Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

06.08.200815:11

Ҳавои ғуборолуд ва оқибатҳои он

             Душанбе, 6 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҳавои кишварамон се рӯз боз ғуборолуд аст. Хабарнигори АМИТ «Ховар» сабабҳои инро аз сардори маркази пешгӯии вазъи ҳавои Агентии ҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зистиназди ҳукумати ҷумҳурӣ Ҷамила Байдуллоева пурсон шуд. Вай гуфт, ки сабаби асосии чунин вазъи ҳаво вазидани мавҷи ҳавои сард аз қисмати шимолу ғарби мамлакат, анҷом ёфтани фасли тобистон ва вазидани шамоли сахти гардолуд аз самти ҷануб ба шумор меравад. Чунин вазъи ҳаворо дар байни мардум боди афғон ном мебаранд. Дар ин давра ҳарорати ҳаво дар ҷумҳурӣ аз 4 то 7 дараҷа паст фаромад.

Чангу ғубор то баландии 2000 метр ҳаракат карда, ғафсии он аз 600 то 1000 метр аст.

Ба қавли духтурон, ҳавоиғуборолуд пеш аз ҳама ба саломатии онҳое, ки гирифтори бемориҳои роҳи нафас, сактаи дил ва фишори хун мебошанд, таъсири манфӣ мерасонад. Инчунин, таъсири чунин ҳавои ғуборолуд ба соҳаи кишоварзии мамлакат, хусусан нашъу нумӯи пахтаи навъи маҳиннах, бодому писта ва дигар меваҷоту сабзавот низ калон аст.

Ҷамила Байдуллоева гуфт, ки чунин вазъи ҳаво дар ҷумҳурӣто охири ҳафта боқӣ монда, баъдан ботадриҷ мӯътадил хоҳад гашт. Дар ин муддат ҳаво дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла, дар водиҳо 35-38 дараҷа, дар минтақаҳои кӯҳистон 26 -31 дараҷа ва дар Душанбе 36-37 дараҷа гарм мешавад.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

20.0216:01Прерванный полет: Ташкент отказался принять авиарейс из Душанбе
20.0215:09Пять граждан Таджикистана и Узбекистана погибли в ДТП под Саратовом
20.0215:04Кыргызский уголь потеснили с таджикского рынка
20.0214:48Компания IRS обнародовало имена своих сотрудников, погибших на автодороге Душанбе-Худжанд
20.0214:08Ташкент отказался принять авиарейс из Таджикистана


Самое обсуждаемое

16.0208:35Президент – Рустаму Эмомали: Будь ближе к народу, и народ тебя поддержит(4)
18.0213:50Вице-президент США заявил об ответственности России за войну в Донбассе(3)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:01.0941387