат ягон ваҷаб замини киштбоби обиро холӣ намонда, азм доранд аз ҳамаи онҳо ду ва зиёда ҳосил ба даст биёранд.

Ба самараи меҳнати аъзои хоҷагии Аввалмурод Кенҷаев, ки сарварии онро деҳқони соҳитаҷриба Муродалӣ Маҳмадалиев бар ўҳда дорад, баҳои баланд дода шуд.

Дар 3 гектари боғи навбунёди хоҷагӣ токзор ва дар 17 гектари дигар дарахтҳои мевадиҳандаи себ, нок, хурмо, зардолу, шафтолу, олу, гелос, олуча, биҳӣ ва ғайра шинонда шудааст. Заминҳои боғ бо обкашҳои барқӣ обёрӣ мешаванд вадар байни қаторҳои он зироатҳои полезии каду ва тарбўзу харбўза кишт карда шудааст, ки нишонаи истифодабарии пурсамари замин аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рафти кишти такрорӣ ва истифодаи пурсамари заминҳоро дар хоҷагиҳои деҳаҳои Меҳробод, Ҳайдаробод, Даҳана, Деҳқонобод, Муллодавлат, Ҷарбошӣ, Ҷомӣ ҳамчунин аз наздик мушоҳида намуд.

Чунонки маълум шуд, дар хоҷагии деҳқонии Гулистон аҳли заҳмати он аз заминҳои ғалла ба ҳисоби миёна 31 сентнерӣ гандум гирифта, дар 220 гектар кишти такрорӣ гузарондаанд.

Дар ин ва бисёр хоҷагиҳои дигари шаҳри Ваҳдат кишти шолӣ низ ба яке аз анъанаҳои зироаткорӣ табдил ёфтааст. Шолипарварони он бо назардошти болоравии нархи биринҷ дар бозори ҷаҳонӣ ва ҳам дохили кишвар аз самараи меҳнати худ фоидаи хуб ба даст оварданианд.

Дар маркази шаҳри Ваҳдат бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти навбунёд дар фазои тантанавӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст лентаи рамзиро бурида, бинои сеошёнаи маркази савдои «Ғуломҷон»-ро расман ба кор даровард.

Зимни шиносоӣ бо марказ маълум шуд, ки он аз ҷониби соҳибкорони инфиродии соҳаи сохтмон бародарон Ғуломовҳо бунёд ёфтааст. Ба гуфти роҳбари онҳо Гадоалӣ Ғуломов онҳо баъди сохтмони иншооти зиёди иҷтимоӣ дар шаҳрҳои гуногуни Русия имрўз як бинои хуштарҳу замонавӣ дар ватани худ бунёд намуда, ба орзўи деринаашон ҷомаи амал пўшондаанд ва ният доранд, ки бо даст додани имкон минбаъд низ дар корҳои ободонию созандагии Тоҷикистон иштирок кунанд.

Маркази савдои «Ғуломҷон» имрўз ба ихтиёри ширкати Ёқут-2000 вогузор гаштааст. Аз ҷониби ширкати мазкур дар ошёнаи якуми он толори мебел, дар қабати дуюм мағозаҳои либос ва дар сеюмаш қаҳвахона ҷойгир карда шудааст. Мутобиқи нақша дар ин ҷо аз 40 то 60 нафар бо кор таъмин мегарданд.

Дар рў ба рўи ин бино, ки дар кўчаи Ватани шаҳри Ваҳдат қарор дорад, фурўшгоҳи китоб бо дуою ҳидоятҳои неки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дари худро ба рўйи хонандагону дўстдорони илму фарҳанг ва аҳли мактабу маориф боз намуд.

Ин бино аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якумаш фурўшгоҳи китобҳои дарсию бадеӣ ва асбобу анҷоми мактабӣ ҷойгир шудааст ва дар қабати дуюмаш толори хониш.

Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои хуштарҳи Кошонаи ҳусн расман ба кор дароварда шуд, ки дар он барои 35 нафар ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегардад.

Зимни шиносоӣ маълум шуд, ки бино аз толорҳои ороишии занона ва мардона, толори кирояи либосҳои тўёна барои арўсу домод ва толори омўзиши компютер иборат аст.

Дар ҳамин кўча Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин шоҳиди намоиши ҳунарҳои зебои даспарварони Маркази эҷодии кўдакон ва наврасон гашт. Маълум шуд, ки дар ин марказ 1700 нафар кўдакону наврасон дар вақтҳои холигии худ ба омўзиши ҳунарҳои зебои мардумӣ, аз қабили гулдўзӣ, заргарӣ, рассомӣ ва корҳои дигари ороишӣмашғул мешаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз кори онҳо изҳори хушнудӣ намуда, таъкид дошт, ки ин иқдом арзандаи дастгириидавлатӣ ва намунаи ибрат барои дигарон аст.

Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Абдулло Абдулвосиев аз заминҳои хоҷагии деҳқонии Толиб дидан кард.

Чунонки аён шуд, меҳнати деҳқонони ин хоҷагӣ метавонад барои дигарон намунаи ибрату пайравӣ бошад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси шаҳри Ваҳдат дастур дод, ки ба чунин деҳқонони заҳматкашу соҳибзавқ замин бештар дода шавад. Айни ҳол хоҷагӣ 1,5 гектар замин дорад, ки аз он 5-6 оилаи як хонавода барои худ ризқу рўзӣ мерўёнанд ва маҳсулоти зиёд ҳамчунин ба бозор мебароранд.

Чунонки маълум шуд ҳамаи фарзандони ин хонавода аз ҷумла 4 ҷавонмарди оиладор дар ҳамин замин кор мекунанд ва ягон нафари онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ намераванд.

Ҳамин гуна ҳолат ё худ ба кори деҳқонӣ машғул будани ҷавонмардон дар хоҷагии деҳқонии Пирмаҳмад ба мушоҳида расид, ки аъзояш аз заминҳои обӣ пурсамар истифода бурда, фоидаи баланд ба даст меоранд.

Истеҳсолкунандагони неъматҳои моддии хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоати деҳоти Абдулло Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат дар паҳлўи шоҳроҳи Файзобод-Ваҳдат-Душанбе бо номи «Ганҷи замин» як бозори мавсимӣ ташкил намудаанд, ки ҳар як роҳгузари хоҳишманд ва тоҷирону харидорони яклухтӣ метавонанд аз ин ҷо маҳсулоти тару тоза дастрас кунанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти таҷрибаи хуби сабзавоткорию боғдории деҳқонони шаҳри Ваҳдат ба масъулини дахлдори сатҳи Ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти худ шаҳр дастур дод, ки баҳри дар ин ҷо бунёд намудани корхонаҳои хурди коркарди саноатии меваю сабзавот низ чораҳои зарурӣ андешанд.

Деҳқонон ҳосили фаровони бадастомадаро натиҷаи ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи кишоварзӣ арзёбӣ намуда, ба натиҷаҳои ташрифи имрўза ва умуман сиёсати раиятпарваронаи ў умедҳои зиёд мебанданд.

Аз ин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҶСШК – и «Мурғпарвари Наврўз»-и ҷамоати деҳоти Баҳор омад.

Зимни шиносоӣ зикр гардид, ки ин корхона аз соли 1971 то 1992 пурсамар фаъолият намуда, дар солҳои муноқишаҳои дохилӣ ва баъд аз он қариб аз кор боз монда буд. Барқарорсозии он бо супоришу пофишориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2006 – ум оғоз ёфт ва имрўз дар 6 мурғхонаи он баъди таъмиру таҷдид 45 ҳазор мурғи тухмдеҳ парвариш меёбад. Аз ин корхона ҳар рўз аз 32 то 36 ҳазор дона тухм ба бозори дохили кишвар пешниҳод мегардад.

Айни ҳол дар ин корхона 26 нафар кор мекунанд ва маоши миёнаашон 300 сомониро ташкил медиҳад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки то охири соли оянда саршумори мурғи тухмдеҳ ба 200 ҳазор расонда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мужда расонд, ки рўзҳои наздик баҳри дастгирии бештари давлатии соҳаи парандапарварӣ воридоти хўроки паранда аз хориҷи кишвар аз андоз озод карда мешавад.

Ба мурғпарварон дастур дода шуд, ки чўҷабарорӣ ва парвариши мурғи гўштиро низ ҳарчи зудтар барқарор созанд. Ҳамчунин роҳбарияти Агроинвестбонк вазифадор карда шуд, ки онҳоро бо қарзҳои имтиёзноки бонкӣ таъмин намояд.

Роҳбарияти шаҳри Ваҳдат ҳамчунин дастур гирифт, ки барои таъмин намудани парандапарварон бо замини кофӣ ва заминаи истеҳсоли хўроки мурғ чораандешӣ кунанд.

Сўҳбатҳои хеле ҷолибу дилнишин байни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва деҳқонони соҳибтаҷриба дар боғи себи хоҷагии деҳқонии ҳоҷӣ Зайниддин дар деҳаи Лиҷак сурат гирифт.

Чунонки аён шуд, боғдорон чунон ҳосили фаровон рўёндаанд, ки навдаҳои ниҳолҳои себ аз вазнинӣ сар ба замин овардаанд. Онҳо танҳо хоҳиши онро доранд, ки моҳи сентябр –дар вақти пўхта расидани себ тоҷирону харидорони яклухтӣ ҳосили рўёндаионҳоро харидорӣ кунанд.

Ба андешаи онҳо ин ҳама фаровонӣ аз файзи сиёсати мусоиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи кишоварзӣ ва хусусан боғдорию зироаткорӣ аст.

Боғдорон себҳои аз вазнинии шохаҳо рехтаро аз замин чинда, пора карда, хушк мекунанд, то ҳосили бо арақи ҷабин рўёндаашон зоеъ нагардад. Ин ҳамчунин ба фоидаи ҷомеааст, зеро меваи хушк чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар харидорони зиёд дорад.

Умуман ҳамаи хоҷагиҳои шаҳри Ваҳдат дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пурсамар меҳнат намуда, дар таъмини рўзгори осудаи худ ва фаровонии бозори кишвар саҳми намоён мегузоранд.

Натиҷаҳои меҳнати пурфайзи деҳқонони шаҳри Ваҳдат ва ҳам нишондодҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи он зимни машварати кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарият ва фаъолони шаҳри Ваҳдат дар истироҳатгоҳи Академияи улуми Тоҷикистон воқеъ дар дараи хушманзараи Ромит баррасӣ шуд.

Қабл азоғози машварат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии хоҷагиҳои шаҳри Ваҳдатро аз назар гузаронда, ба роҳбарияти онва дигар масъулинбаҳри боз ҳам беҳтар намудани нишондодҳои истеҳсолӣ дастуру ҳидоятҳо дод.

Барои иштирок дар машварати кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони шаҳри Ваҳдат ҳамчунин як қатор аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳои марбута, Академияи кишоварзӣ, бонкҳои саҳҳомӣ ва ҳамчунин барои таҷрибаомўзӣ намояндагони роҳбарияти дигар шаҳру ноҳияҳо даъват шуда буданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии муфассал ва саволу ҷавобҳо вазъи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Ваҳдатро мавриди таҳлили амиқ қарор дода, ба деҳқонони асили он барои пурсамар татбиқ намудани муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини амнияти озуқавории кишвар арзи сипос кард ва баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва идома додани корҳои ибратбахш дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

04.1215:34Узбекистан выбрал нового президента
04.1215:01День рождения Пророка: без помпезности и угощений
04.1212:14Жизнь в гараже. ВИДЕО
03.1216:40Душанбинских пекарей отправили в вынужденный отпуск
03.1215:16Ансори: Смертный приговор Бобака Занджани не отменен


Самое обсуждаемое

01.1214:11Атамбаев о ЕАЭС: вступаем в братский союз и встречаем старшего брата, который нам ножки подставляет(7)
02.1210:57Лидер Компартии Таджикистана верит председателю Нацбанка, но стоит в очереди за своим депозитом(3)
01.1209:43На реализацию новой Национальной стратегии развития Таджикистана необходимы $118,1 млрд.(3)
03.1210:32Когда у НПЗ "финансы поют романсы"...(1)
03.1209:12Эмомали Рахмону построят новые резиденции(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0150169